Медали тилоро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило соҳиб шуд. Эмомалӣ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Муғулистон Унурбат Ҷантсандоржро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин марҳила Эмомалӣ бар намояндаи мизбон Хуэ Зиянг ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ бар ҳамватани худ Обид Ҷебов дастболо шуда, соҳиби медали тило гашт. Ҷебов ба гирифтани медали нуқра ноил гардид. Обид дар роҳ ба финал Ри Кум Сонгро аз Кореяи Шимолӣ, Зардии Казирбекро аз Муғулистон ва Kим Чаннйонгро аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб кард.
Ин аввалин медали тило дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз Комроншоҳи Устопириён, ки ду бор дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дар вазни то 90 кило ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст, дуюмин шуда аз Тоҷикистон дар ин риштаи олимпии варзиш медали тило ба даст овард.
Мадина Қурбонзода дар сабқати занон дар вазни то 52 кило барои медали биринҷӣ бар Шук Ки Тсул аз Ҳонконг пирӯз шуд. Ин беҳтарин натиҷа миёни бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад.
Аммо дар рӯзи аввали мусобиқа – 16-уми апрел – ду паҳлавони дигари тоҷик – Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило - ноком шуда, аз медал бенасиб монданд.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Чин 197 варзишгар (108 мард ва 89 зан) аз 19 кишвари қора номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохиланд. Дар ду рӯзи дигари мусобиқа боз 6 нафар дар байни мардон - Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва ду нафар миёни занон - Александра Кан (-57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) – ба рақобат мепардозанд.
Барномаи мусобиқа:
17-уми апрел (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
18-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Пас аз натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Муғулистон бо ду медали тило ва як биринҷӣ дар мақоми аввал аст.
Тоҷикистон бо як медали тило, як нуқра ва як биринҷӣ мақоми дуюмро касб намудааст. Мунтахаби Баҳрайн бо як медали тило дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) гирифтанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни - 66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Гуфтугӯ