Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2025), ки рӯзҳои 11-12-уми октябр дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, ширкат варзида, бе медал монданд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё ба хотираи соҳибкори маъруфи қазоқ Турар Жолдибоев дар Оқтов 251 варзишгар (159 мард ва 92 зан) аз 10 кишвари се қитъаи олам (Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконги Чин, Эрон, инчунин Русия (дар ҳайати дастаи IJF - Федератсияи байналмилалии ҷудо) иштирок карданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот даҳ нафар дар сабқати мардон муаррифӣ намуданд: Акбаралӣ Кенҷаев, Рамзиддин Азизов, ҳарду дар вазни то 60 кило, Умар Шеров, дар вазни то 66 кило, Фазлиддин Садриддинзода, Суннатулло Саидзода, ҳарду дар вазни то 73 кило, Бахтиёр Бозоров, Ҷаҳонгир Юсуфов, ҳарду дар вазни то 81 кило, Абдулаҳад Маҷидов дар вазни то 90 кило, Акмал Муродов ва Муҳсин Малаев, ҳарду дар вазни то 100 кило.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медал, имтиёзҳои рейтингӣ дода шуд: барои ҷойи аввал - 100 имтиёз, барои ҷойи дуюм- 70 имтиёз, барои ҷойи сеюм – 50 имтиёз.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот
Мардон
-60 кг
1. Мирас Тангаткан (Қазоқистон)
2. Ҳусейн Аллахяров (Озарбойҷон)
3. Дониёр Кулушев (Қазоқистон)
3. Қайрат Женисули (Қазоқистон)
-66 кг
1. Тофиг Маммадов (Озарбойҷон)
2. Ержан Еренкайипов (Қазоқистон)
3. Елшан Асадов (Озарбойҷон)
3. Бауыржан Нарбаев (Қазоқистон)
-73 кг
1. Айбек Жакашов (Қазоқистон)
2. Обидхон Нуъмонов (Узбекистон)
3. Иброҳим Алиев (Озарбойҷон)
3. Иклас Алсейт (Қазоқистон)
-81 кг
1. Досхан Жолжакинов (Қазоқистон)
2. Адилет Ахметалӣ (Қазоқистон)
3. Қанат Абиталӣ (Қазоқистон)
3. Муродҷон Юлдошев (Узбекистон)
-90 кг
1. Александр Сидорик (Беларус)
2. Умар Бозоров (Узбекистон)
3. Андрей Шимбалиу (Беларус)
3. Улуғбек Уроқов (Узбекистон)
-100 кг
1. Ерназар Сарсенбоев (Узбекистон)
2. Қозибек Ракишев (Қазоқистон)
3. Элмар Гасимов (Озарбойҷон)
3. Дархан Жунискан (Қазоқистон)
+100 кг
1. Мұҳаммадқодир Мансуров (Узбекистон)
2. Зуфарбек Уралов (Узбекистон)
3. Абдуллоҳ Худоёров (Узбекистон)
3. Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон)
Занон:
-48 кг
1. Фотимахон Турсунбоева (Узбекистон)
2. Аружан Данаибек (Қазоқистон)
3. Аяна Дүйсенбой (Қазоқистон)
3. Улбусин Ҳакимова (Узбекистон)
-52 кг
1. Гүлтоҷ Маммадалиева (Озарбойҷон)
2. Ханна Буракова (Беларус)
3. Сита Қадамбоева (Узбекистон)
3. Меруерт Сарсенова (Қазоқистон)
-57 кг
1. Жанар Жолдошева (Қирғизистон)
2. Үлвия Байрамова (Озарбойҷон)
3. Моҳинур Аллаберганова (Узбекистон)
3. Ардак Нурсак (Қазоқистон)
-63 кг
1. Марҷона Нуруллоева (Узбекистон)
2. Адина Кочконбоева (Қирғизистон
3. Дамеля Асилханова (Қазоқистон)
3. Яна Макретская (Беларус)
-70 кг
1. Судоба Оғоева (Озарбойҷон)
2. Айтоҷ Гардашханли (Озарбойҷон)
3. Кристина Сотникова (Қазоқистон)
3. Ширинҷон Юлдошева (Узбекистон)
-78 кг
1. Шинар Ибраева (Узбекистон)
2. Гүнел Ҳасанлӣ (Озарбойҷон)
3. Замзагул Файзолланова (Қазоқистон)
3. Диана Телбаева (Қазоқистон)
+78 кг
1. Айда Тоишибекова (Қазоқистон)
2. Толкин Турсинакинова (Қазоқистон)
3. Айимзада Думанқизи (Қазоқистон)
3. Дурдона Низомиддинова (Узбекистон).