Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озариҳои азиятшуда "малламӯю чашмкабуд нестанд". Ҳомии ҳуқуқ Русияро дар нажодпарастӣ гунаҳгор кард


Поёни моҳи июн расонаҳои ҷаҳонӣ аз ҳабсу латукӯби ваҳшатноки озаритаборҳо ва марги ду нафар дар паи ин дар Екатеринбурги Русия хабар доданд. Ин амали ходимони ҳифзи қонунро вазорати корҳои хориҷӣ дар Маскав чун боздошти шаҳрвандони Русияи гумонбар дар ҷиноятҳои сангини солҳои пеш ҳимоят кард. Мақомот дар Озарбойҷон чунин муносибат бо ҳамватанони худро дар Русия қотеона маҳкум, дар робита бо марги пурхушунати бародарон Сафаровҳо аз рӯи моддаи куштор парванда боз кард ва гурӯҳи хабарнигорону соҳибкорони русро дар Боку боздошт намуд.

Дар миёни пурсишҳои зиёде дар робита бо ин қазия, хомӯшии мақомдорони Русия нисбати рафтори бераҳмонаву пур аз хушунати ходимони ҳифзи қонун нисбати боздоштшудаҳои озаритабор мавриди суол аст, ки монанд ба боздоштшудаҳои парвандаи “Крокус” дар соли гузашта амал карданд.

Дар як сӯҳбат бо Валентина Чупик, ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шеваи бархӯрди полис ва қудратиҳои Русияро бо афроди ғайрирус дар миён гузоштем.

Радиои Озодӣ: Чаро, ба фикри шумо, ходимони ҳифзи қонун дар Русия ба худ иҷоза медиҳанд, ки бо гумонбарони ғайрирус ҳангоми боздошт намоишкорона ва бисёр бераҳму ғайриқонунӣ амал кунанд?

Валентина Чупик: Онҳо бо чунин шева на бо гумонбарон, балки бо ҳамаи онҳое рафтор мекунанд, ки малламӯю чашмкабуд нестанд. Бовар дорам, ки озарбойҷониҳоро бе ҳеҷ як иттиҳоми содир кардани ҷиноят боздошт кардаанд. Бовар дорам, ки парвандаи ҷиноӣ танҳо баъди куштани одамон пайдо шуд. Фикр мекунам, ки вақти боздошти онҳо ҳамлаи беасос сурат гирифтааст. Ин метавонист як талоши маҳрум кардани соҳибкорон аз даромад дар бозор ваё рейди оддии нажодпарастона бошад, ки мақсадаш ғорати муҳоҷирон ва намоиши нирӯ будааст.

Радиои Озодӣ: Чаро ба ҳодисаи хушунат нисбати боздоштшудаҳо, ки ду нафарашонро куштанд, мақомоти дигар сохторҳо чизе нагуфтанд, масалан ҳамон Думаи давлатӣ, ки одат дорад барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш садо баланд кунад. Ин ки онҳо шаҳрванди Русия ҳастанд, Мария Захарова аз ВКХ ботаъкид эълон намуд.

Валентина Чупик: Биёед нахуст ҳодисаҳои азияту хушунат нисбати мухолифони тоҷики шаҳрванди Русияро ба ёд меорем. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки ВКХ Тоҷикистон эътироз не, фақат як нома зада гуфтааст, ки “моро дар бораи ин ҳодиса огоҳ кунед”, Русия ҳамеша гуфтааст, ки “кори шумо набошад, онҳо шаҳрванди мо ҳастанд”. Бори дигар мегӯям: онҳо ҳамеша бо чунин шева рафтор мекунанд ва онҳо фақат хаёл карданд, ки ҳар вақте ба онҳо гуфтанд, ки онҳо озарбойҷонӣ нею русиягӣ ҳастанд, Озарбойҷон хап мешинад. Ба ҳамин хотир вокуниши Захарова чунин буд, ки гуфт, “онҳо шаҳрванди мо ҳастанд”. Чаро Думаи давлатӣ ё ҷомеа чизе нагуфт? Ба ман бигӯед, ки кӣ дар Русия манбаи нажодпарастӣ аст? Магар депутатҳои пешқадам, Бастрикин ё Колоколтсев изҳороти ошкоро натсистӣ пахш намекунанд? Шумо кадом вокунишро интизор доштед? Ин татбиқи даъватҳои худи онҳо мебошад. Чаро ҷомеаи Русия вокуниш накард, чунки ҷомеа аслан вуҷуд надорад. Мардум тарсзада шудаанд ва фикр мекунанд, ки агар имрӯз ҳарфе гуфтам, фардо ба сарам меоянд. Ҳар кас медонад, ки дар сурати мушкиле на дӯстон ва на хешовандонаш аз ӯ дифоъ намекунанд. Ҳадафи ҳукуматҳои тоталитарӣ ҳам ҳамин аст, ки ҳар инсон худро бечораву танҳо ҳис кунад, одамон байни ҳам ҳеҷ гоҳ бо ҳам муттаҳид нашаванд, чунки онҳо ба якдигар эътимод надоранд.

Радиои Озодӣ: Яъне ҳодисаҳои охири июн нисбати озаритаборҳо аз ҳад гузаштан набуду инъикоси сиёсати умумии давлатӣ нисбати ғайрирусҳо аст?

Валентина Чупик: Аз ҳад гузаштан дар ҳолате рух медиҳад, ки сиёсати давлатиро аз будаш зиёд иҷро кунанд. Ин ҷо чунин набуд ва ин сиёсати воқеии онҳо аст. Ҳеҷ рабте ба мафҳуми аз ҳад зиёд гузаронидан надорад. Шояд, ки куштани онҳо воқеан ҳам аз ҳад гузаштан буд, вале ин ки фармони шиканҷа кардани онҳо аз боло омад, ин бешубҳа дуруст аст. Шиканҷаҳо ба ҳеҷ шакле танзим намешаванд, аз ин рӯ бисёриҳо дар Русия аз дасти шиканҷа ҷон медиҳанд.

Ҳомии ҳуқуқ Русияро бо муносибати нажодпарастона дар нисбати шаҳрвадони озаритабораш мутаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Радиои Озодӣ: Чӣ назар доред, оё ин баёнгари интихобӣ будани низоми додгустарӣ дар Русия асту мансубияти миллию қавмии инсон ба таври мустақим ба шеваи рафтори полис, додгоҳ ва тафтишот таъсир мерасонад?

Валентина Чупик: Бо ин ҳарфҳо розӣ нестам, чун дар Русия низоми додгустарӣ тамоман ташаккул наёфтааст. Дар Русия додгоҳ ҳаст, ки аз органҳои тафтишотӣ, бахусус аз ФСБ сахт вобаста мебошад. Баъди ФСБ полис, баъд Кумитаи тафтишот ва дар ҷои охир додситонӣ қарор доранд. Додситонӣ камтар аз ҳама ва дигарҳо фавқулодда бар додгоҳ нуфуз доранд. Додгоҳ масалан ҳар ҳарфи ФСБ-ро бечунучаро иҷро мекунад. Як мисол. Дар Русия додгоҳ шахсро дар сурати надоштани сабтиноми доимӣ дар хонае ба шарти берун нарафтан озод намекунад. Ин магар табъйиз нест? Аксар муҳоҷирон суроғаи доимии зист надоранд, дар натиҷа, онҳоро ҳатман ба боздоштгоҳ мебаранд ва агар гуноҳаш ночиз ё сабук буд, ҳатман болои ӯ як гуноҳи дигаре сохта бор мекунанд, то ки дар боздоштгоҳ нигоҳ доштани ӯ асос дошта бошад. Шахсе, ки дар озодӣ робитаҳои иҷтимоӣ надорад, ӯро хеле осон қурбонии сохтакориву тӯҳмат кардан мумкин аст, мисле, ки дар паи ҳамлаи террористӣ дар Петербург шуда буд. Мисли ин зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон парвандаҳои хеле фаровони иштирок дар амалҳои террористӣ сохтакорӣ кардаанд, бисёри онҳо тӯҳмат буд.

Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки солҳои охир вазъ то рафт мушкилтар мешавад, вале бо ин ҳол ҳам, худи шумо гуфта будед, ки инсон бояд то охир бо истифода аз қонун аз худ дифоъ кунад. Ҳоло дар ҳамин шароит чӣ роҳҳои қонуние дар Русия ҳастанд, ки гумонбарон дар ҳолати шиканҷаву бадрафториҳои бераҳмона метавонанд аз худ ҳимоят кунанд?

Валентина Чупик: Назарияи ҳуқуқ мегӯяд, ки шахс метавонад аз болои амалҳои ғайриқонунии сохторҳои давлатӣ дар бисёр идораҳо, пеш аз ҳам дар додситонӣ шикоят кунад. Воқеият ин аст, ки агар шахс дар ҳабс асту дар берун ҳеҷ ёваре надорад, ӯро аз шиканҷа ҳимоят карда намешавад. Агар дар берун нафаре дошту вай омода буд, ки ба ҳама ҷо муроҷиат кунад, таваҷҷӯҳи сохторҳои дахлдорро ҷалб кунад, далели шиканҷа шудани инсонро ҷамъоварӣ кунад, ба созмонҳои байналмилалӣ ва матбуоти мустақил муроҷиат кунад, танҳо дар ин сурат умеде ҳаст, ки инсонро аз шиканҷаҳои сангин мешавад дифоъ кард. Шахсро намешавад аз нигаҳдорӣ дар утоқҳои ваҳшатнок ҳимоят кард. Ду ҳафта пеш ба ман як муроҷиате омад аз шахсе, ки ӯро дар он муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо дастури Украина мехост амали террористӣ анҷом диҳад. Ӯ як ҷавоне аз рустои Узбекистон аст ва забони русиро ҳам дуруст намедонад. Магар ӯ метавонад бо хадамоти вижаи Украина метавонад ҳамкорӣ кунад? Онҳо ӯро барои сохтакории нақшаи навбатии мубориза бо терроризм боздошт карданд. Хайрият, ки ӯ як бародар дошт, ки дар хориҷа таҳсил мекунад ва бисёр бачаи босавод аст. Ӯ шӯру ғавғо бардошт ва тавонист, ки ҳузури ҳаррӯзаи адвокатро таъмин кунад. Дар натиҷа, латукӯбҳои ҳаррӯза хотима ёфт, вале ӯро ба утоқи пур аз кана ҷой карданд. Кана чунон зиёд аст, ки ӯ бо пояш гашта онҳоро пахш мекунад. Утоқ торик аст, хӯрокро баъди ба ҳама додан, масалан, субҳонаашро 11-и рӯз ва хӯроки нисфирӯзиро соати 6-7-и шом медиҳанду хӯроки бегоҳро аслан намедиҳанд, яъне гуруснагӣ мекашад. Ӯро аз ҳақи хондану навиштан маҳрум кардаанд, ва ҳамеша дар торикӣ нигоҳ медоранд.

Радиои Озодӣ: Шумо дар як сӯҳбати пешини мо ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон машварат дода будед, ки беҳтараш ба Русия нараванд, чун хатарнок аст. Ҳоло вазъро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Валентина Чупик: Дар муқоиса бо моҳҳои март, апрел ва маи соли 2024 вазъ ҳоло як каме беҳтар шудааст. Ва ҳоло аз давраи феврал-марти имсол ҳам каме вазъ сабуктар аст, он вақт полис амр гирифт, ки барои санҷидани исми муҳоҷирон дар реестри умумӣ мардумро то 48 соат боздошт кунанд. Бо ин вуҷуд, дар умум вазъ хуб нест. Интизори ман ин аст, ки баъди 30 сентябр, ки ба истилоҳ мӯҳлати афви муҳоҷирони сабтнашуда ба итмом мерасад, боз вазъ бад хоҳад шуд. Амнистия нисбати онҳое, ки вурудашон манъ аст, кор намекунад, айни замон, нашри маводи нажодпарастона, ки ҷомеаро заҳролуд ва барои хушунат алайҳи муҳоҷирон мешӯронад, давом дорад. Фикр мекунам, ки охири моҳи сентябр, пеш аз тамом шудани мӯҳлати ба истилоҳ афв, мавҷи навбатии саркӯбҳои зидди муҳоҷирон боло мехезад.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG