Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи парвонаи букмейкерӣ чанд баробар зиёд шуд

Яке аз марказҳои букмекерӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз марказҳои букмекерӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон пули парвона ё иҷозатномаро барои нуқтаҳои шартбандӣ ё букмейкерӣ чанд баробар зиёд кардааст. Радиои Озодӣ 5-уми июл бо матни тағйирот ба қонун дар бораи иҷозатномадиҳӣ шинос шуд, ки ахиран аз сӯи порлумон ҳам тасвиб гардид.

Бар асоси ин санад, хироҷи яккарата барои додани парвонаи кор ба нуқтаҳои букмекерӣ аз 3 ҳазор сомонӣ ба 130 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳамчунин нуқтаҳои букмекерӣ вазифадор шудаанд, ки ҳар сол барои дароз кардани муҳлати ин санад 130 ҳазор сомонӣ пардозанд. То ин вақт ин гуна марказҳо барои тамдиди парвонаи кор 3 ҳазор сомонӣ медоданд.

Мақомот ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҳадаф аз боло бурдани нархи иҷозатнома барои нуқтаҳои букмейкерӣ чист. Аммо дар гузашта мақомот ва ҳам ҷомеа аз кори нуқтаҳои шартбандӣ ва бахусус ҳузури ноболиғон дар ин марказҳо нигаронӣ карда буданд.

Дар гузашта мавридҳои худкушии ҷавонон баъди аз даст додани пули зиёд дар нуқтаҳои букмекерӣ расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла моҳи декабри соли гузашта як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳ худкушӣ кард. Як фарзияи марги ин донишҷӯ ин буд, ки ӯ бозии букмейкерӣ ё шартбандии варзиширо бохта, қарздор шудааст.

Тибқи омори панҷ сол пеш, дар Тоҷикистон наздики 50 ширкати букмекерӣ ё худ шартбандиҳо фаъолият мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд сол пеш вуруди шахсони то 18-20-соларо ба маконҳои шартбандӣ манъ карда буд. Аммо ҳар чанд вақт мақомот аз гузарондани рейд ва ҳузури ноболиғон дар ин марказҳо гузориш медиҳанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG