Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна Чориева: "Сарпарастҳо ба ваъдаашон вафо накарданд"


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик дар ринг
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик дар ринг

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ дар соли 2012 дар Лондон мегӯяд, аз садҳо ваъдае, ки сарпарастон барои ӯ дода буданд, якеаш ҳам иҷро нашудааст.

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, иддао дорад, аз садҳо ваъдае, ки сарпарастон ё ширкатҳои Тоҷикистон то баргузории бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ба ӯ дода буданд, яке ҳам иҷро нашудааст. "Баъд аз бозгашти мо аз сабқат гӯё сарпарастон ваъдаҳои худро аз ёд бурданд ва хомӯшӣ ихтиёр кардаанд," -- мегӯяд ӯ.

Ин муштзани маъруф аз миёни шонздаҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи соли 2012 ягона медалро ба Тоҷикистон овард. Ӯ мегӯяд, ки он замон сарпарастҳо барои пуштибонӣ аз ӯ ва кумаку дастгирияш хеле зиёд буданд ва ҳатто баъзеашон пулу хона ва чандеи дигар мошин ваъда дода буданд.

"Ориёнбонк", "Талко" ва чанд ширкати дигар пеш аз Олимпиадаи Лондон-2012 гуфтанд, ки агар соҳиби медал шавед, мошин медиҳем, маблағ медиҳем. Лекин то имрӯз ин чизҳо нашуд. Ман бо "Талко" шартнома доштам барои ҷоизадор шудан дар бозиҳои Осиёву ҷаҳон. Мувофиқи ин шартнома пас аз мусобиқаҳо ва ба даст овардани медал "Талко" бояд ба мо мукофотпулӣ медод. Ягонтои ин иҷро нашуд," -- афзуд Мавзуна Чориева.

Мавзуна Чориева: "Сарпарастон ба ваъда вафо накарданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Ин дар ҳолест, ки баъди бозгашти Мавзуна аз олимпиадаи Лондон мақомот эълон карданд, ки раисиҷумҳур ӯро бо ордени "Шараф" ва 200 000 сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонда, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ додаанд. Ва барои дастовардҳои бузургаш шаҳрдории Душанбе низ манзили сеутоқа тақдим карда, шаҳрдории Кӯлоб барои зодаи ин шаҳр Мавзуна Чориева як манзили панҷҳуҷрагӣ додааст. Вале намояндагони "Ориёнбонк" ва "Талко" дар ин бора изҳори назар накарданд.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010 аст. Ӯ мегӯяд, ки соҳаи бокс бе сармоягузории собит рушд намекунад ва барои ба воя расидани як варзишгари хуби касбӣ таъминоти хуби молӣ зарур аст.

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки Мавзуна баъд аз иштирок дар олимпиадаи се соли пеш миллионер шудааст. Аммо ӯ мегӯяд зиндагии хеле хоксорна дорад ва мисли мардуми маъмулӣ аз нақлиёти умумӣ истифода мекунад. "Вақте маро дар маршрутка мебинанд, бисёриҳо мегӯянд, ки миллионер ҳастам ва чаро мошин надорам? Фикр мекунанд, ба ман мошин ваъда доданду онро ман гирифтаам. Ё вақте ба хонаи ман омада, аз ман баъзе чизҳоро талаб мекунанд, надорам гӯям, бовар намекунанд. Зиндагиямро дида баъд ҳайрон мешаванд,” -- нақл кард ӯ.

Мавзуна имрӯзҳо талош дорад вазъи саломатиашро хуб кунад. Дасти ӯ дар яке аз сабқатҳо зарб хӯрда буд ва ӯ чанде пеш дасташро дар Чин ҷарроҳӣ кард.

Мавзунаро дар пеш ду набарди ҷиддӣ интизор аст. Ҳафтаи оянда ӯ барои иштирок дар сабқати Ҷоми ҷаҳон ба Русия меравад. Муҳимтар аз ин, омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Рио Де Жанейро-2016 аст, ки Мавзуна барои иштирок дар он бояд ҳам худ омода шавад ва ҳам духтаронеро омода кунад, ки барои ин сабқат роҳхат бигиранд.

XS
SM
MD
LG