Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги нафтӣ"-и Русия ва Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон чӣ меорад?


Дар пайи ноком шудани музокираҳои миёни раҳбари OPEC - Арабистони Саудӣ ва Русия, қурби рубли русӣ башиддат поин омад. Коҳиши 7-дарсадии қурби рубл рӯзи 9 март ва то ба 74 рубл расидани қимати як долларро иқтисодшиносон бадтарин нишондод баъд аз соли 2016 медонанд.

Дар ҳамин ҳол, қимати нафти навъи Brent 25 дар сад кам шуда, барои ҳар бушка 33,89 долларро ташкил дод. Охири ҳафтаи гузашта дар Вена намояндагони гурӯҳи мавсум ба OPEC+, ки ба он Русияву Қазоқистон ҳам шомил ҳастанд, натавонистанд дар масъалаи коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нафт ба мувофиқа расанд. Баъди ин субҳи 9 март қимати авроқи гаронбаҳо ва саҳҳом дар бозорҳои саҳҳом дар Токио 5 % ва бозорҳои Лондон, Париж ва Франкфурт беш аз 6 % коҳиш ёфтанд.

Бо назардошти пешбиниҳо аз хатари сирояти вируси нав ва коҳиши эҳтиёҷ ба нафт OPEC маҷбур шуд, ба коҳиши истеҳсоли нафт пойфишорӣ кунад. Аммо Русия ба тақозои OPEC барои коҳиш додани воридоти нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ мухолифат кард.

Дар пайи баҳс бо Русия, Арабистони Саудӣ "ҷанги нарх"-ро шурӯъ кард ва арзиши нафтро барои кишварҳои Осиё аз 4 то 6 доллар ва барои ИМА то 7 доллар поин овард. Нархи ҳар бушка нафти хоми навъи Brent 36 доллар ва нархи ҳар бушка нафти амрикоӣ 32 долларро ташкил дод. Соли 2014 ҳангоми сар задани ҷанги нарх, арзиши нафт то 30 доллар барои ҳар бушка поин омада буд.

Ҷеффрӣ Ҳалӣ, як таҳлилгари масоили бозор дар OANDA – як вебсайти таҳлили иқтисодӣ - дар сӯҳбат бо хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, "ба назар мерасад, Арабистони Саудӣ мехоҳад, Русияро ҷазо диҳад". Ӯ гуфт, "ба эҳтимоли ғолиб, нархи нафт дар моҳҳои наздик дар ҳамин ҳад мемонад, чун коронавирус пеши роҳи рушди иқтисодро гирифтааст ва Арабистони Саудӣ лӯлаҳои худро боз карда, нафтро бо арзиши хеле поинтар пешниҳод мекунад".

Коршиноси дигари масоили иқтисодӣ – Масаюки Кичикава дар Токио дар ширкати Sumitomo Mitusi Asset Management кор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" назари дигар баён кардааст. Ӯ гуфт, "фикр накунам, ки ҳадафи ниҳоии саудиҳо шикаст додани бозори нафт аст. Ин як роҳи дигари сари мизи гуфтушунид баргардонидани Русия мебошад". Ӯ гуфтааст, "бовар дорам, дар пушти саҳна ИМА ва Арабистони Саудӣ талош доранд, Русияро сари мизи гуфтушунид баргардонанд". Ӯ гуфт, ки маълум нест, ин ҳол то кай идома мекунад.

Тағйири арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 9 март дар Тоҷикистон ба муносибати Иди модарон истироҳат буд, вале Бонки миллӣ арзиши асъорро барои рӯзи 10 март таъйин кард. Бар асоси ин иттилоъ, арзиши 1 рубли русӣ 0,1413 сомонӣ , яъне 1000 рубли русӣ - 141 сомонӣ хоҳад буд. Ҳафтаи гузашта ҳазор рубли русиро бо 145 сомонӣ иваз мекарданд.

Нуриддин Қаюмов, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ҳама гуна тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ, бахусус Русия, ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам асар мегузорад. Ӯ рӯзи 9 март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо, ки дар як фазои иқтисодӣ ҳастем, албатта, таъсир мерасонад. Чанд сол пеш курси доллар нисбати рубли русӣ якбора боло рафт. 29-30 буд, якбора то 65 рубл баромад. Маблағе, ки муҳоҷирони мо мегирифтанд, агар пеш ҳазор доллар мегирифтанд, то 500 доллар фаромад. Албатта таъсир мекунад, ба гардиши пул, ҳам ба даромади оила, таъсири манфӣ мерасонад".

Айни замон, иқтисодшиноси тоҷик гуфт, ки мардум набояд ба воҳима дода шаванд ва ё ба ҳарос биафтанд. Ӯ бо ишора ба таҳлукаи ҳафтаи гузашта дар бозори орд гуфт, таҳлука ва ҳангома ҳамеша бад аст, зеро сабаби афзоиши нарх мешавад ва дар натиҷа, ба ҳама таъсири манфӣ мерасонад.

Қурбоналӣ Эмомови 34-сола, як муҳоҷири корӣ аст ва дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, тағйироти қурби рублро имрӯз аз навиштаҷоти саррофхонаҳо мушоҳида кард, вале ҳанӯз сабабашро намедонад. Ӯ мегӯяд, ҳама гуна тағйироти манфӣ бар зарари ӯву дигар муҳоҷирон аст, ки ба хотири таъмини худу оилаҳояшон дар Русия ба сар мебаранд.

Ӯ гуфт, ба Тоҷикистон маъмулан рубли русӣ мефиристад ва оилааш он ҷо ин пулро бо сомонӣ дарёфт мекунад. Қурбоналӣ мегӯяд, солҳои охир моҳе ба Тоҷикистон ҳудудан 20 ҳазор рубл, муодили 300 доллар маблағ кӯмакпулӣ мефиристад, дар ҳоле, ки то соли 2007, замоне, ки қурби рубл баландтар буд, моҳе метавонист, тақрибан 700 доллар маблағро ба Тоҷикистон ирсол кунад.

Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст ва соли гузашта аз Русия 2,7 миллиард доллар маблағ ворид шудааст. Аксари ин маблағҳо бо рубли русӣ ирсол мешаванд.

XS
SM
MD
LG