Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни маҳдудияти вуруди бидуни виза ба ИМА ба иҷро даромад


Амрико рӯзи 21-уми январ қонуни маҳдудиятҳои вуруди бидуни виза ба он кишварро ба ҳолати иҷро даровард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сар аз панҷшанбеи 21-уми январ қонуни маҳдудиятҳои вуруди раводид ба қаламрави он кишварро ба иҷро даровард. Қонуни маҳдудияти сафар ба Амрико ҳудуди як моҳ қабл дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои ифротиҳо дар Аврупо ва Амрико, қабул шуд. Бар пояи ин қонун, шаҳрвандони 38 кишвар, ки бидуни виза ба Амрико мерафтанд, агар тобеият ё шаҳрвандии Эрон, Ироқ, Судон ва Сурияро дошта бошанд ва ё дар чанд соли гузашта ба ин кишварҳо сафар карда бошанд, бояд барои вуруд ба Амрико виза дарёфт кунанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар баёнияе эълом кардааст, ки тағйироти дарназаргирифташуда дар қонуни маҳдудияти вуруд ба Амрико, аз 21-уми январ амалӣ мешавад. Бар пояи қонуни маҳдудияти сафар ба Амрико, ин шаҳрвандон дигар наметавонанд бидуни виза ба ин кишвар сафар кунанд -- шаҳрвандони 38 кишваре, ки бо Амрико дар ин замина қарордод доранд, аммо аз моҳи марти соли 2011 ба Эрон, Ироқ, Судо ва Сурия сафар кардаанд (дар ин замина барои касоне, ки дар заминаҳои дипломатӣ ва ё низомӣ сафар кардаанд, истисно вуҷуд дорад). Шаҳрвандони 38 кишваре, ки бо Амрико дар ин замина қарордод доранд ва ҳамчунин дорои тобеияти кишварҳои Эрон, Ироқ, Судон ва Сурия ҳастанд.

Бинобар иттилои вазорати умури хориҷии Амрико, ин ду гурӯҳ аз ин пас бояд барои вуруд ба Амрико виза дарёфт кунад ва агар масъалаҳои изтирорӣ, аз ҷумла масоили тиҷоратӣ, табобат ё башардӯстона дар миён бошад, сафоратхонаҳои Амрико омодаанд, то мушкили ин афродро дар гирифтани виза бо зудтарин фурсат ҳал кунанд.

Ҳамчунин бино ба қонуни маҳдудияти сафар ба Амрико ва тағйироте, ки рӯзи 21-уми январ ба ҳолати иҷро даромад, иҷозатномаи электронии сафари касоне, ки пештар тобеияти дугонаи худро эълом кардаанд ва шаҳрванди яке аз чаҳори кишвар -- Эрон, Ироқ, Судон ва Сурия ҳастанд, эътибори худро аз даст медиҳад.

Аммо вазири амнияти дохилии Амрико метавонад барои бархе гурӯҳҳо истисно қоил шавад. Аз ҷумла барои афроде, ки ба ин чаҳор кишвар барои корҳои давлатӣ сафар кардаанд ва ё дар созмонҳои ғайридавлатӣ ё байналмилалӣ фаъолият доштанд. Дар ҳамин ҳол, хабарнигороне, ки бо сабаби фаъолиятҳои ҳирфаии худ ба ин кишварҳо сафар кардаанд, ҳам метавонанд шомили ин истисно бошанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе дар бораи ин қонун ва маҳдудиятҳо гуфт, "ин муҳим аст, ки таъкид кунем, ин қонун касеро аз сафар ба Амрико манъ намекунад. Фақат касоне, дучори маҳдудият мешаванд, бояд барои гирифтани виза, дархост кунанд."

Вай дар бораи қабул ва иҷрои ин қонун гуфт, ки сабаб амнияти миллии Амрикост. Ҳамлаҳо дар Аврупо ин нигарониро ба миён овард, ки ситезаҷӯёне, ки аз Сурия ва Ироқ ба Аврупо бармегарданд, дар садади омадан ба Амрико бидуни виза бошанд.

Тасвиби қонуни маҳдудияти сафар ба Амрико аз сӯи Конгреси ва имзои он аз сӯи раиси ҷумҳури он кишвар, мавриди интиқоди бархе кишварҳо ва ҳамчунин афроди душаҳрванда қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG