Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

315 кас ҷон бохта, садҳо нафар маҷрӯҳанд. Оқибати сел дар Афғонистон


Бағлон, 12-уми майи 2024
Бағлон, 12-уми майи 2024

Ҳукумати "Толибон" рӯзи 12-уми май хабар дод, ки бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар Афғонистон камаш 315 нафар ҷон бохта, беш аз 1600 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба қавли идораи умури паноҳандгони ҳукумати "Толибон", дар умум дар вилоятҳои Бағлон, Бадахшон, Тахор, Ғур, Форёб ва минтақаҳои дигари шимоли Афғонистон зиёда аз 2600 хона вайрон шудааст.

Муҳаммад Ёқуб, сокини вилояти Бағлон, гуфт, бар асари сел 13 узви хонаводааш ҷон бохтанд, "вале ҳоли наҷотёфтагон ҳам бисёр вазнин аст".

Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерреш дар изҳороте иброз дошт, ки вазъро баррасӣ намуда, ирсоли кумакҳои фавриро дар назар гирифтаанд.

Созмони Милал Афғонистонро яке аз кишварҳое медонад, ки беш аз дигарон аз тағйири иқлим зиён мебинад.

Баъди ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон дар соли 2021 нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар берун шуда, имдоди байнулмилалӣ, ки сутунмуҳраи рушди ин кишварро ташкил медод, маҳдуд шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати “Толибон”-ро ба нодида гирифтани ҳуқуқи занони афғон муттаҳам мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

315 кушта ва садҳо маҷрӯҳ. Пайомади сел дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG