Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии 12 паҳлавони тоҷик ба "Ulaаnbaatar Grand Slam 2025 


Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 25-27-уми июл дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор - доир мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар “Тоскулоҳи бузург”-и Улан-Батор то ҳоло 156 варзишгар (103 мард ва 53 зан) аз 25 кишвари 4 қораи олам номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд, ки дар шаш вазн байни мардон ва 2 вазн миёни занон рақобат хоҳанд кард:

Мардон – Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Мизробшо Лоиқов (-90 кг), Муҳсин Малаев (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг);

Занон – Александра Кан (-57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг).

Барномаи “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”:

25-уми июл (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

26-уми июл (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

27-уми июл (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро (4000 евро - варзишгар, 1000 евро - мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро - варзишгар, 600 евро - мураббӣ) ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро - варзишгар, 300 евро - мураббӣ) сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG