Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАНСМИТ: Ҳукми Мирсаидов талоши тарс додани журналистон аст


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, баёнияи рӯзи 13 июли Додситонии кулл дар мавриди ҳукми додгоҳии Хайрулло Мирсаидов талоши "тарс додани ҷомеаи журналистон буда, ҳуқуқи шаҳрвандону журналистонро ба озодии баён маҳдуд мекунад".

Нуриддин Қаршибоев рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, “моддаҳои Конуститутсияи Тоҷикистон озодии баёнро ба ҳар шаҳрванд бо истифода аз васоити ахбори омма кафолат додааст ва ҳамаи он баҳсҳое, ки дар расонаҳо ба нашр расидааст, таъмини волоияти қонун аст. Ва ҷанобон прокурорҳо ба тақиқи қазия бояд диққат медоданд, на ин ки ба тарс додани мардум”.

Ваъдаи додситонии кулл мавриди истиқболи бархе ҳуқуқшиносону фаъолон шуд. Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шояд баъди "омӯзиши навбатӣ" як тағйироте дар парвандаи Мирсаидов ба амал ояд.

Ҷаноби Қаршибоев, дар як изҳороти қаблиаш ҳукми 12 соли зиндони Мирсаидовро "сангин" ва "дорои ангезаҳои сиёсӣ" гуфта буд, мӯътақид аст, ки дар ҳукми журналист "шубҳаву суолҳои зиёде боқӣ мемонад".

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 июл бо пахши изҳороте гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабте надошта ва ба "азхуд намудани маблағҳо ва сохтакории санадҳо, рабт мегирад". Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон, ки рӯзи 13-уми июл ба нашр расид, интиқоди расонаҳо аз ҳукми додгоҳро "халалдор сохтани адолати судӣ" тавсиф намудааст.

Тасмими додгоҳи Хуҷанд аз 11 июл, ки Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард, боиси интиқодҳои шадид дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон шуд.

Шубҳаҳои НАНСМИТ

Нуриддин Қаршибоев дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ, аз ҷумла, дар заминаи дурустии таҳқиқ ва ҳукми содиршудаи журналист ва раҳбари КВН Хайрулло Мирсаидов шубҳаҳои худро баён кард. Вай гуфт, ки "аз ибтидо, вақте ки аз ҷониби НАНСМИТ ба раёсати молияи вилояти Суғд нома фиристода хоҳиш шуд, ки дар бораи миқдори маблағи ба КВН ҷудошуда посух диҳанд, ҷавоб доданд, ки аз буҷа ба КВН мустақим ҳеҷ маблағе интиқол надоданд.

Ва дар суратҳисоби Мирсаидов маблағе, ки дар додгоҳ зикр шудааст, ба ин андоза ворид нашудааст. Дуввум, вақте ки мо ба Раёсати ҷавонони вилоят нома ирсол кардем ва хоҳиш намудем, ки дар бораи истифодаи маблағҳо маълумоти пурра диҳанд, ки дар кадом ҳолатҳо истифода шудаанд, номаи мо беҷавоб монд”.

НАНСМИТ мегӯяд, дар моҳи декабри соли 2017, дуруст баъди боздошти Мирсаидов як нома ба Раёсати молияи вилоят ва ду нома ба Раёсати ҷавонон навишта посухи суолу нигарониҳои худро талаб карданд.

Додситонии кулл: парванда мавриди омӯзиш қарор мегирад

Додситонии кулл дар изҳороти худ мегӯяд, ки Мирсаидов "аз нияти ғаразнок дидаю дониста, оид ба содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад”.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳама иттиҳомот алайҳи Хайрулло Мирсаидов тасдиқи худро ёфтанд ва бинобар ҳамин ӯ ба 12 сол зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Додситонӣ гуфтааст, ки ҳоло ин парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор дода ва дар ҳолати "номувофиқ" будани ҷазои таъйиншуда дар нисбати Мирсаидов, метавонад аз болои ҳукми додгоҳ эътироз оварад. Зимнан, рӯзи 13 июл ҳамин ваъдаи додситонии кулл мавриди истиқболи бархе ҳуқуқшиносону фаъолон шуд. Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шояд баъди ин "омӯзиш" як тағйироте дар парвандаи Мирсаидов ба амал ояд.

Ҳукми додгоҳ: 12 соли зиндон

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 11-уми июл Мирсаидовро дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 12 соли зиндони низомаш сангин айбдор кард. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст.

Мирсаидов дар сухани вопасинаш рӯз 10 июл дар додгоҳ гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомоти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баъзе чекҳои ӯро қабул накарданд.

Вай гуфт, барои баъзе хароҷот, масалан - либоси миллӣ аз бозор - натавонистанд чек пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, КВН-и Тоҷикистон таҳти раҳбариаш тавонист симои тоҷиконро, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвии Маскав “Равшану Ҷамшуд” сохта буданд, то андозае ба самти мусбат тағйир диҳад ва заковату ҳозирҷавобӣ ва танзу шухиҳои тоҷиконро ба намоиш гузорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукми Мирсаидовро маҳкум кард

Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи эълони ҳукми додгоҳ, намояндаи САҲА дар умури озодии баён ва матбуот Ҳарлем Дезир аз ҳукми 12 соли зиндони журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард. Қаблан сафоратҳои ғарбии мустақар дар Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот ҳукми 12 соли зиндони журналист Хайрулло Мирсаидов "сангин" ва "мояи нигаронӣ" номиданд ва аз ҳукумат бозбинии ҳукмро тақозо карданд.

Дар изҳороти муштараки сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июл пахш шуд, аз ҳукми 12 соли зиндони додгоҳи Хуҷанд нисбати журналист ва раҳбари гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН Хайрулло Мирсаидов нигаронии амиқ баён шудааст.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG