Ин мусобиқот, ки бори даҳум бо мақоми "Grand Slam" ("Тоскулоҳи бузург") доир гардад, бо иштироки 373 варзишгар (221 мард ва 152 зан) аз 52 кишвар дар "Mubadala Arena"-и Абузабӣ аз рӯйи 7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон сурат гирифт.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт нафар гуштигирон дохил буданд, ки дар чаҳор вазн байни мардон рақобат карданд: Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кило), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кило), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар вазни то 90 кило), Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 100 кило).
Аз байни гуштигирони тоҷик ду нафар – Муҳиддин Асадуллоев ва Суннатулло Мусоев – медал гирифтанд. Асадуллоев дар вазни то 73 кило, ки ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард, бар Гаоҳуи Лин аз Чин дастболо шуд. Муҳиддини 19-сола дар 1/8 финал ғолиби Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Ҳидоят Ҳайдарови 28-солаи озарбойҷониро шикаст дод.
Қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоев дар чорякфинал бар Иоан Дзитак аз Руминия ғолиб омад. Баъдан ӯ дар даври ниманиҳоӣ Даниел Гаргнини бразилиро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Аммо Муҳиддин дар даври ниҳоӣ аз Нилс Стампи пуртаҷрибаю номдори 28-сола аз Швейтсария ноком шуд ва барандаи медали нуқра гардид. Ин дуюмин медали Муҳиддин Асадуллоев аз мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и ҷудо аст. Вай имсол дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тило гирифта буд.
Суннатулло Мусоеви 21-сола дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт. Вай низ ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Баъди пирӯзӣ бар Бенедек Тот аз Маҷористон ба 1/8 финал баромад. Мусоев баъдан бар Гаҷимурод Умаров ва Нугзари Таталашвили, ҳарду аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ғалаба карда, ба нимфинал роҳ пайдо намуд.
Аммо паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Абдулкарим Тасуеви русиягӣ мағлуб шуд. Сипас Суннатулло барои медали биринҷӣ Гаҷидовуд Гасановро аз Баҳрайн шикаст дод. Ин аввалин медали Мусоев дар "Grand Slam" ба шумор меравад.
Инчунин дар Абузабӣ паҳлавони тоҷик Абубакр Шеров (-73 кг) ҷойи панҷумро гирифт. Абубакри 22-сола барои медали биринҷӣ аз Маҳмадбек Маҳмадбеков, варзишгари тоҷиктабори 26-солаи русиягӣ, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳунарнамоӣ кард, мағлуб шуд. Боз ду паҳлавони тоҷик - Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) - ҷойҳои ҳафтумро гирифтанд.
Дар мусобиқоти Abu Dhabi Grand Slam 2025 дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 2 медали тило, 4 нишони нуқра, 2 ҷойи панҷум ва 3 ҷойи ҳафтум ғолиб шуд. Бояд зикр намуд, ки варзишгарони Русия пас аз муддати тулонӣ дар ин мусобиқот таҳти парчами кишвари худ ҳунарнамоӣ карданд.
Мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тило, 2 нишони биринҷӣ, 1 ҷойи панҷум ва 1 ҷойи ҳафтум зинаи дуюмро соҳиб гашт. Мунтахаби Олмон бо касби 2 медали тило, 1 ҷойи панҷум ва 2 ҷойи ҳафтум зинаи сеюмро ишғол намуд. Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, як нишони биринҷӣ, инчунин 1 ҷойи панҷум ва 2 ҷойи ҳафтум дар зинаи 14-ум қарор гирифт.
Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра - 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ - 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣии ҷудо соҳиби имтиёзҳо шуданд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2024 се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Медали нуқраро Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило гирифт. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило барандагони медали биринҷӣ гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони Abu Dhabi Grand Slam 2025:
Мардон
-60 кг
1. Аюб БЛИЕВ (Русия)
2. Ариунболд ЭНХТАЙВАН (Муғулистон)
3. Георгий САРДАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Салих ЙИЛДИЗ (Туркия)
-66 кг
1. Валид ХЯР (Фаронса)
2. Мурод ЧОПАНОВ (Русия)
3. Адриан НЙЕТО ЧИНАРРО (Испания)
3. Элиос МАНСИ (Италия)
-73 кг
1. Нилс СТАМП (Швейтсария)
2. Муҳиддин АСАДУЛЛОЕВ (Тоҷикистон)
3. Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ (Иморот)
3. Даниел КАРГНИН (Бразилия)
-81 кг
1. Франсуа ГОТЙЕ ДРАПО (Канада)
2. Абдулкарим ТАСУЕВ (Русия)
3. Суннатулло МУСОЕВ (Тоҷикистон)
3. Виктор СТЕРПУ (Молдова)
-90 кг
1. Лаша БЕКАУРИ (Гурҷистон)
2. Михаил ЛАТИСЕВ (Молдова)
3. Ислом СОГЕНОВ (Сербия)
3. Неманя МАЙДОВ (Сербия)
-100 кг
1. Арман АДАМЯН (Русия)
2. Идар БИФОВ (Русия)
3. Николоз ШЕРАЗАДИШВИЛИ (Испания)
3. Леонардо ГОНСАЛВЕС (Бразилия)
+100 кг
1. Гончигсурен БАТХУЯГ (Муғулистон)
2. Тамерлан БАШАЕВ (Русия)
3. Ушанги КОКАУРИ (Озарбойҷон)
3. Ираклий ДЕМЕТРАШВИЛИ (Гурҷистон)
Гуфтугӯ