Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстони беҳтарин". Путину Ҷинпин ва "дипломатияи панда". ВИДЕО


Путину Ҷинпин шоми 5уми июн ба Боғи ҷонварони Маскав ба дидани тӯҳфаи чиниҳо - ҷуфти пандаҳои нодир рафтанд

Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпин, раҳбарони Русияву Чин, баъд аз як музокироти ба гуфтаашон дӯстона ва анҷоми ба истилоҳ "дипломатияи панда", ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Онҳо дар нишасти муҳими иқтисодӣ ширкат мекунанд.

Ҷинпин ба боғи ҷонварони Маскав охирҳои моҳи апрел ду навъи пандаи нодирро тақдим карда буд. Вай рӯзи 5-уми июн ин тӯҳфаро ба унвони "эътимод ва эҳтиром"-и миёни ду кишвар ба хотири тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар пешорӯи равобити пуртаниши Русия бо Вашингтону Ғарб муаррифӣ намуд.

Ҷинпин дар пайи музокирот бо Путин, ки ӯро “дӯсти беҳтарин" номид пандаҳоро бо номи Жуй ва Динг Динг муаррифӣ намуд.

Путин гуфт, "панда рамзи Чин аст ва мо ин тақдимро ҳамчун як иқдоми дӯстона қабул мекунем".

Президенти Русия гуфт, ҳама сӯҳбатҳо дар бораи панда “маълуман бо табассум меанҷоманд. Аз ин хотир, мо чунин як тақдимро ба унвони эҳтиром ва самимият қабул мекунем”.

Ҷуфти пандаҳо ба боғи ҷонварони Маскав ба мӯҳлати 15 сол ба иҷора дода шуданд ва дар давоми ин солҳо донишмандони русу чинӣ таҳқиқоти худро дар бораи зиндагиву табиати ин ҷонвари нодир анҷом медиҳанд.

Пандаҳои чинӣ муқими Боғи ҷонварони Маскав шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Сафари Ҷинпин ба Русия ҳамчун талоши тақвияти равобит бо Чин дар пасманзари муносибатҳои хеле пуртаниши Вашингтону Маскав унвон мешавад.

Дар пайи ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз ҷониби Маскав дар соли 2014, дар равобити Русияву Ғарб мушкилоти ҷиддӣ пеш омад ба Русия ба умеди тақвияти бештари робитаҳо ба ҳамсояҳои шарқиаш рӯ овард. Дар айни замон, Пекин бо Вашингтон дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ қарор дорад ва ҳарду ҷониб нисбат ба молу муомилати ҳамдигарӣ молиёти иловагӣ ҷорӣ кардаанд.

Сӣ Ҷинпин бо сафари серӯза ба Русия рафтааст ва яке аз ҳадафҳои дигари ин сафар – ширкат дар форуми иқтисодии Санкт-Петербург аст.

Дар чаҳорчӯби ин сафар, чанд ширкати азими русиву чинӣ байни ҳам созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карданд.

Кремл мегӯяд, соли 2018 мизони ҳамкориҳои Русияву Чин 25 дарсад афзоиш ёфт ва ба 108 миллиард доллар баробар шуд.

Максим Орешкин, вазири рушди иқтисодии Русия ва Ван Ҷиган, вазири технологияҳои Чин субҳи 6-уми июн созишнома имзо карда, барои таъсиси фонде бо маблағи умумии 1 миллиард доллар мувофиқа карданд. Ин муассиса бо таҳқиқот дар бахши технологияи навин машғул мешавад. Оҷонсии ТАСС гуфт, маблағи ин бунёдро Фонди сармояҳои мустақими Русия ва Корпоратсияи сармоягузориҳои чинӣ пардохт хоҳанд кард.

Рӯзи 5-уми июн раҳбарони Чину Русия дар музокирот дар Кремл дар баробари масоили марбут ба равобити дуҷониба, инчунин масоили марбут ба вазъи байналмилалиро матраҳ карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG