Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдив сигорро манъ кард. Мавҷи нави қонунҳои зидди тамоку дар ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Молдив аз 1-уми ноябр иҷрои қонунеро оғоз кард, ки харид, фурӯш ва кашидани тамокуро барои касоне, ки пас аз январи соли 2007 таваллуд шудаанд, манъ мекунад. Ба ин тартиб, ин кишвари хурди воқеъ дар Уқёнуси Ҳинд кишвари нахустини ҷаҳон аст, ки ба таври расмӣ худро "насли бидуни сигор" муаррифӣ кардааст.

Вазорати тандурустии Молдив эълон кард, ҳадафи ин тарҳ, ки аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар Муҳаммад Муиззу пешниҳод ва қабул шуд, "ҳифзи саломати мардум ва парвариши насле ба дур аз духониёт (ҳама ақсоми тамоку, ки барои дуд кардан истеъмол мешавад)" мебошад.

Бар асоси ин қонун, фурӯшандагон вазифадоранд пеш аз фурӯш, синни харидоронро баррасӣ кунанд ва ин маҳдудият барои ҳама намуди духониёт, аз ҷумла, сигор ва тамоку амалӣ мешавад.

Ин мамнуият ҳатто шомили сайёҳоне ҳам мешавад, ки ба ҷазираҳои Молдив сафар мекунанд. Молдив бо 1191 ҷазира ва боду ҳавои муносиб бештар бо иқоматгоҳҳои муҷаллалаш шинохта мешавад.

Ҳукумати ин кишвар ҳамчунин овардан, тақсим ва истифода аз сигорҳои электронӣ ва дастгоҳҳои "Vape"-ро барои ҳама гурӯҳҳои синнусолӣ манъ кардааст.

Фурӯши тамоку ба афроди зери синни 18-сола ба миқдори 50 ҳазор рупияи молдивӣ (ҳудуди 3200 доллар) ҷарима дорад ва истифода аз "Vape" 5 ҳазор рупия (320 доллар) ҷарима хоҳад дошт.

Дар ҳоле ки тарҳи ба ин монанд ҳанӯз дар порлумони Бритониё дар ҳоли баррасӣ аст, Зеландияи Нав, ки нахустин кишвари ҷаҳон дар ҳоли иҷрои чунин қонун буд, як сол пас аз қабули ин қонун онро дар ноябри соли 2023 бекор кард.

Чанд кишвари дигар, аз ҷумла, Малайзия, Австралия, Ҳонконг, Дания, Ирландия ва Сингапур ҳам тарҳҳоеро барои манъи тадриҷии тамоку ироа кардаанд, аммо бештари онҳо ҳанӯз ба сабаби монеаҳои қонунӣ ё ниёз ба ислоҳи Қонуни асосӣ амалӣ нашудаанд.

Туркманистон аз охирҳои солҳои 1990 сиёсатҳои сахтгиронае алайҳи духониёт ҷорӣ кардааст. Ин кишвар дар соли 1998 таблиғ ва паҳн кардани сигорро манъ кард ва дар соли 2000 истеъмоли духониёт дар маконҳои умумиро ғайриқонунӣ донист. Дар соли 2013 низ қонуне барои ҳифозат аз саломати шаҳрвандон қабул шуд, ки воридот, фурӯш ва таблиғи маҳсулоти тамокуиро маҳдуд кард.

Дар ҳоли ҳозир, Туркманистон яке аз маҳдудкунандатарин қонунҳои зидди тамокуро дар ҷаҳон дорад. Истеъмол, фурӯш ва бо худ доштани сигор дар маконҳои умумӣ ва ба афроди зери 21-сола манъ аст ва истифода аз сигори электронӣ ва "Vape" низ таҳти мамнуияти комил қарор дорад. Бо ин вуҷуд, гузоришҳо аз густариши бозори сиёҳи сигор дар пайи ин маҳдудиятҳо хабар медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳам қонун фурӯши сигор ва навъҳои дигари тамокуро ба шахсони зери синни ҳаждаҳ манъ кардааст. Аммо як санҷиши иҷтимоии Радиои Озодӣ дар Душанбе соли гузашта нишон дод, ки ин муқаррарот аксар вақт поймол мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, барои пешгирӣ аз фурӯши тамоку ба шахсони зери синни 18 корҳои зиёде дар миёни мардум, аз ҷумла фурӯшандаҳо ва марказҳои тафреҳӣ, анҷом медиҳанд.

Тоҷикистон дар соли 2011 қонунро “Дар бораи маҳдуд намудани истифода аз маҳсулоти тамоку” қабул ва фурӯшу истифодаи онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар мошинҳои шахсӣ, ки дар онҳо шахсони то ҳаждаҳсола ҳузур доранд, манъ кард.

Ба иттилои Созмони Милал, дар солҳои охир теъдоди масрафкунандагони сигори электронӣ дар миёни наврасони 13-15-сола дар ҷаҳон ба таври чашмгир афзуда ва 37 миллион нафарро ташкил медиҳад. Арзиши ин навъ сигор дар Тоҷикистон аз 50 сомонӣ то 250-500 сомонӣ аст.

Як таҳқиқи муштараки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Вазорати беҳдошти Тоҷикистон нишон додааст, ки зиёда аз даҳ дарсади аҳолии кишвар тамокуи бедуд ва 4,8 дарсад сигор мекашанд. Ин таҳқиқ шумораи ноболиғонеро, ки тамоку масраф мекунанд, ба таври ҷудогона нишон намедиҳад.

XS
SM
MD
LG