Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти тоҷикони Кемерово: Тоҷикон дар сӯхтор осеб надиданд. ВИДЕО


Раҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Кемерово Ошурбек Мастонов гуфт, дар сӯхтори маркази тиҷоратии ин шаҳр, ки ҷони беш аз 50 нафарро гирифт, ҳеҷ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надиданд.

Ошурбек Мастонов, ки рӯзи 26 март бо Радиои Озодӣ аз назди макони сӯхтор сӯҳбат мекард, гуфт, дар ошёнаи аввали маркази тиҷоратӣ чанд шаҳрванди Тоҷикистон нуқтаи таҳияи ғизои зудпухти шаурмаро идора мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, дар дақиқаҳои сар задани сӯхтор рӯзи 25 март онҳо тавонистанд ҷон ба саломат баранд. “Албатта, дар ин сӯхтор бинои маркази тиҷоратӣ ба коми оташ рафт ва шаурмафурӯшиҳои тоҷикон ҳам эҳтимолан нобуд шуд, вале хуб шуд, ки онҳо сари вақт аз макони сӯхтор берун рафта осебе надиданд”, гуфт Ошурбек Мастонов.

Вай гуфт, ки дар ин бора ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам сари вақт хабар додаанд.

Рӯзи 26 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба унвонии президенти Русия Владимир Путин дар робита бо даргузашти даҳҳо нафар дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардӣ кард.

Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари сӯхтор дар маркази тиҷоративу фароғатии "Зимняя вишня" дар вилояти Кемеровои Русия 64 нафар ҷон бохта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Интизор меравад, ки шумораи қурбониёни ин ҳодиса афзоиш ёбад. Шаҳри Кемерово дар 3000-километрии шарқи Маскав воқеъ аст.

Сӯхтор рӯзи якшанбеи 25-уми март оғоз шуд ва то субҳи душанбеи 26-уми март идома доштааст. Шумораи қурбониёни ин ҳодиса дар соатҳои гузашта афзоиш пайдо кардааст ва гурӯҳҳои наҷотбахш дар ҷустуҷӯи касоне ҳастанд, ки дар дохили бино банд мондаанд.

Масоҳати маркази савдое дар он сӯхтор сар зад, ба 23 ҳазор метри мураббаъ мерасад ва шомили истгоҳи мошинҳо, фурӯшгоҳ, боулинг, маркази кӯдакон ва толори синамо аст.

Муовини вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар минтақаи Кемерово Борис Дедухин ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҷасадҳои 37 тан пайдо шудааст, вале ташхиси ҳуввияти онҳо ғайримумкин аст. Вай афзудааст, ки ҳадди ақал 9 кӯдак низ дар байни ҳалокшудагон ҳастанд. Хабаргузории расмии Русия - ТАСС аз қавли манбаъҳои худ навиштааст, ки ҳадди ақал 41 кӯдак дар миёни нопадидшудаҳо қарор доранд.

Сабабҳои ҳодиса то ба ҳол маълум нест. Аммо мақомоти маҳаллӣ дар ҳоли ҳозир ба таҳқиқот оғоз кардаанд. Кумитаи таҳқиқотии Русия мегӯяд, ба назар мерасад, ки сӯхтор дар яке аз толорҳои синамои ин маркази савдо оғоз шудааст. Ин кумита ба хабарнигорон гуфтааст, сақфи ду толори синамо дар ин маркази савдо фурӯ рехтааст.

Тибқи гузоришҳо, ҳудуди 120 нафар аз маҳали ҳодиса берун бурда шудаанд. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев аз вазири тандурустии он кишвар хостааст барои назорат бар таҳқиқот ва корҳои кӯмакрасонӣ, ба Кемерово биравад.

Сӯхтор дар маркази тиҷории Кемеровои Русия ҳаёти камаш 37 нафарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Наворҳои телевизионӣ нишон медиҳад, ки аз дохили бино дуди ғализ берун меояд ва шумораи зиёди оташнишонҳо талош доранд биноро холӣ кунанд. Ҳамчунин дида мешавад, ки мардум аз тирезаҳо худро ба поин меандозанд, то аз марг наҷот ёбанд.

Як мақом дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки дар чандин табақаи ин маркази савдо кормандон ва муштариён қарор доштанд, вале дақиқ нест, ки ҳини оташсӯзӣ шумораи онҳо чанд нафар будааст. Кумитаи таҳқиқотӣ гуфтааст, ки 30 нафар ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Масоҳати маркази савдое дар он сӯхтор сар зад, ба 23 ҳазор метри мураббаъ мерасад ва шомили истгоҳи мошинҳо, фурӯшгоҳ, боулинг, маркази кӯдакон ва толори синамо аст. Ин марказ дар соли 2013 ифтитоҳ шуд.

Кемерово як шаҳри саноатӣ ва маркази вилояте бо ҳамин ном воқеъ дар минтақаи Сибири Русия аст.

XS
SM
MD
LG