Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошёни таърих зери чархи булдозерҳо. Дар Узбекистон ҷойҳои антиқиро вайрон мекунанд


Ноҳияи Яккабоғи Узбекистон
Ноҳияи Яккабоғи Узбекистон

Шиори "нав пеш ор, ки онро тароватест дигар" зиддунақиз хоҳад буд, агар ба маънои нобуд кардани ёдгориҳои қадима ва осори бостонӣ ба хотири расидагӣ ба талаботи имрӯзиён бошад. Ҳамин чиз дар яке аз вилоятҳои Узбекистон ҷараён дорад.

Маконҳое дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё садсолаҳо вуҷуд доранд. Ин ба шарофати ковишҳои бостоншиносӣ маълум аст.

Ҳоло ин ноҳия намунаи муаммоест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди бархӯрди талаботи зиндаҳо ва талоши ҳифзи ёдгориҳои замони гузашта бояд ҳал кунанд.

Осиёи Марказӣ сарзамини маскунист, одамон ҳазорон сол боз дар ин ҷо зиндагӣ доранд, аммо бо ин ҳама дар остонаи асри 20 ин минтақа ҳамагӣ наздики 8 миллион сокин дошт.

Агар тамоюли имрӯзаи зиёдшавии аҳолӣ идома ёбад, дар соли 2030 шумораи аҳолӣ даҳ баробар бештар, яъне 80 миллион нафар хоҳад шуд.

Бо васеъ шудани шаҳру деҳаҳо тамаддуни муосир ба ҷойҳои шаҳрҳои таърихӣ ё харобаҳову бозмондаҳои онҳо ҳам "сар мезанад".

Ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон дар 20-километрии Шаҳрисабзи бостонӣ, Кеши пешина, воқеъ аст, ки дар он ҷо дар асри чаҳордаҳ Темурланг зода шудааст.

Шаҳрисабз яке аз шаҳрҳои асосии императории Ҳахоманишӣ маҳсуб мешуд. Ин шаҳр таърихи беш аз 2500-сола дорад.

Пайкараи бузурги Темурланг дар қисмати асримиёнагии Шаҳрисабз, то замони бо булдозерҳо ба хок яксон намудани он, дар доираи барномаи давлатии "рушди сайёҳӣ" қад рост карда буд. Ин ҷойҳои беназири таърихии шаҳрро ҳатто шомил будани он ба рӯйхати мероси фарҳангии зери ҳимояи ЮНЕСКО низ аз хароб гардидан бознадошт.

Бостоншиносон бар инанд, ки дар Яккабоғ ашёву осори қадимтаринро пайдо кардан мумкин аст.

Мутахассисон солҳо машғули пажуҳиши ҳафт теппаи ин мавзеъ буданд. Онҳо ашёи бозмонда аз асрҳои 5-6-и милодиро пайдо карданд. Барои идомаи тадқиқоти бостоншиносӣ маблағгузории иловагӣ зарур буд.

Вале бино ба хабари бахши узбекии Радиои Озодӣ, ба кандукови ҷойҳои таърихӣ, ки ҳозир дар Яккабоғ дида мешавад, бостоншиносон ягон рабте надоранд.

Бинокорон он ҷо бо трактору мошинҳои бузург замин мекобанд ва гиле мегиранд, ки бояд аз он дар корхонаи навбунёди хишт пухта шавад.

Сокинон дар баъзе аз қисматҳои ҳафт теппаи бостонӣ, ки мавзеи антиқӣ дониста шудаанд, хона месозанд ва бисёр вақт ғайриқонунӣ. Яке аз теппаҳо аллакай қисман аз байн бардошта шуд, то дар ин ҷо роҳ сохта шавад.

Амирқул Каримов, раиси бунёди маҳаллии "Мероси тилоӣ" ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзеъҳои таърихӣ аллакай аз кори техникаи вазнин зарар дидаанд.

Вазорати фарҳанги Узбекистон ҳам тасдиқ кард, ки ба ҷойҳои ҳафриёти пешинаи бостоншиносон осеб расонда шудааст. Аммо хадамоти матбуоти ин вазорат иттилоъ дод, ки танҳо баъзе аз ҷойҳо вайрон шудаанд.

Чунин барномаи нобуд кардани мавзеъҳои бостонӣ, ки намунаи он дар ноҳияи Яккабоғи Узбекистон дида мешавад, солҳои наздик ба тамоми Осиёи Марказӣ таҳдид хоҳад кард. Замини барои зиндагӣ муносиб дар ин минтақа кам аст.

Шароити одитарини зист, ба монанди дастрасӣ ба об, масолеҳи маҳаллии хонасозӣ ва ҳамчунин имкони кишоварзӣ ва чорподорӣ, ки аз садсолаҳо пеш муҳим буданд, ҳамон гуна муҳим мондаанд.

Брюс Панниер, шореҳи Радиои Озодӣ дар умури Осиёи Марказӣ

XS
SM
MD
LG