Дар мавсими нави лигаи якум, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, шонздаҳ даста ширкат меварзад: «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳулбук», «Рахш» (ҳарду аз Восеъ), «Душанбе», «Шоҳмансур» (ҳарду аз Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Рангон» (Рӯдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Саразм» (Панҷакент), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саройкамар» (Панҷ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сомон» (Данғара), «Норак» (Норак) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ).
Натоиҷи се бозии даври аввали мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон-2026, ки 3-юми апрел доир гардид, чунин аст:
«Рахш» - «Исфара» - 3:1 (Назирмадов, 38, Хоҷаев, 56, Одинаев, 68 – Сулаймонов, 39)
«Саразм» - «Шодмон» - 1:0 (Баҳризода, 75)
«Шоҳмансур» - «Мастчоҳ» - 0:0
Бозиҳои боқимондаи даври аввал:
4-уми апрел (шанбе)
«Сомон» - «Ҳулбук» (15:30)
«Саройкамар» - «Сарҳадчӣ» (15:30)
5-уми апрел (якшанбе)
«Норак» - «Рангон» (15:30)
«Моҳир» - «Панҷшер» (15:30)
Бозии «Ҷиликӯл» - «Душанбе» мавқуф гузошта шуд.
Тибқи дастури мусобиқа ғолиби лигаи якуми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии Тоҷикистон-2027 байни дастаҳои лигаи олӣ мешавад. Ҷоизадори нуқраи лигаи якум-2026 бо дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи 11-умро мегирад, бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки соли гузашта дар мусобиқаи лигаи якум ғолиб шуд, ба қаҳрамонии Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ҷадвали мусобиқаи порсолаи лигаи олӣ зинаи охиринро ишғол кард, ба лигаи якум гузашт.
Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки дар мусобиқаи порсолаи лигаи олӣ дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи якум-2025, барои дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 боқӣ мондан бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ (2:2 ва 2:0) тими “Сардор” ба мусобиқаи лигаи олӣ дар соли 2026 роҳхат гирифт.
Гуфтугӯ