Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Гурҷистон аз қабули қонуни "агенти хориҷӣ" дифоъ кард

Бо вуҷуди эътирозҳои оммавӣ, Иракли Кобахидзе, нахуствазири Гурҷистон  зарурати қабули  қонуни “агенти хориҷӣ”-ро ҳамчун, ба гуфтааш, шарти кам кардани ихтилоф дар ҷомеа, онгуна, ки Иттиҳоди Аврупо тақозо мекунад, дуруст шумурд.

Кобахидзе 3 май дар сӯҳбаташ бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, аз он ки шарикони Гурҷистон аз муколамаи мушаххас худдорӣ мекунанду то ҳол, ба гуфтааш, Гурҷистон аз онҳо ҳеҷ далели боварбахше барои қабул накардани қонуни агенти хориҷӣ нагирифтааст, нороҳат мебошад.

Дар Гурҷистон талошҳои ҳукумат барои қабули қонуни баҳсбарангези агенти хориҷӣ, ки назорат аз фаъолият ва маблағгузории созмонҳои ҷамъиятиро шиддат мебахшад, бо эътирозҳои оммавӣ рӯбарӯ шуд.

Рӯзи 3 май мизони таниш хеле баланд буд ва полис барои саркӯби эътирозгарон аз тирҳои резинӣ истифода кард.

Барои қабули қонуни баҳсбарангези агенти хориҷӣ ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” пойфишорӣ дорад, ки онро мухолифон рӯ ба Маскав меноманд.

XS
SM
MD
LG