Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Умар "дар наздикиҳои пойгоҳи ИМА мезист"


Акси даврони донишҷӯии Мулло Умар дар Қандаҳор. Соли 1978

Раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар давоми солҳои зиёд дар наздикиҳои пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар ҷануби Афғонистон зиндагӣ кардааст.

  • Ин иддао дар китоби нави нависанда ва журналистои ҳолландӣ Бетт Дам бо номи “Дар ҷустуҷӯи душман” нашр шудааст, ки мегӯяд, раҳбари собиқи Толибон ҳеҷ гоҳ дар Покистон паноҳ набурдааст, онгуна, ки мақомоти амрикоиву афғон мегуфтанд.

Дар китобе, ки моҳи феврал нашр шуд, Бетт Дам натиҷаи сӯҳбату таҳқиқоташро бар асоси мусоҳибаҳо бо аъзои ҷумбиши Толибон ва зиндагиномаҳои онҳо хулоса кардааст. Хулосаҳои муаллиф ба забони англисӣ аз ҷониби маркази таҳлилии Zomia нашр шуд.

Толибон аз соли 1996 то 2001 дар Афғонистон дар сари қудрат буданд ва баъди вуруди нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА барканор шуданд. Дар паи ин ба мавқеи мухолифати мусаллаҳона гузашта то имрӯз чолиши аслии ҳукумати Кобул ба ҳисоб мераванд.

Баъди ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико, ки бо марги 3 ҳазор нафар анҷомид, барои сари Мулло Умар 10 миллион доллар подош ваъда карданд.

Дар таҳқиқоти худ Бетт Дам иддао мекунад, ки Мулло Умар то соли 2004 дар маркази вилояти Зобул – шаҳри Қалот зиндагӣ мекард. Дар ҳамин макон амрикоиҳо пойгоҳи низомии худро таъсис доданд ва паноҳгоҳи Мулло Умар ҳамагӣ дар чанд дақиқа роҳи пиёда аз ин пойгоҳ қарор дошт.

Баъди ин ба ноҳияи Шинкай интиқол ёфт, ки дар фосилаи чанд километр дуртар аз пойгоҳи амрикоӣ қарор дошт.

Дар авҷи ҷангҳо дар ин пойгоҳ ҳудудан 1000 низомӣ аз ИМА ва дигар кишварҳои узви НАТО мустақар будааст.

Ба навиштаи муаллифи китоб, Мулло Умар аз пинҳонгоҳҳояш наметавонист раҳбарии амалиёти Толибонро идома диҳад, вале тасмими таъсиси қароргоҳи Толибон дар Қатар маҳз аз ҳамин паноҳгоҳҳо гирифта шуда буд. Қароргоҳи Толибон дар Қатар феълан макони музокироти сулҳи Амрико ва Толибон мебошад, ки шароити хатми ҷанги 17-сола дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Дам тавонистааст бо Ҷаббор Умарӣ ҳамсӯҳбат шавад, ки вазифаи муҳофизи шахсии Мулло Умарро дар пинҳонҳоҳҳояш иҷро мекард. Умарӣ, ки феълан дар як боздоштгоҳи хадамоти иктишофии Афғонистон қарор дорад, гуфтааст, ки Мулло Умар 23 апрелисоли 2013 дар натиҷаи беморӣ даргузашт.

Вале сухангӯи ҳукумати президенти Афғонистон Ҳорун Чахонсурӣ ин китобро рад кард ва тавассути саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер гуфт, ки Афғонистон шаҳодати онро дорад, ки Мулло Умар дар хоки Покистон зиндагӣ кардаву дар ҳамон ҷо даргузаштааст.

Толибон марги Мулло Умарро соли 2015 тасдиқ карданд ва қабл аз ин мақомоти иктишофии Афғонистон гуфтанд, ки раҳбари ҷангиён дар як бемористони шаҳри Карочии Покистон даргузашт.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG