Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳо дар Тоҷикистон. "Ихвониҳо", дигарандешон ё тақводорон? САДО


Акс аз бойгонӣ. Тарафдорони ҷунбиши "Бародарони Мусулмон" дар Қоҳира. Моҳи июни соли 2015
Акс аз бойгонӣ. Тарафдорони ҷунбиши "Бародарони Мусулмон" дар Қоҳира. Моҳи июни соли 2015

Боздошти якбораи беш аз 100 нафар дар Тоҷикистон бо гумони узвият дар ҷунбиши "Бародарони мусулмон" (Ихвон-ул-муслимин), ки фаъолияташ мамнуъ аст, суолҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст. Дар гузашта чанд мавриди ангуштшумори боздошт ва зиндонӣ кардани пайравони ҷунбиш дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Додситонии кул ба ғайр аз тасдиқи хабар, ҷузъиётеро ошкор намекунад.

Парванда пӯшида аст ва наздикону вакилони мудофеи дастгиршудаҳо низ тафсилотро ё намедонанд ваё ҳаққи ифшои онро надоранд. Коршиносон мегӯянд, ин вазъ фарзияҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Ба қавли таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода, "азбаски баррасии парванда ошкор нест, хулоса кардан мушкил аст. Мо ба аксар парвандаҳо муҳри махфӣ мезанем. Мардум, албатта, шубҳа мекунанд."

Искандар Солеҳзода
Искандар Солеҳзода

Боздошти 113 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони Мусулмон) моҳи январи имсол тақрибан ҳамзамон дар чанд минтақаи кишвар сурат гирифт. Бино ба гуфтаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Искандар Солеҳзода, танҳо дар ин вилоят наздик ба 30 нафар дастгир шудаанд.

Бино ба маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон 30 сокини шаҳрҳои Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғдро, ки дар доираи парвандаи "Бародарони Мусулмон" дастгир шудаанд, озод кардаанд. Бархе аз озодшудаҳо гуфтанд, муфаттишон аз онҳо дар бораи "Ихвон-ул-муслимин" пурсиданд, аммо пайванди онҳо бо ин ҷунбиш тасдиқ нашуд.

Раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Тоҷиддин Асомиддинзода, рӯзи 5-уми феврал гуфт, се омӯзгори ин муассиса низ бо гумони ҳамкорӣ бо "Ихвон-ул-муслимин" бозпурсӣ шуда, дубора ба кори худ баргаштаанд.

Дар нишастҳои хабарии мақомот ин нукта ҳам зикр мегардад, ки садҳо нафар ва асосан онҳое, ки дар хориҷ аз кишваранд, бо гумони узвият дар созмону ҷунбишҳои мамнуъ зери пайгард буда, шумораи чунин афрод танҳо дар вилояти Хатлон ба 1000 нафар мерасад.

Посухи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин дар бораи "ихвониҳо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00
Линки мустақим


Чаро баъди 14 сол?

Аммо чаро бо гузашти чаҳордаҳ сол аз замони манъи фаъолияти "Бародарони Мусулмон" дар Тоҷикистон, масъалаи ин ҷунбиш ҳоло ҷиддӣ шудааст?

Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ҳалқаи ба истилоҳ хуфтаи пайравони "Бародарони Мусулмон" солҳои дароз дар кишвар будааст ва сарнахи онро чанде пеш ёфтаанд. Ӯ гуфт: "Бархе аз онҳо то кунун ду зинаро тай кардаанд, ки аввалаш "ислоҳи нафс" аст ва ба шахсу оилааш рабт мегирад. Зинаи дувум ҷудо кардани тақрибан даҳ дарсад аз даромад ё маош барои кумак ба дигарон".

Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад намекунанд. Таъйиди он аз манобеи мустақил ҳам дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Вале ин суол низ пайдо шудааст, мақомот, ки солҳои ахир дохили утоқҳои мухолифону ҳар нафари дигарро ба истилоҳ дида метавонанд, чӣ гуна иҷоза додаанд, ки теъдоди зиёде аз аъзои созмони мамнуъ дар ҳар гӯшаи кишвар ва донишгоҳу муассисаҳои дигари давлатӣ кор кунанд ва касе ҳам аз ақидаву андеша ва тарғиботи онҳо огоҳ набошад?

Додситони кулли Тоҷикистон ҳам чанде пеш бо вуҷуди суолҳои батакрори хабарнигорон ҷузъиёти боздоштҳоро нагуфт. Маълум нест, ки оё боздоштшудаҳо аъзои як ҳалқаи муташаккил буданд ва сохтори фаъолияташон чӣ гуна аст? Ба кӣ итоат мекарданд ва оё раҳбаре доштаанд ё на?

Пайвандони боздоштшудаҳо аз додситони кулли Тоҷикистон дархост доранд, ки қазияро одилона таҳқиқ кунад. Онҳо иртиботи наздиконашонро бо созмонҳои мамнуъ рад мекунанд.​

Далел – бунёди ҷомеаи исломӣ?

Ҷунбиши "Бародарони Мусулмон", ки соли 1928 дар Миср ташкил шудааст, созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро мешиносанд.

Артур Голдшмидт (Arthur Goldschmidt), муҳаққиқи таърихи Ховари Миёна аз Донишгоҳи давлатии Пенсилвания дар Вашингтон, мегӯяд, "тавре ки онҳо дар замони Ҷамол Абдуносир карда буданд, дар шакли зеризаминӣ фаъолияти худро идома медиҳанд – оромона ва бо назардошти қаноатмандии мардум аз режими дунявӣ. Вале дар як муддати баъдӣ агар низом заъфи худро ба намоиш гузорад, бар зиддаш мехезанд."

Тоҷикистон чаҳордаҳ сол пеш ин созмонро мамнуъ эълон кард.

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, гуфт, "ихвониҳо" ба ҳар кишваре, ки низомашон дунявист, таҳдиди сохторӣ доранд ва нигаронии Душанбе низ аз инҷо сарчашма мегирад: "Чаро бештари кишварҳо ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин"-ро хатар пиндоштаанд? Чунки онҳо ҷонибдори исломи сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи исломӣ ҳастанд. Ба давлатҳое, ки худро дунявӣ эълон кардаанд, ин таҳдиди сохторӣ аст. Ҳадафи гуруҳ дар дарозмуддат эъмори давлат ё ҷомеаи исломӣ аст".

Аммо чаро ҳоло гурӯҳе аз сокинон бо гумони пайравӣ аз ин созмон дар Тоҷикистон дастгир шудаанд, маълум нест. Азбаски ҳамагуна иттилоъ дар бораи боздоштҳо махфӣ нигаҳ дошта мешавад ва ҳам бархе аз онҳое боздошт шудааанд, ки ҷое мақомотро танқид кардаанд, ин гуфтаҳо ҳам ҳаст, ки мақомот бо иддаои ифротгароӣ мехоҳанд, ба даҳони мунтақидон муҳр зананд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2012, баъди ба қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ, намояндаи "ихвониҳо" дар Миср, низ номи созмонро аз рӯйхати сиёҳ берун накардааст. Ҳарчанд бо Миср муносибати дипломатӣ дошт ва даҳҳо донишҷӯи тоҷик дар он кишвар таҳсил мекарданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон, мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи июни соли 2012 ҳангоми қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи мубориза бо терроризм" пешниҳод кард, ки мақомот дар шинохт ва “тамғазанӣ” ба созмонҳо, аз ҷумла “Ихвон-ул-муслимин” шитоб накунанд ва қарори худро бозбинӣ намоянд. Пешниҳоде, ки қабул нашуд.

Баръакс, аз соли 2015 ба ин тараф мақомоти Тоҷикистон ва саҳифаҳои наздик ба онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ақидаҳои ҷунбиши "Бародарони Мусулмон" ҳанӯз дар солҳои 70-ум ба Тоҷикистон омадааст ва ҳизби наҳзат ҳам аз ин чашма об хӯрдааст.

Пайравони Ҷадидия ё Ихвониҳо?

Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар Аврупо қарор дорад, гуфт, "мавқеи мо, уламои исломии равшанфикри даҳаи 70-ум ва баъди он, аз ҳаракати "Ҷадидия"-и Бухоро сарчашма мегирифт. Мо дар бисёр вохӯриҳо бо ифтихор ба "ихвонӣ"-ҳо ва дигарон мегуфтем, ки ҳаракати мо пеш аз Шумо поягузорӣ шудааст. Гоҳе Саидҷамолиддини Афғониро мисол меовардем, ки ғайриараб аст."

Муҳаммадсаид Ризоӣ
Муҳаммадсаид Ризоӣ

Дар чандин пажуҳиши байналмилалӣ низ ба паҳн шудани идеяҳои "Бародарони Мусулмон" дар водии Фарғона, аз ҷумла Тоҷикистон дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ ишора шудааст. Эрсилия Делансер, муаллифи китоби "Таърихи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон" (соли 2013) менависад, баъзе аз осори "Бародарони Мусулмон" ба мисли таълифоти ваҳҳобиҳо ҳанӯз дар соли 1979 ба таври пинҳонӣ дар водии Фарғона паҳн шуда буд.

Боди “бедорӣ” аз куҷо мевазид?

София Роше, пажуҳишгари олмонӣ, дар китоби "Террористи бе чеҳра", низ ба ин мавзуъ дахл кардааст. Шарифҷон, яке аз қаҳрамонҳои китоби София Роше дар Тоҷикистон, ба ӯ гуфтааст:

"Идеяи бедории исломӣ дар солҳои ҳаштодум асосан ба воситаи навиштаҳои Сайид Абулаъло Мавдудӣ, муассиси “Ҷамоати исломӣ” дар Ҳинду Покистон ва Ҳасан Банно, муассиси ҷунбиши “Бародарони Мусулмон”, ба Тоҷикистон меомад ва ин навиштаҳо дар “ҳуҷра” баҳс мешуд." Аммо ба нақли Шарифҷон, матнҳо на бо забони асл, балки коркардшуда аз тарафи донишмандони эронӣ будаанд.

Исломи сиёсӣ дар асри 20 маъмулан аз тариқи шабакаҳои мавсум ба "ҳуҷра"-ву "давра" ва "ҳалқа"-ҳои дарсӣ густариш ёфтааст.

Муҳаммадсаид Ризоӣ дастрас шудани баъзе навишта ва китобҳоро аз хориҷ дар он замон тасдиқ мекунад, аммо мегӯяд: "Вақте донишҷӯён ба ин кишварҳо мерафтанд, баъзе китобҳоро меоварданд. Аз Ҳиндустону Фаронса ҳам китоб меоварданд. Аммо ингуна набуд, ки бар асоси барномаи хосе омада бошад. Аслан ин гуна барномае набуд, ки дар Тоҷикистон чунин ташкилот ва ячейкааш бошад. Балки ҳадаф исломи воқеӣ ва даст кашидани муллоҳо аз хурофот буд. Чизе, ки ахиран ҳукумат худаш амалӣ кард."

Ришу мазҳабу либос муҳим нест?

Сулаймон Давлатзода
Сулаймон Давлатзода

"Ихвон-ул муслимин" тақрибан 90 сол пеш аз тарафи Ҳасан Ал-Банно поягузорӣ шуда, аз роҳи тарғиби Ислом бар зидди тавсеаи нуфузи Ғарб мубориза бурдааст. Артур Голдшмидт (Arthur Goldschmidt), муҳаққиқи таърихи Ховари Миёна аз Донишгоҳи давлатии Пенсилвания дар Вашингтон мегӯяд, "барои бисёр нафароне, ки ғарбгаро набуданд, мавзӯи Ислом дар ақидаҳои "Ихвон-ул-муслимин" ҷаззобтар буд. Ва ҳамин чиз барои миллатгароҳои дунявӣ ҳамчун таҳдид ба қудрат арзёбӣ шуд. Соли 1954 Ҷамол Абдулносир дар Миср онҳоро саркӯб ва зеризаминӣ кард."

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Ихвонӣ ҳаракати сиёсӣ аст, бештар аз онки созмони динӣ бошад. Онҳо ягон аломати зоҳирӣ надоранд, ки дар кӯча шинохта шавад."

Рустам Азизӣ мегӯяд, ин ҷунбиш дар ибтидои таърихи худ чанд амалиёти террористиву ҳарбӣ карда, танҳо баъд аз солҳои 60-70-ум шеваҳои муборизаашро тағйир додааст. Муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон афзуд, ин ҷунбиш ҳоло бештар ба зиёиён, табақаи донишҷӯён ва муаллимон, такя мекунад:

"Муассиси ҳаракат Ҳасан Банно муаллим буд. Саид Қутб рӯзноманигор буд. Муҳаммад Мурсӣ муҳандис буд. “Ихвонӣ”-ҳои Халиҷ ва Саудӣ аз салафиҳо ҳеч фарқ надоранд. “Ихвонӣ”-ҳои Ҳинд ҳанафӣ ё суфимаоб ҳастанд. Симои зоҳирӣ ва мазҳаб ба онҳо чандон муҳим нест Таблиғоти онҳо бештар дар миёни қишри таҳсилкарда аст."

Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ҳафтаи гузашта гуфт, дар миёни афроди боздоштшуда дар доираи парвандаи "Бародарони Мусулмон" 20 корманди мактабҳои олӣ ҳастанд. Аммо ҳанӯз далелҳои қотеъ дар мавриди воқеан "ихвонӣ" будани ин ва дигар афроди боздоштшуда дар Тоҷикистон расонаӣ нагаштааст ва бархе аз корбарон ба ин иттилои мақомот бо шубҳа менигаранд.

Сомонаи Eurasianet ин боздоштҳоро ба интихоботи порлумонӣ ва интиқоли эҳтимолии қудрат дар Тоҷикистон рабт медиҳад. Қарор аст, аввали моҳи март дар кишвар интихоботи порлумонӣ ва моҳи ноябр интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Феълан дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро эътироф ва фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ шудааст. Ин феҳраст бо номи “Ал Қоида” оғоз ёфта, ДОИШ-у Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гуруҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олиро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Мақомот мегӯянд, ин бахше аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар кишвар аст. Мухолифону мунтақидони ҳукумат мегӯянд, боздоштҳо талоше барои тарсонидани ҷомеа аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Тоҷикистон набояд масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва ислоҳотхоҳон истифода кунад ва додгоҳи гумонбарон низ бояд ошкор ва бо ҳузури хабарнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG