Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Ҳадафи нишаст муколамаи боз аст


Эътирози хомӯши мухолифони тоҷик дар маҷлисгоҳи САҲА дар Варшава
Эътирози хомӯши мухолифони тоҷик дар маҷлисгоҳи САҲА дар Варшава

Дафтари матуботи САҲА дар Вена гуфт, ки дар ҷаласаҳои Варшава охири ҳафтаи гузашта, ки ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар ихтисос дошт, аз Тоҷикистон дар баробари аъзои ҳукумати ин кишвар, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам иштирок карданд. Дар як посухи катбии дафтари матбуоти САҲА ба унвонии Радиои Озодӣ шоми 28 сентябр гуфта мешавад, ки ин мавзӯъ дар сӯҳбати намояндагони гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ва раҳбарияти намояндагии САҲА дар Душанбе рӯзи 21 сентябр матраҳ шуд.

Дар ин нома, аз ҷумла, омадааст, ки раҳбари иҷроияи САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр бо аъзои "Авангард" дар робита бо ширкати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаи солонаи ин созмон оид ба ченакҳои инсонӣ сӯҳбат кард. Ба таъкиди САҲА, кишварҳои узви ин созмон “Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲАро муваззаф кардаанд, ки соле як бор ҷаласаи табодули назар ва иттилоъ оид ба татбиқи ченакҳои инсонӣ дар манотиқи таҳти назари САҲАро ташкил кунад. Танҳо он нафарон ва созмонҳое барои ширкат дар ин ҷаласа роҳ дода намешаванд, ки даст ба хушунат зада ва ё ба таври ошкоро аз терроризм ва ё истифодаи хушунат кор мегиранд”.

Танҳо он нафарон ва созмонҳое барои ширкат дар ин ҷаласа роҳ дода намешаванд, ки даст ба хушунат зада ва ё ба таври ошкоро аз терроризм ва ё истифодаи хушунат кор мегиранд

Берун аз ин оиннома ва муқаррароти аз ҷониби 57 кишвари узви САҲА тасдиқшуда, Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ҳақ надорад онҳоеро, ки худро ба ҳайси намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ номнавис кардаанд, ба қайд нагирад”, - омадааст дар шарҳи расмии дафтари матбуоти САҲА.

Дар идома таъкид мешавад, ки ба хотири таъмини муколамаи боз ва пурмӯҳтаво оид ба масоили ҳуқуқи башар, ширкат дар ин ҷаласа на бар асоси даъватнома сурат мегирад. Масъулини ин созмон дар хотима гуфтаанд, ки мавқеи ширкатдорони ҷаласа ва ашхосу созмонҳои ҷудогонаро шарҳ намедиҳанд.

Эътирози ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати мухолифон

Дар ҷаласаҳои имсолаи марбут ба ҳуқуқи башари САҲА, ки дар шаҳри Варшава аз 19 то 30 сентябр баргузор мешавад, дар баробари мақомоти Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати ин кишвар иштирок карданд. Рӯзи 21 сентябр гурӯҳи тақрибан 20-нафараи мухолифони тоҷик ба яке аз толорҳои ҷаласа, ки вазъи Тоҷикистонро баррасӣ мекард, ворид шуданд. Дар тани онҳо футболкаҳое бо акси аъзои зиндонии ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон буд ва онҳо дар пушти толори маҷлисгоҳ саф кашида талош карданд таваҷҷӯҳи аъзои маҷлис ва мақомоти тоҷикро ба сарнавишти мухолифон ҷалб кунанд.

Ҳайати Тоҷикистон маҷлисгоҳи САҲАро тарк мекунад
Ҳайати Тоҷикистон маҷлисгоҳи САҲАро тарк мекунад

Ду рӯз баъд – 23 сентябр баъди тамошои як филми мустанади созмони Human Rights Watch (HRW) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ дар бораи аъзои мухолифон, ки дар хориҷа мавриди таъқиб қарор гирифтаанд, мақомоти тоҷик ҷаласаи САҲА-ро тарк карданд. Ҳайати Тоҷикистон баъди қироати баёнияе дар нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон гуфт, ки ба нишони эътироз ин нишастро тарк мекунад. Дар баёния гуфта шуд, ки ҳайати Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмон аз ҳузури афроде, ки “ҷиноят кардаанд ва дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доранд ва дар нишасти созмон ширкат мекунанд”, бисёр нигарон аст.

Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон, фаъолияти ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”, ки бовар меравад аксар аъзои онҳо дар нишасти Варшава иштирок карданд, мамнӯъ эълон шудааст.

HRW: Мақомоти Тоҷикистон бояд хушунатҳои ахирро маҳкум кунанд

Рӯзи 29 сентябр бо пахши изҳороте созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Ню-Йорк аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки ҳодисаҳои ҳамла ва хушунат нисбати аъзои хонаводаҳои ширкатдорони ҷаласаи САҲА-ро маҳкум ва таҳқиқ кунанд. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки баъди эътирози сулҳомези фаъолони мухолифин дар ҷаласаи САҲА, хешовандони онҳо дар Тоҷикистон мавриди фишор ва ҳамла қарор гирифтанд. Human Rights Watch ин амалҳоро “посухи хушунатомез” ва “муҷозоти коллективӣ” номида аз кишварҳои узви САҲА хостааст, ки ин ҳодисаҳоро маҳкум ва аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ин ҳодисаҳоро таҳқиқ кунад ва мутобиқ ба ӯҳдадориҳои худ дар баробари муқаррароти озодии баёни САҲА амал намояд.

Қаҳрамонҳои филми "Шикори мухолифин..."
Қаҳрамонҳои филми "Шикори мухолифин..."

Дар изҳороти HRW аз боздошти хешовандони ширкатдорони намоиши эътирозӣ ва раҳпаймоиҳои гурӯҳҳои ҷавонон дар пушти дарҳои хешовандони баъзе фаъолони мухолифин дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст. Аз ҷумла, дар ин гузориш дар бораи эътирозу сангандозиҳо ба дарвозаҳои хонаҳои Илҳомҷон Ёқубов, як узви ҲНИТ дар Хуҷанд ва Шабнам Худойдодова, узви “Гурӯҳи 24” дар шарҳи Кӯлоб хабар дода шудааст.

Ҷавонҳо ба хиёбон баромаданд

Гурӯҳҳои ҷавонони фаъол давоми як ҳафтаи охир ба нишони эътироз аз ширкати мухолифони тоҷик дар нишасти САҲА дар Варшава таҷаммӯъ мекунанд. Нахустин таҷаммӯи онҳо рӯзи 21 сентябр дар даромадгоҳи САҲА дар Душанбе ва эътирозҳои рӯзҳои баъдӣ дар назди манзилҳои аъзои мухолифин сурат гирифт. Ба ҳангоми эътирозҳо ин ҷавонҳо акси раҳбарони мухолифинро оташ зада, гоҳо ба дарвозаҳо санг меандохтанд ва дар як ҳолат ба сӯи хешовандони як узви зиндонии ҲНИТ тухм партофтанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ин ҳодисаҳо аз матбуот хабардор шуданд ва онро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷавонҳо бо ихтиёри худ ба хиёбонҳо рехта, ҳукумат ба ин ҳодисаҳо ҳеҷ рабте надорад.

Дар Тоҷикистон баргузории раҳпаймоиву таҷаммӯъҳои бидуни муҷоз манъ аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG