Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои нави издивоҷи тоҷику хориҷӣ: Ҳимоят ё сарсонӣ?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъди ҷорӣ шудани шартҳои нави издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо атбои хориҷӣ, сабти чунин никоҳҳо дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, “дар як соли охир дар кишвар наздик ба 300 хориҷӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд, дар ҳоле ки дар соли 2010, яъне то ислоҳи қонун шумораи чунин издивоҷҳо аз 700 адад гузашта буд.”

Пас аз тавсиби ислоҳот дар Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011–ум, акнун танҳо он хориҷиёне метавонанд, бо шаҳрвандони Тоҷикистон ақди никоҳ банданд, ки як соли охир дар Тоҷикистон зиста, ҳамсари худро бо манзили зист таъмин карда метавонанд.

Рустам Менгалиев, вазири адлияи Тоҷикистон
Рустам Менгалиев, вазири адлияи Тоҷикистон
Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз тағйири қонуни оила ин буд, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят шавад: «Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни оила ва пешниҳодҳое, ки ҳоло вобаста ба ин масъала шуда истодааст, ин ҳифзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон аст. Бештари тоҷикистониён бо шаҳрвандони Русия, Узбакистон, Афғонистону Эрон ақди никоҳ мебанданд.»

Ҳарчанд мақомоти расмӣ ислоҳи Қонуни оиларо як роҳи босамари пешгирӣ аз издивоҷҳои кӯтоҳмуддат ва номуваффақ меноманд, бархе аз коршиносон мегӯянд, ин тағйиру ислоҳ баръакс барои онҳое, ки мехоҳанд, бо хориҷиён оила барпо кунанд, мушкилоту нофаҳмиҳое ба миён овардааст. Ин маҳдудият боис шуда, ки арӯсҳои тоҷику домодҳои хориҷӣ имрӯз аз роҳҳои дигар ва ғайриқонунӣ кор бигиранд ё танҳо бо издивоҷи ғайрирасмӣ иктифо кунанд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
Ҳуқуқшинос, Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар шароите, ки шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар ва сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа меафзояд, теъдоди чунин издивоҷҳо ҳам, табиист, ки зиёд мешавад, аммо ба далели меъёрҳои муайяншуда акнун домоду арӯсон аз расмӣ кардани зиндагии мушатаракашон худдорӣ менамоянд: «Барои никоҳи расмӣ онҳо бояд ба духтари тоҷик хона харанд, аммо онҳое, ки ҳамдигарро дӯст медоранд ин меъёр наметавонад садди роҳ шавад. Албатта, доштани моликияти умумӣ бекор кардани ақди никоҳро каму беш бозмедорад ва то ҷое ба манфиати занон аст, вале дар мавриди ҷавонҳое, ки хоҳиши бидуни ин шартҳо бо ягон фарди хориҷӣ издивоҷ карданро доранд ва ё дӯстдоштаҳои онҳо бо сабабҳои гуногун имкони дар Тоҷикистон харидани хонаро надоранд, аллакай ин ҷо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон барои барпо кардани оила ва ғайра маҳдуд мешавад. Дар ин ҳолат онҳо никоҳи худро ба қавле намегиранд ва никоҳҳои ғайрирасмӣ бештар шудан мегиранд.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Майсара, модари духтаре, ки бо ҷавони арабтаборе аз Амрико ақди никоҳ бастааст, мегӯяд, ҳар падару модар хушбахтии фарзанди худро мехоҳад ва онҳо ҳам қабл аз ин издивоҷ бо хонаводаи ҷавони хориҷӣ аз наздик ошно шудаву ӯро хуб омӯхтаанд. Издивоҷи духтари ӯ, ки то замони шартгузориҳои Тоҷикистон бо хориҷиҳо сурат гирифта буд, расман ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар ҳар сурат аз ояндаи зиндагии фарзандаш ӯ нигарон нест. Хонум Майсара мегӯяд қонунҳои кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқи занонро ҳимоя мекунад ва духтароне ҳам, ки ба хориҷиҳо издивоҷ мекунанд ғолибан пурра аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд. Ӯ мегӯяд, ҳоло бояд мақомоти Тоҷикистон бештар фикри онҳоеро кунанд, ки аз шавҳарони тоҷики худ талоқ гирифтаву бо чанд фарзанд дар дуроҳа мемонанд:
«Ман дар хориҷа зиёд гаштаам. Кишварҳои дигар қонуну қоидаҳои худро дорад. Агар ҷудо ҳам шаванд духтар дар кӯча намемонад. Нафақа ҷудо мешавад, ба фарзандаш хона медиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон худи тоҷикон духтарро гирифта фарзанддор мешаванд, баъди як муддати кӯтоҳ ӯро бо фарзанд аз хона пеш мекунанд, дигар духтар боз пушти дари падару модар меояд. Тоҷикистон бояд ин мушкилро бо шаҳрвандони худаш қаблан ҳал кунад.»

Бино бар омори расмӣ, талоқ дар Тоҷикистон дар соли 2012 ду баробар афзоиш ёфта, дар ин муддат беш аз 7 000 оила фурӯ пошидааст. Ҳанифа Хоҷаева, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯъро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ҳатто бо ҳамаи асноди мавҷуда низ занон наметавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, агар ҳадаф воқеан ҳифзи ҳуқуқи зани тоҷик аст, пас бояд чунин як қонун дар нисбати ҳама мардон, чӣ дохилӣ ва чи хориҷӣ қабул шавад: «Бояд мисли ин як қонуне барои шаҳрвандони тоҷик ҳам қабул шавад. Ҳоло бубинед мардон занҳои худро партофта мераванд ва солҳои дароз зан бо фарзанд дар ба дар мегардад. Ба ин мушкил бояд васеътар назар кард. Барои ҳифзи ҳуқуқи зан қонунҳои мусассиртаре қабул шаванд. Ҳоло бубинед ришва зиёд аст ва занон дар сурати талоқ гирифтан наметавонанд аз шавҳар ҳуқуқи худро талаб кунанд ва чизе бигиранд.»

Лутфия, як мусоҳиби мо, мегӯяд аксаран ҳамин вазъ боиси нигаронӣ ва дилсардии духтарон аз бунёди оила бо ҷавони тоҷик мешавад. Ӯ қиссаи як дугонаи худро овард, ки соле қабл бо ҷавони турк издивоҷ кардаву ҳоло дар Туркия зиндагӣ дорад. Ин духтар, ки чанд забонро медонаду дар Туркия кору таҳсил мекунад, пас аз дидани азобу азиятҳои хоҳари бузургаш, ки бо 3 фарзанд аз шавҳар талоқ гирифта, танҳо мондааст, нахостааст, ки дар кишвари худ оила бунёд кунад.
«Ҳар вақте, ки аз ӯ мепурсиданд, чаро шавҳари турк кардӣ, тоҷик набуд магар? Мегуфт, дилсарду тарсон шудааст. Ӯ ҳамеша аз дугона ва ҳатто апааш, ки аз шавҳарон талоқ гирифтаву ба мушкилоти зиёде мувоҷҷеҳ буданд мисол меовард. Ӯ, ки забондону хеле доно буд дар Туркия кору таҳсил кардаву бо ҷавони турк ошно шуд ва ҳамдгиарро хуб омӯхтаву бо ҳам издивоҷ карданд.»

Аммо бо ин ҳама бархе аз мусоҳибони мо аз баҳсҳои додгоҳӣ ва қазияҳои пурсарусадои занони тоҷик бо шавҳарони собиқи хориҷиашон, ба вижа аз Таҳмина, ки шавҳари туркаш талоши дуздидани духтарашро карда буд, мисол оварда, дар доираи қонун танзим кардани издивоҷ бо хориҷиҳоро ба манфиати занон медонанд.

Вале аз сӯйи дигар ба қавли ҳуқуқшиносон масоили занон ва ҷонибдорони издивоҷ бо атбои хориҷӣ, ин қонун имрӯз на ба ҳифзи занону духтарон, балки ба печидатар шудани мушкилоташон сабаб гаштааст. Онҳо акнун, агар номзадашон имкони харидани манзили зистро надорад, маҷбуранд, танҳо бо никоҳи динӣ иктифо кунанд ва дар сурати фурӯпошии ин хонаводаҳо занон, ба далели расмӣ набудани издивоҷашон, аслан бе ягон ҳаққу ҳуқуқ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG