Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урҳон Курол: Тоҷикистон бояд афсонаҳои ҷаҳонгардӣ дошта бошад


Урҳон Курол
Урҳон Курол

Профессор Урҳон Курол, марди 70-сола ва муаллифи даҳҳо китоб, устоди Донишгоҳи ҳандасаи Истамбул, ҳамзамон яке аз ҷаҳонгардони маъруф аст. Ҳамчун узви анҷумани ҷаҳонгардони Туркия вай аз ҳар сафараш ба аъзои ин маҳфил гузориш медиҳад ва кишварҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум шиносондааст.

Пас аз се сафар ба Тоҷикистон Урҳон Курол мехоҳад, ин кишварро низ ба ҳазорон нафар аз нигоҳи ҷаҳонгардӣ муаррифӣ кунад. Ҳангоми сафари ахираш, роҳбаланд ва нависандаи ҷавон Муҳаммад Алии Истам бо чанд суол ба ӯ муроҷиат намуд:

-- Оқои профессор, Шумо дафъаи савум аст, ки ба Тоҷикистон меоед. Лутфан, бигӯед, чӣ чиз Шуморо водор кард, бори севум ба Тоҷикистон биёед?

-- Дафъаҳои гузашта ман танҳо дар Душанбе будам. Маро як ҳамкорам барои суханронӣ дар як конфронс даъват карда буд. Ин ки басанда нест, то дар бораи кишваре огоҳӣ дошта бошем. Бино бар ин, мо тасмим гирифтем сафаре густардатар ба Тоҷикистон дошта бошем. Аммо, қаблан ҳеч яке аз бунгоҳҳои мусофиратӣ дар Туркия сафаре ба инҷо дуруст накарда буданд. Шояд чанд нафар аз Туркия сафари инфиродӣ доштаанд. Вале, на ба шакле созмонёфта. Соли гузашта мо тасмим гирифтем чунин сафари созмонёфта ба кишвари Шумо бикунем. Инҷо дар Туркия самте шинохташуда барои гардишгарӣ нест. Мо шаш нафарро ҷамъ кардем ва ба инҷо омадем. Ин нахустин таҷрибаи мост. Ҳоло, дар Инстогором маро 450 000 нафар пайгирӣ мекунанд. Чунон ки Шумо мебинед, ман видюҳое омода карда истодаам. Ҳоло ҳадс мезанам, онҳо то андозае аз Тоҷикистон огоҳӣ пайдо кардаанд. Ва онҳо медонанд, ки Тоҷикистон кишварест, ки ҳатман бояд дида шавад. Соли оянда, мо бар он шудем, ки туре дигар ба ин кишвар омода кунем. Дафъаи баъдӣ саъй мекунам ҷавононро ҷалб кунам; ононе ки ба фарозидан бар куҳҳо ва сафарҳои моҷароӣ шавқ доранд. Ин кори мо метавонад Тоҷикистонро ба мардуми Туркия ҳамчун самти наве барои сафар шиносоӣ кунад. Ёдатон наравад, ки Туркия 87 миллион ҷамъият дорад. Бештарашон пулдоранд ва ба сафар кардан мойил. На танҳо ба Ландан ё Порис; онон мехоҳанд ба самтҳои мухталиф сафар бикунанд. Афзун бар инҳо, Тоҷикистон кишваре чандон пурҳазина нест. Ҳавопаймоҳои Туркия ҳам ба Тоҷикистон мустақиман парвоз мекунанд. Аммо мушкили раводид вуҷуд дорад. Суитафоҳуме ҳам миёни хутути ҳавоии Туркия ва давлати Тоҷикистон дар миён аст. Ин мушкил бояд ҳал шавад. Ман бештарин талошамро дар ростои таблиғи Тоҷикистон дар Туркия анҷом хоҳам дод; дар навиштаҳоям, дар барномаҳои телевизиюниам, дар мақолаҳоям, дар китобҳоям. Фикр кунам, мардуми бештаре ҷалб ва шавқманд хоҳанд шуд.

-- Шумо зикр кардед, ки қаблан аз Туркия ба Тоҷикистон ҳеч сафари гуруҳии созмонёфта сурат нагирифтааст. Ман низ ба ҳамчун як роҳбалад бо таҷрубае чандсола метавонам бигуям, ки ҳеч гуруҳеро аз Туркия ба давру бари Тоҷикистон набурдам. Вақте Шумо ба ин касоне ки феълан бо Шумо ҳастанд, аз чунин гардише ба Тоҷикистон гуфтед, нахустин вокуниши онҳо чи буд?

-- Барои инки онҳоро инҷо биёваред, шумо бояд таблиғномае дошта бошед. Як чизе, ки онҳоро ҷалб кунад. Фикр кунам, дар Тоҷикистон кӯҳҳои Помир хеле маъруфанд. Бештари гардишгарон меоянд, то Помирро бубинанд. Дигар инки номи Искандарии Мақдунӣ низ метавонад барои ҷалби гардишгарон муҳим бошад. Барои намуна, гардишгарон ба Ҳиндустон ба манзури дидани Тоҷмаҳал мераванд ё ба Ню Йорк баҳри тамошои Ҳайкали Озодӣ сафар мекунанд. Пас, Тоҷикистон ҳам бояд гиройиҳое дошта бошад. Масалан, Искандари Мақдунӣ метавонад як намунаи хуб бошад. Шумо метавонед манотиқеро ки Искандар дар онҷо ҳузур дошта ё ончиро Искандар дар инҷо карда аст, ҳамчун ҷозибаи гардишгарӣ таблиғ кунед. Ҳатто он ҷойҳое, ки пойи Искандар расидааст, шояд битавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи гардишгарони бештаре кумак кунад. Ва чунон ки ман қаблан ҳам гуфта будам Тоҷикистон набояд мардуми пулдоре, ки фақат ба дунболи истироҳат ҳастанд, ҳадаф қарор бидиҳад. Чунинҳо ба Тоҷикистон нахоҳанд омад. Ҳаргиз. Онҳо ба кишварҳои дигар хоҳанд рафт, магар на? Шумо бояд бар ҷалби ҷавонтарҳо тамаркуз кунед. Онҳое ки ба варзиш рағбат доранд. Ба мисли кишварҳои Непол ё Чилӣ. Ман дар ин кишварҳо будам ва ҳеч вақт гардишгарҳои солмандро онҷо надидам. Пас шумо ҳам онҳоро бояд ба инҷо биёваред. Шумо мардуме хубе ҳастед, меҳмонсароҳоятон ҳам роҳат аст, ғизоҳои хушмазза доред, ҳамчунин роҳбаладҳои коркушта роҳбаладӣ мекунанд. Инҳо дар кори туризм хеле муҳим ҳастанд. Аммо дар бархе маворид кормандони ҳутелҳо чандон ботаҷриба набуданд. Албатта, манзурам ин нест, корашонро хуб анҷом надоданд. Кормандони меҳмонхонаҳо бояд таҳсилкарда бошанд. Бархе гардишгарон сафар мекунанд, фақат мехуранду меошоманд, чун тимсоҳ шино мекунанд ва дар соҳил дароз мекашанд, ҳамин. Чунин гардишгарон ҳаргиз ба инҷо намеоянд.

-- Шумо асосан дар ҳавзаи ҳифзи муҳити зист пажуҳиш кардаед. Дар тули ин се сафаратон ба Тоҷикистон ё ин чанд рӯзи охир, ки бо ҳам дар сафар ҳастем, чи бардоште аз ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар зеҳнатон шакл гирифт? Шояд назаре доред дар ин бора? Шояд чизҳое дар муҳити Тоҷикистон мушоҳида кардед, ки намехостед, бубинед?

-- Пеш аз ҳама бояд бигуям, ки Тоҷикистон муҳитро тахриб накарда истодааст. Мардумонаш ҳам хеле сарватманд нестанд. Ҳамаи онҳо ба монанди омрикоиҳо сетоӣ мошин надоранд. Пас беш аз ҳад масраф ҳам намекунанд. Ин хеле хуб аст. Чун ҳар кудаке ки дар Омрико зода мешавад беш аз 20 мартаба аз тифле, ки дар Судон мутаваллид мешавад, масраф мекунад. Вақте кудаки омрикоӣ зода мешавад, ба чизи хеле зиёд эҳтиёҷ дорад. Волидонаш либос мехаранд ва зуд онро дур меандозад. Ё дуто мошин мехаранд. Инҳо чизҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон дида намешаванд. Шояд чандто сарватманд чунин корро бикунад, аммо дар кул онҳо хеле зиёд ба назар намерасанд ва мо онҳоро фаровон намебинем. Воқеъият ин аст, ки онҳо муҳитро то ба ҳол тахриб накардаанд. Вале, ман мухолифи шикор ҳастам. Шикори ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон набояд раво бошад ва бо пул ҳам парвонааш фурухта нашавад. Шикорчиҳое, ки ба ҷойҳои мухталиф ба ҳадафи шикор меоянд, пули ҳангуфте пардохт мекунанд. Аммо касе ҳаққи куштани ҳайвоноти ваҳшӣ ба хотири пулро надорад. Ин ҳайвонот ҳақ доранд зиндагӣ бикунанд. Дар Туркия ҳам шикорро қонунӣ кардаанд. Шикорчиён пул пардохт мекунанд. Ин кори дурусте нест. Дар кул, шумо барои ҳифзи муҳити зист шонси бештаре доред. Масалан, мо имрӯз ба Искандаркул рафта будем ва ҳеч чизи вайронгареро надидам, ки маро нороҳат карда бошад. Биноҳои сохташуда аз симон дар онҷо зиёд ба назар намерасанд. Шумо набояд дар соҳили Искандаркул меҳмонсароҳои бодабдаба бисозед. Агар чунин кардед, ҳама чиз ба поён мерасад, тахриб мешавад. Фикр кунам Тоҷикистон набояд муртакиби он иштибоҳе шавад, ки дигарон кардаанд. Шояд қадре мушкили ҳоҷатхона дошта бошед. Як професор дар Туркия мегуфт: ҳоҷатхона баёнгари сатҳи тамаддун аст. Агар дар ҷое бибинам, ки ҳоҷатхонаҳо на аз симон сохта шудаанд, ман инро тамаддун мешуморам. Бархе туалетҳо инҷо хуб нестанд. Давлати Тоҷикистон дар ин маврид иқдомоте анҷом бидиҳад. Бибинад, вақте ба солхурдагӣ мерасед, ба мабраз рафтан бароятон душвортар хоҳад шуд.

-- Вақте ба Туркия бозгаштед, мехоҳед Тоҷикистонро онҷо чи тур шиносоӣ бикунед, то мардуми бештаре ба Тоҷикистон ҷалб шаванд?

-- Ман тақрибан мақолаам дар бораи Тоҷикистонро ба поён расонда истодаам. Нахуст инки, чунон ки пештар ҳам ба Шумо гуфтам, ман мақолоту гузоришҳое дар бораи Тоҷикистон дорам омода мекунам. Ман ҳар рӯз мушоҳидотамро менависам ва ба ёварам дар Туркия мефиристам. Гоҳо се ё чаҳор бор бозхонӣ мекунам ва бар ҳасби он пажуҳиш мекунам, то дар бораи ҳама чиз мутмаин бишавам. Баъдан ба сафирамон дар Тоҷикистон ҳам хоҳам фиристод, аз ин бобат эшонро фардо огоҳ хоҳам кард. Ин мақолот дар маҷаллаҳову рӯзномаҳо ва ҳамчунин китобҳоям чоп хоҳад шуд. Ҳануз ҳам бояд корҳое дар ин мавзуъ анҷом бидиҳам. Мо як торнамо дорем, ки мехоҳам мақолае тоза дар бораи Тоҷикистон онҷо ҷой бидиҳам. Ҳама метавонанд аз тариқи интернет ба он дастарасӣ дошта бошанд. Ба илова, ман як барномаи радиоӣ низ дорам. Ман дар ин барнома ин сафарамро зикр хоҳам кард. Дар анҷумани ҷаҳонгардон ҳар яке аз мо таҷрубаашро бо дигарон дар миён хоҳад гузошт. Дар шабакаи Ютюбамон низ. Хуб, беш аз ин чи метавонам бикунам? Васоили бешуморе ҳастанд, то аз онҳо истифода шавад.

-- Як суоли дигар. Оё чизи дигаре дар Тоҷикистон боқӣ монда, ки шумо бавижа барои дидани он ба Тоҷикистон баргардед?

-- Мутмаинан. Он туре ки пештар гуфтам, мо куҳҳои Помирро надидаем. Шумо дар борааш ба мо нақл кардед ва ман мақолае ҳам дар ин бора хондам. Ман муътақидам онҷо чизҳои муҳимми фаровоне дорад. Бавижа маъодини сангҳои гаронбаҳо, чашмаҳои оби гарм ва шоҳроҳи буланд, бархе ҳайвоноти ваҳшии бумӣ ва истодан дар хонаҳои маҳаллӣ барои мо ҷолиби таваҷҷуҳанд. Ман ба ожонси мусофиратиамон дар ин маврид суҳбат кардам. Онҳо бо Шумо тамос хоҳанд гирифт ва як сафар ба он минтақа дар соли оянда омода хоҳанд кард. Мо бояд ин корро анҷом бидиҳем. Ҳатман.

Мусоҳиб Муҳаммад Алии Истам

XS
SM
MD
LG