Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Гумонбари ҳамла ба генерали рус боздошт шудааст

Генерал Владимир Алексеев
Генерал Владимир Алексеев

Сохторҳои ҳифзи қонуни Русия як гумонбар дар ҳамла ба муовини раиси Сарраёсати ситоди кулли артиш генерал Владимир Алексеевро боздошт карданд. Дар ин бора чандин нашрияи маҳаллӣ, аз ҷумла, "Коммерсант", Baza ва "РЕН ТВ" бо такя ба манбаъҳои худ хабар додаанд.

"Коммерсант" рӯзи 7 феврал навишт, ки боздоштшударо ба бозпурсӣ бурда, 8 феврал қарор аст мурофиаи додгоҳӣ барои ҳабси ӯ барпо шавад. Парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи сӯиқасд ба куштор ва муомилаи ғайриқонунии силоҳ боз шудааст.

Телеграм-каналҳои Mash ва Baza мегӯянд, ки гумонбарро “аз шаҳри Дубай” меоранд. Ҳамроҳ бо ӯ як шарикаш ҳам боздошт шудааст. Ҳеҷ маълумоте дар бораи шахсияти гумонбар ва фармоишгарони эҳтимолии ӯ нашр намешавад.

Худи генерал, ба навиштаи телеграм-каналҳои хабарӣ, баъди ҳамлаи дирӯза аз амалиёти ҷарроҳӣ гузашта ба ҳуш омадааст. Сӯиқасд ба ҷони Алексеев сабҳи ҷумъа дар хонааш дар шаҳри Маскав сурат гирифт.

Дар хабар омадааст, ки ба сӯи генерал шахси ношиносе дар даромадгоҳи манзили истиқоматие дар минтақаи шимолу ғарби Маскав тир холӣ кардааст. Пойгоҳи Baza бо такя ба шоҳидон навишт, ки ҳамла субҳи 6 феврал дар зинапояи даромадгоҳи манзили истиқоматӣ ва лаҳзаҳое сурат гирифт, ки генерал аз дохили манзилаш берун мешуд.

Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои ҳифзи қонун навишт, ки ҳамла ба генерал тахминан соати 7-и субҳи ҷумъа, дар лаҳзаҳое рух дод, ки генерал мехост аз хонааш берун шуда ба кор биравад. Дар саҳни назди дари хонааш Алексеев бо шахси ношиносе рӯбарӯ шуд, ки худро чун ғизорасон вонамуд карда ба дохили даромадгоҳи бино ворид шудааст. Замоне, ки генерал хост силоҳро аз дасти ӯ бигирад, ҳамлагар оташ кушода дасту пои генералро захмӣ кард. Ӯро бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхона интиқол доданд ва ба иттилои нашрия, як тир ба узви муҳими бадани генерал расидааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт, ки президент Владимир Путин дар бораи ин ҳодиса гузоришҳоро саривақт дарёфт мекунад.

Дар солҳои охир дар натиҷаи ҳамлаҳои гуногун чандин раҳбари артиши Русия кушта шуданд, вале дар гузаштаҳо алайҳи ин мақомдорони ҳарбӣ асосан мавори таркандаро ба кор бурдаанд.

Дар Бритониё Алексеевро дар иштирок дар сӯиқасд ба ҷони Сергей Скрипал дар Солсбери гунаҳгор мекунанд. Инчунин ӯро яке аз раҳбарони ширкати нимаҳарбии «Вагнер» меноманд ва дар вақти ошӯби Евгений Пригожин дар моҳи июни соли 2023 ӯ ба унвонии ҷангиёни «Вагнер» муроҷиати видеоӣ сабт карда худаш ҳам шахсан бо Пригожин сӯҳбат кардааст.

Раҳбари бевоситаи Алексеев Игор Костюков дар музокираҳои миёни ИМА ва Украина ҳайати Русияро раҳбарӣ мекунад. Охирин даври ин музокираҳо дар шаҳри Абузаби барпо шуд.

XS
SM
MD
LG