Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домодҳои чинӣ аз ҳамсарони покистонии худ танфурӯш сохтаанд. ВИДЕО


Исломобод қочоқ ва фурӯши духтарони покистониро таҳқиқ мекунад, ки бо ваъдаи издивоҷ ба Чин бурда ва ба танфурӯш табдил дода мешаванд. Ин занон аз наздиконашон илтиҷо доранд, ки онҳоро наҷот диҳанд.

Римша дар либоси сафеди арӯсӣ канори домод истодааст. Шод аст. Наварӯсон ангуштони худро ба шакли рамзи дил ба ҳам овардаанд. Зернавис: "Ишқ то абад". Вале "абад" як сол ҳам давом накард.

Насронидухтари покистонии 27-сола ва домод аз Чин тирамоҳи соли гузашта дар Лоҳур зану шавҳар шуданд. Наздикони Римша издивоҷро имкони хушбахтӣ ва барои оила беҳбуди молӣ донистанд.

Парвин, модари духтар мегӯяд, бино бар маълумоти бунгоҳи издивоҷ, домод раҳбари як корхона буд ва додари Римша метавонад, дертар ба Чин равад ва он ҷо кори хубе ёфта, ба хонавода пул фиристад.

"Фикр мекардем, духтари мо хушбахт мешавад. Онҳо ваъдаи ҳаёти осуда медоданд" - гуфт Парвин ба Бахши покистонии Радиои Озодӣ. Мусоҳиба дар пеши кулбае дар маҳаллаи насрониҳо сурат гирифт. Ӯ афзуд: "Мо ба банди ҳирс ҳам афтода будем."

Орзуи беҳбуди зиндагӣ, ки ба ҷомеаи ҳошиянишини насронии Покистон хос аст, зиндагии ин оиларо ба як кобус табдил дод. Римша, ки то ҳол дар Чин аст, мегӯяд, шавҳараш ӯро мезанад, аз ӯ суистифода мекунад.

Ӯ мегӯяд: "Вай аз ман мехоҳад, бо ҳамаи дӯстонаш дар ивази пул ҳамхоба шавам. Агар рад кунам, мезанад.. Илтиҷо дорам, наҷотам диҳед, — гирёну нолон мегӯяд Римша дар видеое, ки аввалҳои моҳи июн ба наздиконаш фиристодааст.

Римша, ки номи пуррааш ифшо карда намешавад, яке аз даҳҳо зани панҷобист, ки зоҳиран бо фанду фиреб бо чиниҳо издивоҷ карда ва дар Чин мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.

Римша ва шавҳари чинии ӯ, ки ҳамроҳаш ба Чин сафар кард.
Римша ва шавҳари чинии ӯ, ки ҳамроҳаш ба Чин сафар кард.

Моҳи май мақомоти покистонӣ даҳҳо шаҳрванди Покистон ва Чинро бо гумони даст доштан дар қочоқи инсон ва истисмори ҷинсӣ боздошт карданд. Бархе аз ҷабрдидагон гуфтаанд, ки ба онҳо таҳдид мекардаанд, мекушанд ва аъзои баданашонро мегиранд.

Пекин, ки яке аз шарикони калидии амниятӣ ва иқтисодии Исломбод аст ва барои бунёди долони иқтисодии чинию покистонӣ (CPEC) миллиардҳо доллар сармоя гузоштааст. Мақомти Чин ин иддаоҳоро рад мекунад.

"Ин дурӯғ аст, ки духтарони покистониро барои танфурӯшӣ ва аъзои баданашон ба Чин мефурӯшанд» - навишт дар в Twitter сафири Чин дар Исломобод дар моҳи май.

Дар ин байн хабаргузории AP дар моҳи июн ба нақл аз ду манбаъ гузориш дод, ки мансабдорони баландпоя дар Исломобод аз пулис талаб карданд, ки ба хотири вайрон накардани муносибатҳои миёни Покистон ва Чин маълумоти марбут ба одамфурӯширо расонаӣ накунад.

Дар пасманзари сиёсати "як оила — як фарзанд", ки сабаби нобаробарии ҷинсӣ дар Чин шуд, талабот ба арӯсони хориҷӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Одамфурӯшӣ зери ниқоби издивоҷ

Торговля людьми под видом свадеб. Как пакистанок заманивают в Китай
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

​Фаъоли масеҳиёни Покистон Салим Иқбол, ки талош дорад, занони фиребхӯрдаро аз Чин баргардонад, бар ин аст, ки Пекин ва Исломобод дар ин кор чандон ҳавасманд нестанд.

"Аммо пажӯҳиш идома дорад ва афроди бештаре боздошт хоҳад шуд. Муҳимтар аз ин бояд қурбониёни қочоқи инсонро ба ватан баргардонд, — гуфт Иқбол дар сӯҳбат бо бахши покистонии Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол 50 ҷавонзани покистониро аз Чин баргардондаанд.

Гузаргоҳ дар марзи Чин ва Покистон
Гузаргоҳ дар марзи Чин ва Покистон

"Ман мегирям, рад мекунам, ӯ маро мезанад"

Дар навори дуввуме, ки ба даст омадааст, зани дигаре дида мешавад, ки низ аз насрониҳои Покистон буда, ҳоло дар Чин ба сар мебарад ва мегӯяд, шавҳараш ӯро маҷбур мекунад, ки бо мардҳои дигар ҳамхоба шавад. Марям ба Иқбол нақл кардааст, ки шавҳараш ӯро калтаккорӣ ва сипас хафа кард. Вай пайи сиёҳгаштаро дар гарданаш нишон медиҳад

"Вақте дар Покистон будем, одами хуб буд. Вале ҳамин ки ба ин ҷо расидем, ба латукӯби ман сар кард. Бубинед, ин доғҳоро дар бадани ман. Вай мардҳои бегонаро даъват мекунад ва маро маҷбур мекунад, ба онҳо ком диҳам. Ман мегирям, рад мекунам ва ӯ маро бештар мезанад" - гуфт Марями 17-сола дар гуфтугӯи видеоӣ рӯзи 3 июн.

Марям аввали соли 2019 ба Чин кӯчидааст. Дар посух ба хоҳишҳои ӯ, ки ба Покистон баргардад, шавҳар таҳдид кардааст, ки ӯро мекушад ва гурдаҳояшро мефурӯшад.

Марям дар шаҳраки Касуре, ки дар 50-километрии ҷануби Лоҳур ҷойгир аст, зиндагӣ мекард. Падараш Исҳоқ, мардикор аст ва аз ранг кардани хонаҳо пул ба даст меорад. Ба гуфтаи ӯ, хоҳари калонияш аз издивоҷи Марям бо марди чинӣ пуштибонӣ кард.

"Дар ҷоемаи мо тарафи духтар бояд ҷиҳоз диҳад. Чиниҳо ҷиҳоз намехоҳанд. Ба ғайр аз ин мегуфтанд, ки духтарат дар он ҷо кори хубе ёфта, бароят маблағ мефиристад, - мегӯяд Исҳоқ, ки акнун дар ғаму андӯҳ нишастааст.

Исҳоқ аз домодаш барои ин издивоҷ пул гирифтааст, лекин аз гуфтани маблағ сарпечӣ мекунад. Вай инро ҳам гуфт, ки чинӣ худро насронӣ номид ва агар арӯс мусалмон бошад, онҳо худро мусулмон муаррифӣ мекунанд. Ба ақидаи Салим Иқбол, фақру нодорӣ сабаби асосии ба чунин вазъ гирифтор шудани хонаводаҳои покистониҳост.

Нақли раҳошудагон аз ғуломӣ

Санҷиши гуфтаҳои занони покистонӣ аз манбаъҳои мустақил сахт аст. Мақомоти Чин мегӯянд, дар ҳамкорӣ бо Покистон ин шикоятҳоро тафтиш мекунанд, вале тасдиқи онҳоро наёфтаанд. Созмонҳои ҳуқуқи инсон борҳо талаб кардаанд, ки чунин шикоятҳо ҳамаҷониба санҷида шаванд. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузашта интиқоли занонро аз панҷ кишвари осиёӣ ба Чин барои истисмори шаҳвонӣ ошкор карда буд.

Ба камияш як зани покистонӣ, Наташа Масеҳи 23-сола, эълом дошта буд, ки пас аз издивоҷ шавҳараш ӯро ба меҳмонсарое дар Урумчӣ бурд ва ба танфурӯшӣ маҷбур кард. Чанде пеш ӯ дар ин бора дар додгоҳи шаҳри Файсалобод баёнот дод. Пас аз чандин моҳи бардагии ҷинсӣ Наташа тавонист, бо кумаки як донишҷӯи чинӣ ба ватан баргардад.

Наина, зани 18-солаи лоҳурӣ, ки айни ҳолатро доштааст, бо баҳонаи дидори модар барои чанд рӯз ба Покистон сафар кард ва бо ҳамин дигар ба Чин барнагашт. Ҳоло аҳли хонадони Римша ва фаъолони ҳуқуқи инсон талош доранд, ӯро ба ватан баргардонанд.

Дар таҳияи ин матлаб Муҳаммад Зувар ва Сироҷ Зоҳир ширкат карданд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG