Шаби 5-ум ба 6-уми июл боз ду бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, доир гардид.
Нахуст тимҳои миллии Бразилия ва Норвегия дар варзишгоҳи «Метлайф» (Ист-Ратерфорд, ИМА) рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Норвегия бо ҳисоби 2:1 ба охир расид.
Ҳамлагари норвегиягиҳо Эрлинг Ҳоланн дар дақиқаҳои 79-ум ва 90-ум ду гол ба самар расонд. Бояд зикр намуд, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 14-ум, нимҳимоятгари бразилиҳо Бруно Гимарайнш аз пеналти натавонист гол занад.
Дар дақиқаи 90+10 ҳамлагари бразилиҳо Неймар аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро тағйир дод, аммо мунтахаби Бразилияро аз бохт наҷот дода натавонист. Ба шарофати ин пирӯзӣ мунтахаби Норвегия барои аввалин бор дар таърих ба чорякфинали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
Бозии дигари даври 1/8-ниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Мексика ва Англия, ки дар варзишгоҳи «Астека» (Мехико, Мексика) доир гардид, бо ғалабаи инглисҳо бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби Англия ду голро нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем дар дақиқаҳои 36-ум ва 38-ум ба самар расонд. Инчунин ҳамлагар Ҳарри Кейн дар дақиқаи 60-ум тӯбро аз пеналти вориди дарвоза кард.
Голҳои мунтахаби Мексикаро ҳамлагарон Хулиан Кинйононес (42) ва Раул Хименес (69, аз пеналти) заданд.
Бояд гуфт, ки аз дақиқаи 54-ум ҳайати мунтахаби Англия як нафар коҳиш ёфт, ҳимоятгар Ҷарелл Куанса корти сурх гирифт.
Ба ин тартиб, дар чорякфинали мусобиқа тими миллии Англия бо мунтахаби Норвегия вориди рақобат мешавад.
Ёдовар мешавем, 4-ум ба 5-уми июл ду бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 доир гардида буд.
Нахуст тимҳои миллии Канада ва Марокаш дар варзишгоҳи «Эн-Эр-Ҷи Стэдиум» дар Хюстони ИМА вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо пирӯзии марокашиҳо бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд.
Нимҳимоятгари мунтахаби Марокаш Аззедин Унаҳӣ дар дақиқаи 50-ум ҳисбро боз кард. Вай голи дувумро дар дақиқаи 82-юм ба самар расонд. Голи севумро дар дақиқаи 90+8 ҳамлагари марокашиҳо Суфиён Раҳимӣ зад.
Дар бозии дувуми даври 1/8-ниҳоӣ тими миллии Фаронса мунтахаби Парагвайро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Линколн Файненшел Филд» (Филаделфия, Пенсилвания, ИМА) доир шуд. Сардовари ин бозӣ Илгиз Танташев аз Узбекистон буд, ки аз уҳдаи вазифааш бо сарбаландӣ набаромад ва аз 10 имтиёзи имконпазир танҳо як имтиёз гирифт.
Голи ягонаро ҳамлагар Килиан Мбаппе дар дақиқаи 70-ум аз пеналти ба нишон расонд. Дар 1/4 финал шогирдони Дидйе Дешам бо мунтахаби Марокаш, ки аввалин шуда ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт, рақобат хоҳанд кард.
Дар 1/8 финал, ки то 8-уми июл идома меёбад, боз чаҳор бозӣ байни тимҳои миллии Португалия - Испания, ИМА - Белгия, Аргентина - Миср ва Швейтсария - Колумбия доир мегардад.
Бозиҳои 1/4-ниҳоӣ рӯзҳои 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.
1/8 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
7 июл
00:00. Португалия - Испания (Даллас)
05:00. ИМА - Белгия (Сиэтл)
21:00. Аргентина - Миср (Атланта)
8 июл
01:00. Швейтсария - Колумбия (Ванкувер)
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса), Лионел Месси (Аргентина) ва Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7-голӣ пешсафанд.
Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Ҳарри Кейн (Англия) бо 5 гол, Винисиус Жуниор (Бразилия), Ҷуд Беллингем (Англия), Исмоил Сарр (Сенегал), Микел Оярсабал (Испания), Усмон Дембеле (Фаронса) ва Хулиан Кинйонес (Мексика) бо чорголӣ шомиланд.