Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба рӯйдодҳои ахири Беларус. ВИДЕО


Нерӯҳои зиддиошӯби Беларус дар кӯчаи Минск, 10 августи соли 2020
Нерӯҳои зиддиошӯби Беларус дар кӯчаи Минск, 10 августи соли 2020

Интихоботи президентӣ дар Беларус аз камтарин маъракаҳои сиёсии солҳои охир буд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷуҳ карданд. Натиҷаҳои он ба баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис гашт ва ҳамчунин бархе аз сиёсатшиносон дар ин бора изҳори назар карданд.

Бино бар эълони Кумисюни марказии интихоботи Беларус, беш аз 80 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз президенти феълӣ Александр Лукашенко овоз доданд ва наздик ба10 дарсади аз номзади мухолифон, Светлана Тихановская, пуштибонӣ карданд. Ситоди мухолифон натиҷаҳоро напазируфт ва аз қонуншиканиҳо ва тақаллуб дар интихобот шикоят кард.

Чанде аз сарони давлатҳои шӯравии пешин аз баргузории интихоботи Беларус истиқбол карданд. Аз ҷумла, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пиирӯзиро ба Лукашенко табрик гуфт. Дар паёми шодбоши ӯ гуфта мешавад: "Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус" аст.

Ҷараёни интихобот ва пайомадҳои он аз тарафи коршиносон баҳои гуногун гирифтанд. Корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, пирӯзии Лукашенко ба маънои ҳифзи истиқлолу суботи ин кишвари пасошӯравист. Ӯ рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте давлат ҳифз шуд, баъдан метавонед ҳама лоиҳаҳо, чӣ демократия ва чӣ либерализмро дар дохили ин сохтор амалӣ кунед. Ҳоло ҳифзи хона муҳимтар аз ҳифзи чӣ гуна рангубор кардани он аст. Бино бар ин, дар таҷрибаи Беларус, ончӣ гузашт, ба мо бештар ҳамин чизро медиҳад."

Вале эътирозҳо дар Беларус баёнгари ноқаноатмандии як бахши аҳолӣ аз натиҷаҳои интихобот аст. Норозиён бовар доранд, ки рақобати сиёсӣ бо "тақаллуб" сурат гирифтааст ва талаб доранд, ки дар ин кишвари пасошӯравӣ "тағйирот" сурат гирад. Шаби 9-уми август ҳазорон нафар ба кӯчаҳои Минск ва шаҳрҳои дигари Беларус баромаданд. Полис барои пахши эътирозҳо аз норинҷакҳои ғулғулаафкан, тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Дар эътирозҳо 1 кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳар кишваре, ки сардори давлат кӯшиш кард зиёда аз ду дафъа дар қудрат бимонад, боис ба нигаронии шаҳрвандон ва мояи эътирозҳо мешавад: "Шаҳрвандони Беларус шояд ботамкинтарин миллат дар кишварҳои пасошӯравиянд, вале шунидану дидани як нафар дар қудрат ва мушоҳида нашудани таҳаввулот дар равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ онҳоро нигарон кард. Онҳо низ ахиран бе эътирозҳо иваз кардани қудратро надиданд."

Ҳуқуқдон ва сиёсатмадори тоҷик гуфт, "раиси ҷумҳури феълии Беларус воқеиятро дарк накард ва мебоист бо назардошти собиқаи фаъолияти худ аз иштирок дар интихобот худдорӣ меварзид ва ба шахсиятҳои дигар роҳ мекушод."

Видео: Баҳои коршиносони тоҷик ба интихоботи Беларус

Коршиносони тоҷик дар бораи интихоботи Беларус чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Александр Лукашенкои 65-сола аз соли 1994 раёсати ҷумҳури Беларусро ба уҳда дорад. Вай дар панҷ интихоботи гузашта бе мушкили зиёд президент шудааст, вале ин дафъа вазъият фарқ кард.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик фарқи интихоботи рӯзи якшанберо аз интихоботҳои пешинаи Беларус чунин баршумурд: "Дар гузашта Лукашенко рақибони кисагӣ дошт, вале ин навбат рақибон воқеӣ буданд. Албатта, инҳо сиёсатмадори воқеӣ набуданд, тасодуфан омаданд, вале он чӣ мушоҳида кардем, мардум ба ҳамин рақибони бетаҷриба овоз медоданд, танҳо ба хотири он ки онҳо рақиби Лукашенко буданд."

Фарқи дигари интихоботи 9-уми августи Беларус дар он аст, ки эълони натиҷаҳои он сабаби эътирозҳои оммавӣ гашт. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик дар як навиштааш дар Фейсбук бо такя ба маҳофили таҳлилгарон гуфтааст, ки дурнамои эътирозҳо метавонад ба се шакл идома пайдо кунад:

"Сенарияи аввал: эътирозҳо чанд рӯз идома мекунанд ва шумораи эътирозгарон ба сатҳи фавқулода зиёд намерасад;

Сенарияи дувум: эътирозҳои ошкоро ва роҳпаймоиҳо пахш мешаванд, аммо ба ҳукумат муяссар намешавад ҷомеаро ором кунад. Мухолифон ба шаклу усулҳои дигари эътироз мепардозанд, ки аз ҳоло баррасӣ мешавад: корпартоии умумимиллӣ, нофармонии мадании умумихалқӣ. Дар ин сурат иқтисоди Беларус мумкин аст, ба бунбаст дучор ояд, ки дар натиҷа ба фурӯ рафтани режими Лукашенко анҷомад. Ба ҳар ҳол мухолифон чунин натиҷаро чашмдоранд;

Сенарияи севум: садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо мерезанд, эътирозу корпартоӣ вусъати умумимиллӣ ва давомдор касб мекунад.

Кадоме аз ин сенарияҳо бештар воқеӣ аст, рӯзҳои наздик маълум мешавад. Бисёр чизҳо аз мавқеи Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо вобаста хоҳад буд."

Мақомоти Беларус Александр Лукашенкоро номзади пирӯз дар интихоботи президентӣ номиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Вале Шокирҷони Ҳаким дар ин масъала нигоҳи фарқкунанда дорад. Ба бовари ӯ, ҳодисаҳои ахир эҳтимол ба Лукашенко таъсир расонанд ва, мумкин аст, ҳатто ӯро “ислоҳ” кунанд. “Зеро рӯҳияи шаҳрвандонашро эътироф кард ва тадриҷан кӯшиш бояд кунад, ки ислоҳ шавад”, -- гуфт ӯ ва дар айни замон афзуд, “дар сурати ғайр, амиқрафти ин ҳодисаҳо метавонад оғози муташанниҷ шудани вазъ ва дигаргуниҳои сифатан нав дар давлатдории муосири Беларус шавад”.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG