Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Наимов дар UFC бо Сантоси бразилӣ рақобат мекунад


Муҳаммад Наимов
Муҳаммад Наимов

Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик, ба рақобати навбатии худ дар мусобиқоти UFC Fight Night дар вазни нимасабук (65,8 кг) бо намояндаи Бразилия Майрон Сантос омодагӣ мебинад. Рақобати размикорон 22-юми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мешавад.

Размикори 31-солаи тоҷик Муҳаммад Наимов, ки аз соли 2018 дар муҳорибаҳои омехта (ММА) иштирок мекунад, ҳамагӣ 16 рақобат анҷом дода, дар 13-тоаш пирӯз шудаст.

Ин рақобати ҳафтуми ӯ дар UFC мебошад. Қаблан дар панҷ рақобат ғалаба карда, дар яктоаш (22-юми июни соли 2024) ба Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб гаштааст. Вай дар аввалин рақобаташ дар UFС 3-юми июни соли 2023 бар Ҷейми Малларкии австралиягӣ ғолиб омадааст.

Наимов имсол пайиҳам дар ду қувваозмоии худ дар UFC пирӯз шуд. Вай якуми феврали имсол дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар вазни то 65,8 кило намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дода буд. Ин набард дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ гузашт.

Размикори тоҷик дар ҳарсе раунд бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон дастболо шуд.

Баъдан Наимов 21-юми июни имсол дар мусобиқоти UFC Fight Night намояндаи Австрия Богдан Градро мағлуб кард. Рақобати размикорон дар шаҳри Бокуи Озайрбойҷон доир шуда, бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии Муҳаммад Наимов анҷом ёфт

Муҳаммад Наимов дар муҳорибаҳои ММА бо устуворӣ, зарбаҳои сахт ва услуби таркандааш машҳур аст.

Рақиби нави размикори тоҷик Майрон Сантоси 25-сола аз 17 қувваозмоӣ дар ММА дар 16-тоаш пирӯзӣ ба даст овардааст. Ин рақобати чоруми ӯ дар UFC мебошад. Сантос дар (The Ultimate Fighter 32) бар Каан Офлии австралиягӣ дар раунди дуюм бо нокаут пирӯз шудааст. Баъдан Фрэнсис Маршалро аз ИМА ва размикори нигерягӣ-амрикоӣ Содиқ Юсуфро шикаст додааст.

Лақаби Сантос A Lenda (The Legend) эътимод ва услуби муборизаи ӯро инъикос мекунад. Вай размикори ҳамаҷониба ва хашмгин буда, ҳам дар ҳолати рост истода ва ҳам дар замин мубориза бурдан моҳир аст.

Дар умум чаҳор размикор аз Тоҷикистон ба UFC (Ultimate Fighting Championship - Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохиланд. Нурулло Алиеви 25-сола аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба UFC дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи даҳ қувваозмоӣ дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст.

Муин Ғафуров, размикори 28-солаи тоҷик, дар ММА ҳамагӣ 26 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯз шуда, дар шаштоаш шикаст хӯрдааст, аз он ҷумла дар UFC аз чаҳор рақобат дар дутоаш ғолиб омада, дутоашро бохтааст.

Лоиқ Раҷабов, размикори 33-солаи тоҷик, ки дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз соли 2012 ширкат мекунад, аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Аз ҷумла, дар UFC вай дар ду рақобати худ дастболо шуда, дар дутоаш шикаст хӯрдааст.

XS
SM
MD
LG