Бенямин Нетаняҳу рӯзи 22 декабр зимни нишисти хабарии муштарак бо нахуствазири Юнон ва раисҷумҳури Қибрис дар Байтулмуқаддас изҳор дошт: "Мо ин мавзӯъро зери назар дорем ва иқдомоти лозимро анҷом медиҳем".
Ӯ афзуд, "мехоҳем барои Эрон ин мавзуъро рӯшан кунем, ҳар иқдоме алайҳи Исроил бо посухе сахт рӯбарӯ хоҳад шуд".
Нахуствазири Исроил дар мавриди "размоишҳои низомӣ"-и Эрон шарҳи бештаре надод.
Нетаняҳу гуфт, бо вуҷуди "дастовардҳои бузург" дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза бо Эрон, интизороти аслии Исроил ва Амрико аз Эрон тағйир накардааст, аз ҷумла коҳиши сатҳи ғанисозии ураниюм.
Ӯ дар бораи дидораш бо Трамп дар ҳафтаи оянда гуфт, "ин мавзӯъ яке аз меҳварҳои гуфтугӯҳои мо хоҳад буд" ва афзуд, "мо ба дунболи рӯёрӯӣ бо Эрон нестем, балки хоҳони субот, шикуфоӣ ва сулҳ ҳастем".
ОЗМОИШИ МУШАКИИ ЭРОН, АЗ ТАСДИҚ ТО РАД
Чанд соат пештар аз изҳороти нахуствазири Исроил, хабаргузории "Форс" наздик ба Сипоҳи Посдорон аз "мушоҳидаи майдонӣ ва гузоришҳои мардумӣ" дар бораи озмоишиҳои мушакии Эрон дар нуқтаҳои гуногуни ин кишвар хабар дод.
Ин хабаргузоӣ бе нашри акс ё видеое эълон кард, ки ин гузоришҳо ҳикоят аз "озмоиши мушакӣ дар Хуррамобод, Маҳобод, Исфаҳон, Теҳрон ва Машҳад" мекунанд.
Манбаъҳои расмии Эрон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.
Сайти "Нур Нюс" наздик ба Алӣ Шамхонӣ, дабири пешини Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, низ видеоҳое аз ончӣ гуфта мешавад, озмоишҳои мушакии Эрон аст, нашр кард, аммо ҷузъиёте дар мавриди замон ва макони он надод.
Аммо чанд дақиқа баъд, Хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз "бархе манбаъҳои огоҳ" хабар дод, ки аксу видеоҳои нашршуда рабте ба озмоишҳои мушакӣ надошта ва "дуруст нестанд".
Ин хабаргузорӣ бе ном бурдан аз "манбаъҳои огоҳ"-и худ афзуд, ки "имрӯз ҳеч озмоиши мушакӣ сурат гирифтааст ва хатти сафед дар осмон хатти убури ҳавопаймо дар баландист".
ГУМОНЗАНИҲО ДАР БОРАИ ЭҲТИМОЛИ ДАРГИРӢ
Таҳаввулоти нав дар иртибот бо афзоиши таниш миёни Эрон ва Исроил ҳамзамон аст бо гузориши расонаҳои байналмилалӣ дар бораи ин, ки нахуствазири Исроил қарор аст ҳафтаи ояндаи дар дидори худ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тарҳеро ба вай пешниҳод кунад, ки шомили гузинаҳои ҳамлаи дубора ба Эрон аст.
Шабакаи NBC-и Амрико ҳафта гузашта дар гузорише навишт, мақомҳои Исроил ба ин бовар ҳастанд, ки Эрон дар ҳоли афзоиши тавлиди мушакҳои баллистикӣ ва бозсозии системаи дифои ҳавоӣ аст ва нигаронии фаврии ин кишварро барангехтааст.
Расонаҳои исроилӣ дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои зиёде дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав ба Эрон матраҳ кардаанд ва дар муқобил мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ гуфтаанд, ки тавони низомии Эрон пас аз ҷанги 12-рӯза бештар шудааст ва таҳдидҳои Исроил "намоишӣ" аст.
Аҳмад Ваҳидӣ, ҷойнишини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи 20 декабр гуфт, Теҳрон "ҳама таҳдидҳоро зери назар дорад ва онҳоро бо диққат пайгирӣ мекунад" ва дар айни замон таҳдидҳои Исроилро "камарзиш ва намоишӣ" хонд.
Дар ҳамин ҳол, фармонедҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба ғарби он кишвар рафта, аз пойгоҳҳои артиш дар ин минтақа дидор кардааст.
Амир Ҳотамӣ дар ҷараёни ин боздид ба хабарнигорон гуфтааст, ки "ҳама ҳаракатҳои душманро ба диққат пайгирӣ дорем ва ба ҳар душманӣ, бо қотеият посух хоҳем дод".
Гуфтугӯ