Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии кураши Осиё 5 медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии кураши Осиё, ки рӯзҳои 6-10-уми июн дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Оҷонсии иттилоотии “Дунё” хабар медиҳад, дар сездаҳумин даври мусобиқоти қоравӣ дар пойтахти Эрон 200 варзишгар аз 20 кишвари Осиё иштирок кард. Мусобиқот миёни мардону занон доир гашт.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон танҳо мардон шомил буданд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода, медали тилло гирифт. Дар воқеъ, ин гуштигири 26-сола, инчунин узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мебошад.

Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг) бо медали нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Умар Расулов (-90 кг) ва Фирдавс Насимов (-100 кг) бо нишонҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби медалҳо дастаи мардонаи Узбекистон бо касби 5 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб гашт. Тими Эрон бо касби 1 нишони тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ- мақоми дувумро азони худ кард. Дастаи Тоҷикистон бо касби як медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ севум шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти рақобатҳо миёни мардону занон мунтахаби Узбекистон бо касби 8 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ пирӯз гашт.

Кураш гуштии камарбандии суннатии мардуми туркзабон аст, ки дар Осиёи Марказӣ пайдо шудааст.

Ин ҳунари муҳорибавӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ки онро ба яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар минтақа табдил додааст.

Солҳои охир ин намуди варзиш дар бисёр кишварҳои ҷаҳон низ рушд мекунад ва дар ҳамин ҳол ҳудуди 120 федератсияи миллӣ аз Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнус ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии кураш, ки роҳбараш Мансур Мирзоеви узбекистонӣ аст, пазируфта шудаанд.

Кураш, бахусус, дар Узбекистон мавқеи хоса дорад. Тибқи қарори президенти ин кишвар ҳукумати Узбекистон кӯшиш мекунад, ки кураш то соли 2028 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил гардад.

Кураш дар Тоҷикистон ҳам маъмул аст. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.

Зимнан, ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров – соли гузашта дар риштаи кураш дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Моҳи октябри соли гузашта Зуҳуршо Нурмаҳмадзода раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ин вазифа Носир Бозоровро, ки аз ибтидо дар муддати 20 сол раҳбарии федератсияро ба уҳда дошт, иваз кард.

XS
SM
MD
LG