Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фароз: "Ҷонибдори болоравии нархи газ дар Тоҷикистон нестем"


Ширкати "Фароз", яке аз ширкатҳои асосии таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, сабабҳои болоравии нархи маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъро дар кишвар шарҳ дод. Ин ширкат рӯзи 27-уми июн дар баёнияи расмӣ гуфт, вазъи ба вуҷудомада ба тақрибан 40 дарсад кам шудани интиқоли сӯзишворӣ аз Қазоқистон рабт дорад.

"Сабаби асосии баландшавии нархи гази моеъ дар бозори дохилии кишвар, кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби "СНПС-Актобемунайгаз"-и Қазоқистон ва норасоии он дар ин кишвар ба шумор меравад", - гуфта шудааст дар изҳороти "Фароз".

Ин ширкат гуфтааст, шахсан ба болоравии арзиши сӯзишворӣ дар кишвар манфиатдор нест ва ваъда додааст, ки моҳҳои оянда бозори дохилиро бо гази моеъ ва нархи дастрас таъмин хоҳад кард. Масъулони ширкат дар охир аз мардум хостаанд, "бидуни таҳлилу далелҳои ҷойдошта ва дарки ҳолати воқеии масъалаи мазкур, болоравии арзиши гази моеъро бо хулосабарориҳои беасос ва ҳар гуна суханони иғвоомезу бардурӯғ баҳогузорӣ накунанд."

Гузориш аз 26-уми июн:

"Боди қиматӣ аз Русия мевазад" Истгоҳи охирини нархи сӯзишворӣ куҷост?​

Як ширкати миёнарав дар Русия ширкатҳои воридкунандаи сӯзишвориро дар Тоҷикистон наздики 5 миллион доллар фиреб додааст, ки боиси боз ҳам амиқтар гаштани буҳрони маводи сӯхт дар кишвар шудааст.

Қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рекордҳои навро фатҳ мекунад. Ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ мегӯянд, ин нуқтаи ниҳоӣ нест ва баҳои он дар ояндаи наздик боз ҳам боло хоҳад рафт.

Агар нархи сӯзишвориро бо аввали сол – моҳи январ – муқоиса кунем, нархи он 20 дарсад ва нисбат ба моҳи июни соли гузашта 32 дарсад гарон шудааст

Тайи ду ҳафтаи охир Тоҷикистон шоҳиди камбуди гази моеъ ва болоравии бесобиқаи нархи он дар кишвар шуд. Қимати як литр гази моеъ аз 3 сомониву 40 дирам то ба 4 сомониву 70 дирам ва дар баъзе минтақаҳо то 5 сомонӣ боло рафт.

Бар изофа қимати бензину солярка низ дар фурӯшгоҳҳои кишвар якбора боло рафт. Айни замон як литр бензини ба истилоҳ мардумии навъи А92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 7 сомониву 50-60 дирам нарх доранд. Қимати бензини навъи А95 ба 8 сомонӣ дакка мехӯрад.

Мақомот: Нархро аз биржаи Санкт-Петербург пурсед

Ангушти ишораи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба сабабҳои гароншавии бесобиқаи нархи сӯзишворӣ дар кишвар ҳамоно сӯи хориҷа аст.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ширкатҳо сӯзишвориро вобаста ба нархи муайянкардаи биржаи молу ашёи шаҳри Санкт-Петербурги Русия мехаранд ва дар ин биржа қимати сӯзишворӣ боло рафтааст. “Нархи сӯзишворӣ дар биржаи молу ашёи шаҳри Санкт-Петербург нисбат ба моҳи апрел 10 дарсад боло рафтааст. Агар нархи сӯзишвориро бо аввали сол – моҳи январ – муқоиса кунем, нархи он 20 дарсад ва нисбат ба моҳи июни соли гузашта 32 дарсад гарон шудааст”, - гуфт мусоҳиби мо дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Гуруҳи корӣ: Сӯзишвориро аз анбор берун оред

Барои танзими нархи сӯзишворӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бо иштироки ҳама ниҳодҳои дахлдори давлатӣ як гуруҳи кории вижа таъсис ёфтааст.

Айни ҳол ширкати “Аллат” ба воридоти гази моеъ аз Узбекистон ба Тоҷикистон машғул аст, ки ният дорад ба ҷои 6 ҳазор тоннаи пешбинишуда 8 ҳазор тонна гази моеъ ворид кунад.

Яке аз чораҳои андешидаи гуруҳ дар ин шабу рӯз ин аст, ки барои то ҳадде муътадил кардани нарх Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ фурӯши сӯзишвориро аз анборҳои худ дар ин шабу рӯз бештар мекунад.

“Нарх боз ҳам боло меравад”

Аммо ҳамсуҳбатони мо аз шумори тоҷирони фаъоли бозори сӯзишворӣ мегӯянд, аз як сӯ вайрон шудани корхонаи истеҳсоли гази моеъ дар Қазоқистон ва аз сӯи дигар фиреб хӯрдани ширкатҳои Тоҷикистон аз тарафи як шикрати русӣ боиси якбора гарон шудани нархи сӯзишворӣ гаштааст.

Як ҳамсуҳбати мо, ки корманди ширкати воридкунандаи сӯзишвории нафтӣ аст ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, ширкатҳои Тоҷикистон ба як ширкати русӣ маблағ пешпардохт карда, сӯзишвориро харидорӣ мекарданд. “Ҳоло 10 ширкат аз Тоҷикистон, ки ба ин ширкат аз 40 то 500-ҳазордолларӣ пул пешпардохт карда буданд, на сӯзишворӣ гирифта метавонанд ва на пулашонро бозпас. Ин ширкат мегӯяд, ки гӯиё муфлис шудааст ва пули ширкатҳои Тоҷикистон бозпас намедиҳад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба таъкиди манбаъ, дар маҷмуъ, ҳудуди 5 миллион доллари ширкатҳои Тоҷикистон дар суратҳисоби ин ширкати русӣ дармондааст ва ин ҳолат боиси вайрон шудани занҷираи воридоти сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон гаштааст.

Иттифоқан дар ҳамин шабу рӯз ширкати қазоқистонӣ, ки бузургтарин интиқолдиҳандаи гази моеъ ба Тоҷикистон ба шумор мерафт, ба далели вайрон шудани яке аз корхонаҳояш аз фурӯши он ба Тоҷикистон даст кашидааст.

“Аргус”: Ширкатҳоро таҳлука фаро гирифтааст

Маҷаллаи соҳавии “Аргус”, ки бозори сӯзишвориро дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ таҳлил мекунаду танҳо тариқи обуна миёни ширкатҳои нафту газ паҳн мешавад, дар шумораи охири худ навишт, “ширкати СНПС – “Актобемунайгаз” бузургтарин таҳвилдиҳандаи гази моеъ ба Тоҷикистон бинобар сар задани нуқсони техникӣ дар корхонаи истеҳсоли гази моеи “Жанажол” фурӯши онро ба ширкатҳои Тоҷикистон пурра қатъ кард”.

Ширкати “Актобемунайгаз” гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, кай нуқси техникии корхонааш бартараф мешавад, то дубора ба ширкатҳои Тоҷикистон гази моеъ бифурӯшад.

Чунин номуайянӣ ширкатҳои бозори сӯзишвории Тоҷикистонро дар таҳлука андохтааст. “Аргус” аз забони як масъули ширкати фаъоли бозори маводи сӯхти Тоҷикистон чунин иқтибос овардааст: “Бо шурӯи мавсими ҷамъоварии ҳосил талабот ба маводи сӯхт зиёд аст. Мо осемасар бо ширкатҳои русӣ барои хариди гази моеъ вориди гуфтугӯ шудем, аммо дар беҳтарин ҳолат воридоти гази моеъ аз Русия танҳо моҳи июл метавонад оғоз шавад”.

“Аллат” аз Узбекистон ба Тоҷикистон газ меорад

Ин нашрия менависад, танҳо як манбаи гази моеи Тоҷикистон аз Узбекистон боқӣ мемонад. Ба гуфтаи “Аргус”, айни ҳол ба воридоти гази моеъ аз Узбекистон ба Тоҷикистон ширкати “Аллат” машғул аст, ки ният дорад ба ҷои 6 ҳазор тоннаи пешбинишуда 8 ҳазор тонна гази моеъ аз Узбекистон ворид кунад.

Аммо ин миқдор танҳо шашяки талаботи моҳонаи Тоҷикистонро ба гази моеъ рӯйпӯш мекунад. Тоҷикистон ҳар моҳ то ба 35 ҳазор тонна гази моеъ эҳтиёҷ дорад.

Мардум аз зарбаҳои гаронии сӯзишворӣ мегӯянд

Таъсири гаронии газро аллакай сокинони оддӣ бо гарон шудани нархи роҳкиро эҳсос карданд. Барои мисол, нархи истифода аз таксиҳои маъруфи “се сомонӣ” дар Душанбе то 4-5 сомонӣ боло рафтааст. Ҳамин тавр, нархи таксиҳо ба минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ба самти Кӯлобу Рашт аз 30-35 сомонии қаблӣ то ба 45-50 сомонӣ расидааст.

Бар хилофи иддао дар мавриди монополия шудани бозори сӯзишворӣ, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар бозори фурӯши гази моеъ дар кишвар “ҳеҷ ширкате монополист нест”, яъне мавқеи ҳукмфароморо доро намебошад.

Ба гуфтаи онҳо, дар соли 2017 дар Тоҷикистон 66 ширкат ба воридоти гази моеъ машғул буд ва ҳеҷ як аз ин ширкатҳо дар бозор мавқеи ҳукмрон ва ё доминантро ишғол намекунанд.

Вале бинобар маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бозори маводи сӯхти кишвар се ширкат “Газпромнефть – Тоҷикистон”, “Сеганҷ” ва “Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон” мавқеи ҳукмфармо доранд.

XS
SM
MD
LG