Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зебоии зан кофист, ки мардон "ҳамла" кунанд" ВИДЕО


Самира номи мустаори занест, ки мегӯяд, аз тарафи ҳамкорони мард дар ҷойи кораш борҳо ҳадафи озори ҷинсӣ қарор гирифт. Ӯ мегӯяд, на танҳо раҳбар ва ҳамкорон, балки нозироне, ки барои санҷиши муассисаи онҳо меомаданд, ба ӯ ҳарисона менигаристанд ва пешниҳоди номатлуб мекарданд.

Аз беобрӯ шудан метарсанд. Вақте кор аз кор гузашт, маҷбур мешаванд, ки ҷое муроҷиат кунанд

Ҳамсари Самира, ки аз ин мавридҳо огоҳ буд, ба ӯ гуфт, корро бас кунад. Вале ин ҳарду нахостанд қазияи дастдарозиро дар додгоҳ ба чолиш бикашанд. ​"Пешниҳодҳои номуносиб мекарданд, масалан, мегуфтанд, ки "ягон ҷо рафта шинем" ва ҳатто бештар аз инро", - мегӯяд Самира.

Гузориши видеоиро тамошо кунед:

"Зебо будани зан кофист, ки мардон "ҳамла" кунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҷомеашиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон озори ҷинсӣ ва дастдарозӣ ба домани занҳои бегона зуҳуроти нав нест. Аммо маъмулан дар ин ҳолатҳо худи занҳоро гунаҳкор мекунанд. Мегӯянд, ин занҳо ҳастанд, ки мардҳоро ба дастдарозӣ таҳрик медиҳанд.

Масалан, либоси бозтар мепӯшанд, худро ороиш медиҳанд. Баъзан танҳо зебо будани зан кофӣ аст, ки ӯ ҳадафи хоҳишҳои шаҳвонии мардҳои ҳамкораш қарор бигирад.

Лаҳзае аз суҳбати Самира бо хабарнигори "Настоящее время" Анӯшервон Орипов
Лаҳзае аз суҳбати Самира бо хабарнигори "Настоящее время" Анӯшервон Орипов

Ҷомеа мардҳоро барои нигоҳҳои шаҳвонӣ ба занҳо ва дастдарозии ҷинсӣ маҳкум намекунад. Ин ҳолат занҳоро маҷбур мекунад, ки таҳқирро хомӯшона фурӯ баранд ва озордиҳандаро ба додгоҳ накашанд.

Фарзона Шарифзода, равоншиноси маркази "Боварӣ ба фардо" дар назди Кумитаи занони Тоҷикистон, мегӯяд, заноне, ки озор мебинанд, аксаран хомӯширо ихтиёр мекунанд ва намехоҳанд, ҳодисаи ба сарашон омада ба дигарон ошкор шавад. "Чун аз беобрӯ шудан метарсанд. Вақте кор аз кор гузашт, маҷбур мешаванд, ки ҷое муроҷиат кунанд", - афзуд ӯ.

Занони тоҷик на танҳо дастдарозирии мардонро таҳаммул мекунанд, балки агар таҷовуз ҳам шаванд, дар баъзан ҳолат ин ҷиноятро пинҳон медоранд. Ҳамин сол танҳо 5 зан аз таҷовуз шуданашон ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шикоят кардаанд. Ҳарчанд гуфта мешавад, теъдоди қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ бамаротиб бештар аст. Вале ҳифзи обрӯи хонавода ва кору даромад занҳоро аз мубориза бозмедорад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Хакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ, мизони баланди бекорӣ ва вазъи иқтисодии Тоҷикистонро, ки имкони ками корёбиро барои занҳо фароҳам кардааст, аз сабабҳои беҷуръатии онҳо медонад. Ӯ гуфт, мавридҳои дастдарозӣ маъмулан дар матбуот нашр мешавад ва ба фаъолияти минбаъдаи зан дар идораи дигар таъсир мегузорад.

Ҳуқуқшиносон ба заноне, ки мавриди дастдарозиии мардҳо қарор гирифтаанд, машварат медиҳанд, ки хомӯш набошанд, баръакс, барои ҳифзи обрӯ ва ҳуқуқи худ озордиҳандаро то ба додгоҳ бибаранад ва барои қурбониҳои дигар намуна шаванд.

XS
SM
MD
LG