Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар наздикии корхонаи чинӣ дар Норин моли сокинон мемирад. ВИДЕО


Чорводор Мирлан Шаршеков моли талафшударо ба хабарнигори Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ намоиш медиҳад

Сокинони маҳаллаи Султон Сарӣ аз талаф шудани даҳҳо сар бузу гӯсфандашон изҳори нигаронӣ карда, корхонаи тиллои чиниро дар ин ҳодиса гунаҳгор мекунанд.

Сокинони ин минтақа дар вилояти Норини Қирғизистон мегӯянд, ки дар чорвояшон ҳеҷ бемории сироятӣ ошкор накардаанд, вале озмоишгоҳи байтории минтақавӣ баъди талаф шудани бузу гӯсфанди сокинон санҷиши худро барпо кард. Мутахассисон гуфтанд, ки дар ҷигар ва гурдаҳои моли мурда марги муш ва нитрат, яъне маводи кимиёии марговар ошкор шудааст.

Масъулини ширкати чинӣ мегӯянд, ки ин иддаоҳоро феълан қабул надоранд, ва бояд санҷиши ҳамаҷонибаи давлатӣ ба ҳодиса баҳо диҳад. Вале байторони давлатӣ мегӯянд, ки дар хоку экологияи атрофи корхонаи тиллобарорӣ ҳеҷ маводи машкук ё хатарноке ошкор нашудааст.

Ширкати "Ҷорҷи Майнинг" соли 2012 иҷозаи кор оид ба коркарди қишри заминро дарёфт карда, тоза ба сохтмони комбинат шурӯъ кардааст. Вале сокинон мегӯянд, ки ин корхона бояд баста шавад.

Гузориши бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар ин ҷо қобили дидан аст:

Баҳси экологӣ бо як ширкати чинӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

XS
SM
MD
LG