Дар чанд ҷумла
Никита Журавелро ба "хиёнат" муттаҳам карданд
Никита Журавел, маҳбуси сиёсӣ дар Русия, ки писари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ӯро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ сахт зада буд, ба хиёнат ба давлат муттаҳам шудааст.
Додситонии кулли Русия рӯзи 3-юми октябр хабар дод, ки парвандаи ӯро барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Волгоград фиристоданд.
Дар айбнома гуфта шудааст, ки Журавели 20-сола дар моҳи марти соли 2023 гуё ба намояндаи Хадамоти Амнияти Украина (СБУ) дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба воситаи роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳои низомӣ навор фиристодааст.
Тибқи қонунҳои Русия, хиёнат ба давлат муҷозоти сахт дорад. Метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд.
Қаблан Додгоҳи Чеченистон Журавелро ба севуним сол зиндон маҳкум кард. Ӯро барои оташ задани “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмонон, дар зодгоҳаш, Волгоград, ба авбошӣ гунаҳкор карданд.
Худаш дар ҷараёни мурофиа аз мусалмонон маъзарат хост, аммо гуфт, нияти озурдани касеро надошт.
Созмони “Мемориал” Никита Журавелро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Як ширкати чинӣ дар дарёи Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад
Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин ду нерӯгоҳ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд.
Ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии "Айнӣ" бо иқтидори 160 МВт ва "Ёвон" бо иқтидори 100 МВт, сохта мешаванд.
Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои об рӯзи 25 июл дар Душанбе ин тарҳро бо раҳбарияти ширкати "China Gezhouba Group International Engineering Co., Ltd", баррасӣ кардаанд.
Ширкатҳои чинӣ ҳоло дар Тоҷикистон асосан дар бахши корманди маъдан ва роҳсозӣ фаъолият мекунанд.
Чин шарики муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон мебошад. Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, Тоҷикистон аз Чин беш аз 700 миллион доллар қарздор аст.
Афви як сокини Рашт, ки дар худкушии ҳамсараш муттаҳам буд
Як сокини ноҳияи Рашт, ки се сол пеш бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсараш ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд, бар асоси қонуни афв озод шудааст.
Як манбаъ дар ноҳияи Рахт бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз пеш Султони Абдулвоҳид аз зиндони шумораи 3/5 аз шаҳри Хуҷанд озод шуд.
Радиои Озодӣ моҳи августи соли 2022 бар асоси як навори видеоӣ, лаҳзаи худро ба дарё партофтани Маҳинаи Холмаҳмад, ҳамсари 23-солаи Султони Абдулвоҳид, гузориш карда буд.
Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, ҳодиса он замон пас аз он рух дод, ки шавҳараш ин занро талоқ дод.
Ҳамон сол Додгоҳи Рашт Султони Абдулвоҳиро бо моддаи 109(ба худкушӣ расонидан), шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.
Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.
Амрико 4 фард ва 9 ширкати вобаста ба Занҷониро таҳрим кард
Вазорати молияи Амрико аз ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи чаҳор фард ва 9 ширкати вобаста ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ хабар дод ва эълон кард, ки ин афрод ва ширкатҳо бахши муҳиме аз шабакаеро ташкил медиҳанд, ки барои коҳиши таҳримҳои зидди Эрон ва интиқоли махфиёнаи пул дар дохил ва хориҷи Эрон, фаъолият мекунад.
Бар асоси баёнияи Вазорати молияи Амрико, ки рӯзи 24 июл нашр шуд, ширкатҳои зермаҷмуаи гурӯҳи "Dot One"-и Бобаки Занҷонӣ дар Эрон ва ҳамчунин чанд ширкати фаъол дар Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар феҳристи таҳримҳо қарор гирифтаанд.
Вазорати корҳои хориҷи Амрико низ дар баёнияи алоҳида эълон кард, ин иқдом дар идомаи фишор бар ҳукумати Эрон пас аз ҳамлаҳо ба киштиҳои тиҷорӣ дар тангаи Ҳурмуз ва кишварҳои минтақа, сурат гирифтааст.
Вазорати молияи Амрико мегӯяд, Бобаки Занҷонӣ аз маҷмӯае аз фаъолиятҳо дар бахши хадамоти молӣ, тавлиди тилло ва ҷавоҳирот ва тарҳҳои калони боркашонӣ ва зерсохтӣ барои пинҳон кардани дороиҳо, пулшӯӣ ва афзоиши тавоноии интиқоли махфиёнаи пул, истифода кардааст.
Ин вазорат моҳи феврали имсол Бобаки Занҷонӣ ва ду саррофии диҷитолро, ки дар Бритониё ба номи ӯ сабт шудааст, таҳрим карда буд. Ба асоси эъломияи Вазорати молияи Амрико, бархе аз ин саррофиҳо барои пулшӯии Сипоҳи посдорони Эрон мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бобаки Занҷонӣ ва мақомоти ҳукумати Эрон то кунун ба ин иқдоми Амрико вокуниш нишон надодаанд
Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.
Аммо ҷониби Эрон иддао дорад, ки ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтанд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳояш дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.
15 низомии покистонӣ дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуданд
Бахши робита бо ҷомеаи артиши Покистон рӯзи 24 июл дар баёнияе эълон кард, ки афроди мусаллаҳ як худрави пур аз маводи таркандаро шабе пеш дар наздикии як постгоҳи бозрасӣ тарконданд ва 12 сарбоз, ду пулис ва як мақоми давлатиро ба ҳалокат расонданд.
Ин ҳамла дар ноҳияи Танки вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, сурат гирифтааст. Тибқи баёнияи артиши Покистон, 12 ниманизомӣ низ дар табодули оташи ҷавобӣ, кушта шуданд.
Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт ва дар баёнияе эълон кард, ки ин ҳамла тавассути чаҳор бамгузори интиҳорӣ ё худкуш, анҷом шудааст.
Таҳрики Толибони Покистон аз соли 2007 ба ин тараф алайҳи ҳукумати ин кишвар ҷангида ва ҳадафашро сарнагунии ҳукумат ва татбиқи шаритаи исломӣ тибқи тафсир ва бардоштҳои худаш дар ин кишвар, унвон кардааст.
Исломобод мегӯяд, афроди мусаллаҳи ин гурӯҳ аз паноҳгоҳҳои амн дар Афғонистон барои анҷоми ҳамлаҳо дар дохили Покистон истифода мекунанд.
Ҳукумати Толибон ҳамеша инро рад карда ва гуфтааст, ки ноамниҳои Покистон мушкили дохилии ин кишвар аст.
Даҳ сокини Язгуломро бар асоси қонуни афв озод кардаанд
Даҳ сокини ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷ, ки боздошту ҳабси онҳо дар солҳои 2024 ва 2025 сарусадо барпо карда буд, бар асоси Қонуни авф озод шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав гунаҳкор дониста, панҷсолӣ аз озодӣ маҳрум карданд, аммо худашон айбномаро напазируфтанд.
Ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми июл гуфтанд, ки яке аз онҳо ҳафтаи гузашта аз зиндони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе озод шудааст.
“Ӯро дар охири соли 2024 аз Русия оварда, ба зиндон маҳкум карда буданд,” – гуфт яке аз мусоҳибони мо. Номи ӯ ба далели амниятӣ навишта намешавад.
Боздошт ва ҳабси даҳҳо сокини ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст, дар солҳои 2024 ва 2005 сурат гирифт.
Дертар чанд нафар аз язгуломиҳое, ки дар маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ бо айбномаҳои ҳамсон дастгиру зиндонӣ шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аксари онҳоро ба ҳамкорӣ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” муттаҳам кард.
Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъст. Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ” дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафаранд. Омори нави эҳтимолӣ дар бораи онҳо дар даст нест.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) моҳи январи соли 2025 ба зиндон маҳкум кардани даҳҳо сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро “намунаи поймоли ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” номида, гуфт, “онҳо барои дигарандешӣ ҷазо гирифтанд”.
“Маош мерасад.” Сабаби афзоиши фасод дар Тоҷикистон чист?
Дар ҳоле ки маоши кам яке аз сабабҳои афзоиши фасод дар идораҳои давлатии Тоҷикистон номбар мешавад, мақомот назари дигар доранд.
Муовини якуми раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфт, дар солҳои охир маошу нафақа чанд бор афзудааст ва барои рӯзгор кофист, аммо бояд мафкураи одамонро дар бораи харҷи пул дигар кард.
Барот Расулӣ рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, “вақте мафкураи мардум дигар шуд, маош ҳам мерасад.”
Дар ҳоли ҳозир маоши миёна дар Тоҷикистон тақрибан се ҳазору дусад сомонӣ ё каме бештар аз сесад доллари амрикоист. Қарор аст, аз моҳи сентябри имсол маоши кормандони давлатӣ ва нафақа дар Тоҷикистон зиёд карда шавад.
Бо вуҷуди ин, дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд ва онҳо чархи зиндагиро бо пуле мегардонанд, ки ҳамсару фарзандон ё хешовандон аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ё кишварҳои дигар мефиристанд.
Навор дар Инстаграм:
Ҳамлаи дигар ба анбори Wildberries дар Русия
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Украина анбори ширкати тиҷорати онлайнии Wildberries дар вилояти Ленингради Русия оташ гирифтааст. Волии вилояти, Александр Дрозденко, 24-уми июл хабар дод, ки бар асари ҳамлаи паҳподҳо се нафар маҷруҳ шуд.
Wildberries, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷории Русия ба шумор меравад, тасдиқ кардааст, ки фаъолияти ду маркази лоҷистикияш дар вилояти Ленинград мутаваққиф гардида, кормандони ширкат аз нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украина берун кашида шудаанд. Аммо Wildberries исрор меварзад, ки дар ҳамлаи охир касе ҷароҳат набардошт.
Дар як ҳафтаи гузашта панҷ анбори Wildberries мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки тибқи ҳисобҳои тахминӣ даҳ дарсади имконоти лоҷистикӣ ё икмолотии ин ширкатро ташкил медиҳанд.
18-уми июл ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба анборҳои Wildberries дар шаҳрҳои Котовски вилояти Тамбов ва шаҳри Электростали вилояти Маскав ҳамла карданд. Дар натиҷа 8 коргари Wildberries ба ҳалокат расиданд.
Баъди чор рӯз анборҳои ин ширкат дар шаҳрҳои Краснодар, маркази вилояти Краснодар ва Невинномисски вилояти Ставрополи ҷануби Русия ҳадафи ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ қарор гирифтанд.
Русия ҳар рӯз шаҳрҳои Украина, марказҳои лоҷистикӣ, нерӯгоҳҳо ва хату шабакаҳои интиқоли барқи Украинаро оташборон мекунад.
Киев бар ин назар аст, ки Wildberries дар таҷовузи Русия ба хоки Украина саҳм дошта, тавассути ин ширкати азим амволи ҷангӣ нигаҳдорӣ ва интиқол меёбанд.
Кремл ин айбномаро рад мекунад.
Ҳамлаҳои ахири Украина марҳилаи наверо дар ҷанги чорунимсола боз мекунанд, чун дастовардҳои низомии Русияро беасар карда, ҳаёти маъмулии мардуми Русияро дар манотиқи хеле дуртар аз марз бо Украина дарҳаму барҳам мезананд.
Амволи Wildberries ҳамроҳ бо рақибаш, ширкати ОЗОН, ҳаштуним дарсади маҷмӯи маҳсулоти миллии Русияро ташкил медиҳанд. Дар ин ду ширкати азим 4 миллион нафар кор мекунад, ки панҷ дар сади нерӯйи кории Русияро ташкил медиҳад.
Видео дар инҷост:
Таваққуфи убури нафткашҳо аз тангии Ҳурмуз
Теъдоди нафткашҳое, ки аз тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузаранд, рӯзи 23-юми июл ба камтарин шумора дар наздик ба 7 ҳафтаи охир расид.
Тибқи маълумоти ширкатҳои назорат бар рафтуомади нафткашҳо, дар ин рӯз танҳо як нафткаши калон, ки ду миллион бушка нафти хом бо худ дошт, аз тангии Ҳурмуз берун ва роҳии Чин шуд.
Дар ин рӯз ҳеч нафткаше вориди тангаи Ҳурмуз нашуд.
Дар рӯзҳои чаҳоршанбе ва сешанбе ба тартиб 3 ва 8 нафткаш аз тангии Ҳурмуз убур карда буданд.
Дар шароити одӣ шумори киштиҳое, ки рӯзона аз ин оброҳа мегузаштанд, то 150 киштӣ мерасид.
Дафни як ҷонбохтаи ҳамла ба анбори Wildberries дар Тоҷикистон
Як қурбонии ҳамла ба анбори Wildberries, ширкати азими онлайнӣ дар Русия, рӯзи 23-юми июл дар ноҳияи Ҷайҳун, ҷануби Тоҷикистон, дафн карда шуд.
Наврӯзҷон Содиқов 25 сол дошт.
Вай рӯзи 18-уми июл дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба анбори Wildberries дар вилояти Подмосковйе ҷон бохтааст.
Бародараш, Тоҷиддин Содиқов, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасад ё пайкари Наврӯзҷонро аз шаҳри Электростали вилояти Маскав оварданд.
Ӯ афзуд, то кунун ягон ширкат ё масъуле барои марги бародараш ҷуброн напардохтааст.
Нашрияи "Новая Газета Европа" навишт, ки "Ресурс Плюс", ширкати ҳамкори Wildberries, ба пайвандони Наврӯзҷон Содиқов 1 миллион рубл додааст. "Ресурс Плюс" коргаронро аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) барои фаъолият дар анборҳои Wildberries дар Русия ҷалб мекунад.
Дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилоятҳои Томбов ва Подмосковйеи Русия рӯзи 18-уми июл ҳашт нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Анборҳои ширкати азими Wildberries рӯзи 22-юми июл низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Татяна Ким, мудири кулли ширкат, гуфт, дар ин ҳамла дар Краснодару Невинномиск камаш даҳ кас маҷруҳ шуд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳамлаҳоро ба анбори Wildberries дар Русия тасдиқ кард ва гуфт, онҳо марказҳоеро нишон гирифтаанд, ки “дар таъмини артиш” нақш доранд.
Нархи ҷаҳонии нафт боло рафт
Қимати ҷаҳонии нафт ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, рӯзи чоршанбеи 22 июл бори дигар афзоиш ёфт. Ҳамакнун қимати ҳар бушка нафти хоми навъи "брент" барои аввалин бор дар тақрибан шаш ҳафтаи гузашта, аз 95 доллар боло рафт.
Дар баробари нафти хоми "брент", шохиси нархи нафти хоми Амрико маъруф ба West Texas Intermediate, ба беш аз 87 доллар дар ҳар бушка расид.
Ин нархҳо беш аз се дарсад бештар аз қимати рӯзҳои қабл ҳастанд ва нишондиҳандаи афзоиши нигаронӣ дар бозорҳои молии ҷаҳон аз ба вуҷуд омадани нобасомонии бештар дар таъмини маводи сӯхт аст.
Аз оғози даври нави ҳамлаҳои Амрико ба Эрон пас аз имзои созишномаи Исломобод, қимати нафт беш аз 20 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", изҳороти рӯзи чаҳоршанбеи Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар бораи ҷиддӣ набудин Эрон дар музокирот ва ҳамин тавр, сӯҳбатҳои ахири Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба иншооти ҳастаии махфии Эрон дар "Кӯҳи Куланг", боис шудааст, то таҳлилгарони бозорҳои молӣ эҳтимоли убури қимати нафт аз 100 доллар дар ҳар бушка тайи рӯзҳои ояндаро бисёр боло арзёбӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, нашри хабарҳо аз тағйири масири бештари нафткашҳо дар Баҳри Сурх пас аз ҳушдори гурӯҳи "Ҳусӣ"-ҳои Яман дар ҳадаф қарор додани киштиҳои Арабистони Саудӣ дар танга ё гулугоҳи Боб-ул Мандаб, дар афзоиши қимати нафт дар ду рӯзи ахир таъсир доштааст.
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 22 июл гузориш дод, ки чаҳор нафткаши ҳомили нафти хоми Арабистони Саудӣ ба Осиё, дар Баҳри Сурх масирашонро ба тарафи шимол тағйир доданд. Як рӯз пеш низ се нафткаши дигар ҳам масирашонро ба тарафи шимол тағйир дода буданд.
Истифода аз роҳи канали "Суэтс" барои хуруҷ аз Баҳри Сурх боис мешавад, то замони расидани нафткашҳои ҳомили нафти Арабистони Саудӣ ба кишварҳои шарқи Осиё чанд ҳафта афзоиш ёбад.
Дар ҳамин ҳол, вебсайти рафтуомади баҳрӣ дар гузорише эълон кард, ки бо вуҷуди таҳдидҳо ва ҳамлаҳои нав, убур ва мурури нисбӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Боб-ул-Мандаб идома дорад. Ин дар ҳоле аст, ки Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, ки тангаи Ҳурмуз баста аст.
Ҳушдори Трамп дар бораи ҳамла ба пулҳо ва нерӯгоҳҳои Эрон
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 22 июл ҳушдор дод, ки агар Эрон дар тангаи Ҳурмуз ба ҳар киштӣ ҳамла кунад, Амрико дар посух як пул ё нерӯгоҳи барқии ин кишварро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Social Truth навишт, "аз ҳамин лаҳза ба баъд, ҳар гоҳ Эрон дар тангаи Ҳурмуз бо мушак, паҳбод ё ҳар навъи силоҳи дигар ба як киштӣ ҳамла кунад, ИМА як пул ё нерӯгоҳи барқии ин кишварро бамборон ва нобуд хоҳад кард".
Ӯ афзудааст, ки ин ҳушдор шомили пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ дар дохил ва атрофи шаҳри Теҳрон низ мешавад.
Раисҷумҳури Амрико пеш аз ин низ гуфта буд, ки агар Теҳрон созиши мавриди назарро напазирад, ИМА дар ҳафтаҳои оянда ҳамлаҳои худ ба пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқи Эронро густариш хоҳад дод.
Трамп ҳамчунин пеш аз имзои созиши оташбас, борҳо Эронро ба ҳамла ба зерсохтҳо, аз ҷумла, пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ, таҳдид карда буд.
Амрико дар даври нави ҷанг бо Эрон, ки акнун вориди дувоздаҳумин рӯзи худ шуд, то кунун чандин пулро дар минтақаҳои гуногуни Эрон, ба вижа дар ҷануби ин кишвар, ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор додааст.
Раҳоии писари як сокини Исфара, ки барои $100 000 кушта шуд
Абдусалом Содиқов, писари зиндонии яке аз фаъолони собиқи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро баъд аз се моҳи ба таври бераҳмона кушта шудани падараш озод кардаанд.
Мунаввара Содиқова, модари Абдусалом, рӯзи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро 17-уми июл бар асоси қонуни афв раҳо карданд ва ба хонаводаи онҳо "андаке хурсандӣ омад".
Ба иттилои расмӣ, Маннон Содиқов (Домулло Абдуманнон)-и 60-сола моҳи май фирефтаи ваъдаи ду нафар барои раҳоии писараш дар ивази 100 000 доллар шуда, вале худ кушта шудааст. Ҷасади ӯро 2-юми майи имсол дар таҳхонаи иморати нимасохтае дар деҳаи Чорбоғи Исфара пайдо карданд.
Эҳсон Бобоеви 31-сола ва хеши 46-солааш Юсуф Шарифов бо гумони қатл ва ғорати 100 ҳазор доллари Маннон Содиқов дастгир шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ду нафар Маннон Содиқовро бо ваъдаи озод кардани писари зиндониаш фиреб додаанд.
Бо гузашти тақрибан се моҳи қатл, мақомоти интизомӣ дар бораи ҷараёни таҳқиқ чизе нагуфтаанд. Талоши батакрори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомоти интизомӣ дар бораи парванда натиҷа надод.
Ба гуфтаи чанд вакили дифои хориҷ аз Тоҷикистон, ки номашон ба далели амниятӣ нашр намешавад, дар кишвар ингуна муомилаҳои ғайриқонунӣ бе миёнаравии мақомоти интизомӣ сурат намегирад.
Абдусалом Содиқовро соли 2024 бо гуноҳи фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буданд.
Модараш, Мунаввара Содиқова, мегӯяд, писараш ҳангоми гуфтугӯҳои телефонӣ ба падар мегуфтааст, барои раҳоии ӯ пуле надиҳад, зеро мумкин аст, “онҳоро моҳҳои оянда афв кунанд”, вале падараш ба ин гуфтаҳо эътиное накардааст.
Бар асоси Қонуни афв, ки рӯзи 16-уми июл қабул шуд, дар Тоҷикистон ҳазорон нафарро аз зиндонҳо раҳо карданд, аз ҷумла онҳоеро, ки дар тундгароӣ ҳам гунаҳкор дониста шудаанд.
Тоҷикистон нисфи пули "евробондҳо"-ро баргардондааст
Тоҷикистон 250 миллион доллар маблағи "евробондҳо"-ро баргардондааст ва кишвар ният дорад, ки боқимондаи маблағро то соли оянда бозпас диҳад. Ин омор 22-юми июл дар нишасти хабарии Вазорати молия садо дод.
Ба гуфтаи намояндагони вазорат, 100 миллион доллари дигар моҳи сентябр ва 150 миллиони боқимонда моҳи апрели соли оянда пардохт мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, кишвар дар масъалаи бозгардонии маблағи "евробондҳо" ягон мушкилӣ надорад.
Маълумоти алтернативӣ дар ин бора дастрас нест.
Бонки Осиёии Рушд дар соли 2018 гуфта буд, пардохти фоиз ё баҳраи "евробондҳо" ба иқтисоди Тоҷикистон гаронӣ мекунад.
Тоҷикистон дар соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба 500 миллион доллар "евробонд" фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ. Ин маблағ бояд солҳои 2026-2027 баргардонида шавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия 22-юми июл аз тасмими фурӯши "евробондҳо" ҳимоя кард ва гуфт, Тоҷикистон ният дорад, ки "фурӯши бондҳои сабз"-ро ба роҳ монад. Қаҳҳорзода афзуд, ҷузъиёти фурӯши бастаи нави "евробондҳо" бояд моҳи сентябр муайян шавад.
"Бе ҷалби маблағҳои қарзии дарозмуддат ва имтиёзнок, татбиқи чунин лоиҳаҳо мисли неругоҳи Роғун имкон надорад", - афзуд вазири молияи Тоҷикистон.
Навор дар Инстаграм:
Тибқи омори нави Вазорати молия, Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол барои баргардондани қарзҳои хориҷӣ 270,3 миллион доллар сарф кардааст.
Манбаъ мегӯяд, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли имсол ба 2,9 миллиард доллар расидааст, ки ба 13,7 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Сел дар Рӯшон даҳҳо манзилро вайрон кардааст
Дар пайи фаромадани сел дар ноҳияи Рӯшон даҳҳо хона зарар дидааст. Мақомот гуфтанд, ки талафоти ҷонӣ нест.
Ҳодиса 20-уми июл дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшон бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо рух додааст.
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, дар деҳаи Баррӯшон 10 хона пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври ҷузъӣ зарар дид.
Дар Деҳрӯшон чора хона қисман ва 6 хона ба таври ҷузъӣ осеб дидааст. Дар умум, ба иттилои мақомот, дар ин ҳодиса ба чиҳил хона зарар расидааст.
Сокиноне, ки аз ин ҳодиса зарар дидаанд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд ва қарор аст ба онҳо манзилҳои нав сохта диҳанд.
Хисороти сел дар Рӯшон пурра дақиқ нашудааст ва ба гуфтаи мақомот "ҳар хонавода вобаста ба ҳаҷми зарар кумак дарёфт хоҳад кард".
Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табиии зиёд, аз ҷумла омадани селу тармафароӣ ва шамоли сахт шуд.
Фақат дар моҳи май бар асари омадани сел камаш 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 52 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.
Навор дар Инстаграм:
Дар Тоҷикистон дар ним сол 30 созмон баста шудааст
Дар нимаи аввали имсол кори 30 созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон қатъ шудааст.
Ҷаҳонгир Сайдализода, намояндаи Вазорати адлия, рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 1700 иттиҳодияи ҷамъиятӣ мондааст. Ӯ аз созмонҳое, ки дигар фаъол нестанд, ном набурд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар ин нишаст, "хотима ёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастон"-ро яке аз сабабҳои асосии қатъи фаъолияти баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ номид.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони дифоъ интиқод мекунанд. Мақомот ин танқидҳоро қабул надоранд.
Тибқи омори Вазорати адлия, созмонҳои иҷтимоӣ дар нимаи аввали соли равон ин миқдор маблағ ё грант гирифтаанд:
- 46 миллиону 93 ҳазору 363 сомонӣ
- 21 миллиону 852 ҳазору 905 доллар
- 7 миллиону 660 ҳазору 448 евро
- 6 миллиону 424 ҳазору 524 дирҳами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон давоми чор соли охир аз фишори афзояндаи мақомот шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин фишорҳо баъд аз саркӯби эътирозҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахттар шуд.
Фаъолони мадании ВМКБ соли 2023 гуфта буданд, ба баъзе аз онҳо фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳо худро барҳам диҳанд. Ҳарчанд мақомот он вақт ин шикоятро рад карда буданд.
Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон баста шуданд. Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо моҳи декабри соли 2023 дар Душанбе гуфт, "ин ба нафъи демократисозии ҷомеа нест."