Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NGN таҳти назорати "Тоҷикителеком" эҳё шуд? САДО


Ширкати "Тамос" дар Тоҷикистон ба сокинони кишвар истифода аз хадамоти телефонии NGN-ро пешниҳод кардааст. Ин ширкат дар вебсайти расмиаш навишт, ки сокинон бо насби замима ё аплекейшни "Тамос" дар телефонҳои ҳушманди худ метавонанд, шумораи NGN-ро дарёфт кунанд.

"Дигарон ба ин кор ҷуръат намекунанд"

NGN - ро дигарбора боз мекунанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши онҳо маълум кард, ки хадамоти NGN-и пешниҳодшуда аз сӯи "Тамос" моли "Тоҷиктелеком", як ширкати вобаста ба Хадамоти алоқа аст. Ӯ гуфт, "Шумо ба рақамҳои NGN нигоҳ кунед. Барои мисол, "606 06 06", ин рақами марбут ба "Тоҷиктелеком" аст ва ширкатҳои мобилии дигар ҷуръат намекунанд, ки бе иҷозаи ин ниҳод NGN-ро ба роҳ монанд."

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

Дар вебсайти расмии ширкати "Тамос" номи бунёдгузорон ва ба кадом ширкати мобилӣ ё ниҳод тааллуқ доштани онҳо навишта нашудааст.

Шиноснома ва чанд акс талаб мекунанд

Бино ба иттилое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ширкати "Тамос" моҳи августи соли 2010 дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабт шуда, қароргоҳаш дар шаҳри Хуҷанд аст. Самти фаъолияти ширкат "хадамоти алоқаи мобилӣ" гуфта шудааст.

Як танзимгари вебсайти "Тамос", ки худро Максим муаррифӣ кард, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, сокинон бо пешниҳоди шиносномаи дохилӣ ваё хориҷӣ соҳиби рақами телефонӣ дар системаи NGN хоҳанд шуд. "Дар баробари ин, чанд акс (як акси рӯбарӯ ва дуи дигар аз ду тарафи чеҳра) бояд пешниҳод шавад. Вақте аксҳои Шумо бо акси шиноснома мувофиқат кард, барои тасдиқи дарёфти рақам паёмак фиристода хоҳад шуд", - гуфт ӯ.

Баъди бештар аз нуҳ моҳи баста шудани NGN дар Тоҷикистон, бори аввал аст, ки як ширкат чунин хадамотро пешниҳод мекунад. Соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пешниҳоди чунин навъи алоқаро барои ширкатҳои “Тоҷиктелеком”, “ТТ-Мобайл”, “Таком”, “Вавилон-М”, “Вавилон-Т”, “Индиго Тоҷикистон”, “Истэра”, “Интерком”, “Телеком технолоҷӣ” ва “Коминтел” манъ карда буд.

Чаро NGN-ро бастанд?

Он замон далели чунин тасмимро Хадамоти алоқа ба “мушкилоти техникӣ”, “пастсифат будани хидматрасонии алоқа”, “мушкили индендификатсия ё шинохти истифодабаранда” ва “пешгирӣ аз истифодаи ин хадамот бо мақсади ҷинояткорӣ” шарҳ дода буд. Баъдан Кумитаи андози Тоҷикистон дар як нома ба унвонии президент навишт, ки қимати гуфтугӯҳо тариқи NGN назар ба алоқаи мобилии муқаррарӣ 10 баробар арзонтар аст ва ба ҳамин хотир бахши даромади буҷети Тоҷикистон зарар мебинад.

Солҳои охир Хадамоти алоқа бо чанд тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод.

Соли гузашта дар пасманзари басташавии хадамоти телефонии NGN ва хатари масдудшавии паёмрасонҳои дигар дар Тоҷикистон, ширкатҳои дигар, аз ҷумла “Вавилон-Мобайл” барномаи паёмрасони навро роҳандозӣ карданд, ки хадамоти нисбатан дастраси телефониро барои муштариён пешниҳод мекунад.

"Монополисти табиӣ"

Дар шабурӯзи баҳси баста шудани NGN дар Тоҷикистон, шумораи истифодабарандагони он дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар расида буд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия буданд. Ин хадамот, ки аз роҳи пардохти маблағи ночиз пайвастшавии бидуни мушкил бо ҳама телефонҳои заминиву мобилиро дар Тоҷикистон фароҳам меорад, барои бисёр афроди раҳдур ва машғули кор муносиб буд.

Ширкатҳои мустақили мобилии Тоҷикистон моҳи феврал Хадамоти алоқа ва “Тоҷиктелеком”-ро як “монополисти табиӣ” номиданд, ки талош дорад хадамоти судовари бахши алоқаро зери назорат бигиранд.

Чанд тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа

Соли 2016 дар назди “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро ба роҳ монданд, ки омаду рафтаи зангҳои мобилиро танҳо аз як мӯрӣ танзим мекунад. Ин марказ бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуд ва он замон ҳам мақомот гуфтанд, ҳадаф кумак таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм аст.

Дар маҷмӯъ, дар чанд соли охир Хадамоти алоқа бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL-ро масдуд кард ва арзиши гуфтугӯи байналмилалиро боло бурд.

XS
SM
MD
LG