Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси хазинаи вижа барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз журналистон дар Тоҷикистон. САДО


Ҳамакнун барои ҳимоят аз ҳуқуқи журналистону расонаҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон хазинаи махсусе таъсис мешавад, ки пойгоҳ ва мавқеи журналистонро дар баробари даъвоҳои судӣ, ҳимоят мекунад. Иститути "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи ҷадид дар шароити кунунӣ хеле зарур аст.

Кӯмаки ҳуқуқи ба ВАО

Дар чандин соли гузашта бархе нашрияву журналистони мустақил бо мушкили ҳимояи ҳуқуқии худ дар додгоҳҳо рӯбарӯ шуданд. Шикоят аз интиқод дар мақолаву гузоришҳо, талоши мақомот барои ҳифзи обрӯву эътиборашон, боиси дар додгоҳҳои кишвар муҳокима шудани журналистон шуд.

Шоира Давлатова афзуд, агар журналист зиндонӣ шуда бошад, хешу табораш метавонанд аз ҷониби тарҳи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма(ВАО)” кумаки ҳуқуқӣ дарёфт кунанд.

Дар бархе ҳолатҳо журналистон бо сабаби набуди пуштибонии молӣ дар рӯбарӯи ин чолишҳо танҳо монданд. Ҳоло муаллифони тарҳи нави “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма” мегӯянд, ки дар нахустин лаҳзаи эҷоди мушкил журналистон бо вакили дифоъ таъмин мешаванд.

Шоира Давлатова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва масъули иҷрои ин тарҳ рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани журналист ба ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ зиёд буданд, вале барои ҳимояи ҳуқуқии онҳо дар созмонҳои журналистӣ ё ниҳодҳои хайрияи байналмилалӣ хазина ё сармояи зарурӣ вуҷуд надошт.

Шоира Давлатова.
Шоира Давлатова.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар доираи ин тарҳи ҷадид, чунин имконият фароҳам шуда ва дар сурати боздошт ва боз шудани парванда алайҳи журналист барои ӯ ба таври ройгон вакили мудофеъ ё адвокат хизмат мерасонад ва агар журналист зиндонӣ шуда бошад, хешу табораш метавонанд аз ҷониби тарҳи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма(ВАО)” кӯмаки ҳуқуқӣ дарёфт кунанд.

Шоира Давлатова мегӯяд, ин тарҳ феълан як сол ва дар тамоми Тоҷикистон амал мекунад ва дар ин муддат инчунин барои журналистон роҳҳои иҷрои вазифаҳои касбиашон аз роҳи мурооти қонун омӯзиш дода мешавад.

Таъсиси хазинаи вижа барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз журналистон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00
Линки мустақим

Журналистон ва баҳсҳои додгоҳӣ

Дар солҳои гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон шоҳиди чандин даъвоҳои пурбаҳси додгоҳӣ бо иштироки журналистон шудаанд. Рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд ва худи ӯ баъдан гуфт, ки ин қазия нисбати ӯ сохтакорӣ шуда, қасди мақомот барои чопи матолиби интиқодӣ мебошад.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Ҳукми ӯро фаъолон аз ҳад зиёд сангин унвон карданд. Исмоилов яке аз аввалин журналистоне шуд, ки дар солҳои охир бо ҳукми додгоҳ ба зиндон рафт ва то имрӯз ҳам дар пушти панҷара ба сар мебарад.

Маҳмадюсуф Исмоилов.
Маҳмадюсуф Исмоилов.

Парвандаҳои журналистони дигар, ки боиси хашту норизоияти қаҳрамонҳои гузоришҳои танқидиашон шудаанд, дар бисёр ҳолатҳо бо пардохти ҷубронпулӣ ваё муомилаҳову якдигарфаҳмӣ ба анҷом расидаанд. Дар ҳамаи ин парвандаҳо нақши адвокат ва ҳомии ҳуқуқ хеле муҳим будааст ва дар аксар ҳолатҳо хароҷоти онҳоро созмонҳои маҳаллаи мудофеи озодии баён пардохт кардаанд.

Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигоре, ки дар соли 2015 дар маркази як баҳси судӣ қарор дошт, гуфт, он замон барои ӯву ҳомиёнаш ҳам масъалаи таъмини харҷи додгоҳ ва ҳимояи ҳуқуқ хеле сангин буд. Дар қазияи моҳи марти он сол Ҷумъахон Давлатов -- муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” алайҳи нашрияи “Вечерний Душанбе” ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб кард.

Ҷамила Ҳусейнова, рӯзноманигори тоҷик.
Ҷамила Ҳусейнова, рӯзноманигори тоҷик.

Давлатов даъво дошт, дар матлаби “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар “Вечерний Душанбе” ба чоп расид, мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Вай гуфта буд, баъди хондани ин матлаб вазъи саломаташ бад шуда, бемории қандаш авҷ гирифтааст. Ҷамила Ҳусейнова рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳангоми қазияи додгоҳӣ аз ҷониби созмонҳои журналистии кишвар кӯмаҳои ҳуқуқӣ дарёфт накардааст.

"Созмонҳои хабарнигорӣ як-ду бор аз ман дар бораи қазияи додгоҳи пурсиданду вассалом. Аз онҳо ҳеч кӯмаку дастгирӣ нарасид. Созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башар ба унвони кӯмаки ҳуқуқӣ Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқдонро ба "Вечерний Душанбе" фиристоданд ва адвокат ба мо ба таври ройгон хизмат кард. Вале мушкили моро марҳум Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо истифода аз робитаҳои дӯстона бо мақомоти баландпояи қудратӣ ҳал кард ва даъвогар даъвояшро дар додгоҳ пас гирифт",-афзуд Ҷамила Ҳусейнова.

Ваъзи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ташвишовар шудааст

Бархе ҳомиёни озодии баён мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо масъулини ранҷида аз интиқод дар расона, аз роҳи додгоҳу азияти журналистон талош мекунанд ба озодии баён таъсир гузоранд, чашми журналистонро дар пӯшиши матолиби сахти танқидӣ ва баррасии мушкилоти ҷомеа, тарс диҳанд.

Аз сӯи дигар, ҳимоят аз журналистон ва ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ, ба андешаи бархе дигар фаъолон, корест мушкил ва махсуси созмонҳои варзидаву боэътимод. ​Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз роҳандозӣ шудани тарҳи ҷадиди ёрии ҳуқуқӣ ба расонаҳоро як иқдоми хуб номид ва гуфт, ки ин амр метавонад дар боло бурдани дониши ҳуқуқӣ ва ҳимояти журналистон дар қазияҳои додгоҳӣ мусоидат кунад. Ба гуфтаи вай, дар солҳои қаблӣ низ НАНСМИТ аз ҳуқуқи журналистон дар додгоҳ, ба мисли Олга Тутубалина, Маҳмадюсуф Исмоилов ва дигарон ҳимоят карда ба таври ройгон бо адвокат таъмин кардааст. Аз сӯ дигар, гуфт ӯ, ҳоло масъала дар эътимод ба кори ин созмонҳо мешавад, ки то куҷо метавонанд рисолати худро дуруст анҷом диҳанд.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

Ҳамзамон, ҷаноби Қаршибоев гуфт, ки дар солҳои ахир ба далели афзоиши мавориди худсонсурӣ, эҳтиёткорӣ ва матраҳ накардани масоили доғи ҷомеа дар нашрияҳои мустақил, теъдоди қазияҳои додгоҳӣ дар қиболи нашрияҳо ва хабарнигорон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, агар дар солҳои 2010-2012 қазияҳои додгоҳӣ нисбати нашрияҳо ва хабарнигорони мустақил то 15 адад буд, дар соли гузашта ин рақам то 3 адад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, дар ин росто ду омил вуҷуд дорад -- яке дониши ҳуқуқии журналистон боло рафтааст ва дигар, фишору маҳдудиятҳо дар фаъолияти расонаҳои мустақил ва камбуди маблағ. Ба ҳамин далоил, ба гуфтаи вай, дар соли гузашта бидуни қазияи додгоҳӣ фазои иттилоотии Тоҷикистон тарк карданд. "Агар мушкили нашрияи “Нигоҳ” ва хабаргузории “Тоҷнюс” фишору маҳдудият буд, нашрияи “Дам” дар вилояти Суғд ва “Вечерний Душанбе” ба иллати камбуди маблағ аз фаъолият бозмонданд. Аз сӯи дигар, мавориди худсонсур дар Тоҷикистон шадидан боло рафта ва ин амр боиси кам шудани матолиби танқидию таҳлилӣ дар нашрияҳо шудааст",-афзуд ҷаноби Қаршибоев.

Дар ҳамин ҳол, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон вазъи хабарнигорӣ дар Тоҷикистонро ташвишовар арзёбӣ карда ва мегӯяд, маҳдуд шудани озодии баён бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъсири бӯҳрони иқтисодӣ, коҳиши адади нашри нашрияҳо, камбуди бозори реклама ва тарки журналистика кардани хабарнигорони ботаҷруба ба камранг шудани фаъолияти расонаҳои мустақил мунҷар шудааст.

Дар вилояти Суғд як зан алайҳи телевизиони "Танин" шикоят бурдааст.
Дар вилояти Суғд як зан алайҳи телевизиони "Танин" шикоят бурдааст.

Бино ба иттилои АМРМТ, феълан дар вилояти Суғд муҳокимаи додгоҳӣ нисбати телевизиони мустақили “Танин” идома дорад. Як зани сокини шаҳри Хуҷанд муддаӣ аст, ки дар барномаи ин телевизион ҳарфҳое садо додааст, ки “шаъну шарафи оилааш”-ро доғдор мекунад. Ин зан барои ворид кардани зарари маънавӣ аз шабакаи “Танин” ба миқдори 800 ҳазор сомонӣ пардохти ҷубронро тақозо кардааст, ки ин шабака тавони пардохти ин маблағи ҳангуфтро надорад.

Ба иддаои хабарнигорон, агар ин тамоюл ба ҳамин шева идома кунад, ҷуброни зиёни маънавӣ камари матбуот ва ҳамин гуна озодии баёнро дар кишвар хоҳад шикаст. Чунки, ба гуфтаи онҳо, пойгоҳи молиявии расонаҳои Тоҷикистон ниҳоят заиф аст ва ин гуна товондиҳӣ метавонад, идораи ВАО-ро касод кунад.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ боз ҳам Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои матбуоташ “ноозод” шомил кард. Гузориши солонаи Freedom House оид ба озодии матбуот дар олам дар соли ҷорӣ дар раддабандии умумӣ Тоҷикистон дар миёни 197 кишвару қаламрав дар хатти 175-ум, байни кишварҳои африқоии Конгову Руанда ва Эфиопияву Судон ва ҳам Русия ва дар байни 12 кишвари пасошӯравӣ ё АвроОсиё дар мақоми шашум ҷой дода шудааст.

XS
SM
MD
LG