Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомҳои нави се муовини барканоршудаи додситони кулл


Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон. 17 феврал
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон. 17 феврал

Се муовини додситони кулли Тоҷикистон, ки дар пайи интиқод ва дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақомҳояшон барканор гардида буданд, соҳиби вазифаҳои нав шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидов, Хайрулло Саидов ва Абдурашид Кишварзода -- се муовини додситони кулли Тоҷикистон, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва он ҳам дар пайи интиқод аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар аз мақомҳояшон сабукдӯш шуданд, ҳоло ба вазифаҳои нав таъин гардидаанд. Аммо маълум нест, Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввали додситони кулл, ки ӯ ҳам сабукдӯш шудааст, оё вазфиаи нав гирифта, ё не.

Як манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ҳабибулло Воҳидов, ки аз моҳи марти соли 2011 то феврали соли ҷорӣ ба ҳайси муовини прокурори генералӣ фаъолият дошт ва дар пайи ҷаласаи ахири Шӯрои амният аз мақомаш барканор гардид, ҳоло раиси идораи додситонии Суғд таъин шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов - додситони нави Суғд
Ҳабибулло Воҳидов - додситони нави Суғд

Воҳидови 50-сола дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1988 факултаи ҳуқуқшиносии собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ аз соли 1996 то 2007 додситони ноҳияи Фархор ва шаҳри Душанбе низ буд.

Хайрулло Саидов, муовини дигари барканоршудаи додситони кулл, ки ҳамзамон сарпрокурори ҳарбӣ буд, додситони нави шаҳри Душанбе шудааст. Вай 47-сола буда, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст. Аз оқои Саидов ба унвони кадри ҳирфаӣ ном мебаранд ва то ин дам ӯ ба ҳайси додситони ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров низ кор карда, аз соли 2007 то 2010 додситони виляоти Суғд будааст.

Абдурашид Кишварзода, собиқ муовини додситони кулл, ҳоло ба курсии додситони нақлиёти Тоҷикистон такя задааст. Ӯ соли 1963 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, дар гузашта додситони ноҳияи Панҷ ва вилояти Бадахшон будааст. Аз соли 2010 то моҳи феврали соли ҷорӣ муовини додситони кулл буд.

Барканоршавӣ ва вазифаҳои нави се муовини собиқи додситони кулл бар асоси натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амнияти Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки дар он раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз фаъолияти мансабдорони баландпояи ҳукуматаш интиқод кард ва дар ҳамон ҷаласа амр дод, то тамоми муовинҳои додситони куллро иваз кунанд. Худи додситони кулл Юсуф Раҳмонов ҳамагӣ дар моҳи январ ба ҷои Шерхон Салимзода ба ин мақом таъин шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният

Алакай рӯзи 18 феврал, яъне ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният Қурбон Шарифзода, Сироҷиддин Нурзода, Муҳаммад Арбобзода ва Мирзошариф Шарифов -- додситонҳои Суғду Хатлон ва Бадахшону Душанбе аз мақомҳои худ барканор карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният бо як лаҳни тунд хитоб ба додситонҳо гуфт, тавзеҳ бидиҳанд, ки ин қадар қасру кӯшкро аз кадом ҳисоб бунёд кардаанд? Ба қавли раиси ҷумҳур, вай далелҳое дорад, ки мақомдорҳо алайҳи мардум парвандаҳои сохта боз карда, аз онҳо пул талаб мекунанд. Раисиҷумҳур додситонҳо ва дигар мансабдоронро ҳамчунин ба ин айбдор кард, ки аз мақомоти маҳаллӣ бо фишор қитъаи замин тамаъ мекунанд ва ҳатто 4 раиси ҷамоат, ба гуфтаи ӯ, аз тарси таъқиби ин мансабадорон ба Русия фирор кардаанд.

Ҷаноби Раҳмон гуфт: “Худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд... Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!”

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба муборизаи беамон ба фасоду ришва
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:34:28 0:00

Ҳоло Назарзода Ҳотам Назрулло ба мақоми муовини аввали додситони кулл ва Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳҳобов Валӣ Маннонович ба симати муовинони додситони кулл пешниҳод шудаанд. Ҳамин тавр Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба мақоми муовини додситони кулл - сардодситони низомии Тоҷикистон пешниход шудааст.

Номзадии онҳо бояд дар наздиктарин иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, ки рӯзи 5 март доир мешавад ва охирин иҷлоси ҳайати кунунии маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон хоҳад шуд, баррасӣ шавад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, номзадҳо ба мақоми додситони кулл ва муовинони ӯ аз ҷониби раисиҷумҳур пешниҳод ва аз сӯи Маҷлиси миллӣ тасвиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG