Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сюрприз"-и солинавии ҳукумат


Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар атрофи пойтахт шояд дар даҳаи аввали моҳи январи соли нав бо оғози кори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қисман аз байн равад.

Сӯҳбатҳои сарироҳии мардумро дар бораи тӯҳфаи солинавии президенти Тоҷикистон, ки гӯё лимити барқро барои аҳолии навоҳии тобеъи марказ қисман ё пурра лағв мекунад, сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарипов дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ тақрибан тасдиқ кард. Вай гуфт, то 10-уми январ Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз сӯи раисиҷумҳур ифтитоҳ карда хоҳад шуд.

Аммо то куҷо ин умеди мардум воқеист? Оё қудрати Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе барои пурра бо барқ таъмин кардани аҳолии кишвар мерасад?

Сироҷиддин Саидов, сардори раёсати сохтмони вазорати обу энергетикаи Тоҷикистон, аз посух ба ин пурсишҳо худдорӣ кард, аммо як масъули дигари ин вазорат, ба шарти набурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин барнома таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳур аст ва ҷузъиёти он то ифтитоҳи расмиаш махфӣ дошта мешаванд, чунки ин як шарти "сюрприз"-и президентист.

Лимити барқ шояд коҳиш биёбад, вале баъди...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Ба ақидаи коршиносон, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Карамов, юаъди тармим метавонад дар як шабонарӯз то 6,5 миллион киловатт-соат ва дар як сол то 2,3 миллиард киловатт-соат барқ диҳад. Аммо коршиносон мегӯянд бо назардошти он ки норасоии нерӯи барқ дар кишвар дар фасли сармо иттифоқ афтода, марказ ҳамчунин бояд гармӣ низ диҳад, ин марказ ба системаи барқи Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 300 миллион киловатт-соат барқ дода метавонад.

Баҳром Сироҷев, собиқ раҳбари ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, норасоии барқ дар Тоҷикистон 3 миллиард киловатт/соат аст ва ин марказ ҳудуди 35-40 дарсади ин камбудро метавонад бипӯшонад: «Ҳоло бархе аз «донишмандон» ва «маҳмадоно»-ҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон нерӯгоҳи хурду миёна ва ҳамин хел ТЭС-ҳо созад. Аммо мо бо ин хел нерӯгоҳҳо камбуди барқро пӯшонда наметавонем.»

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, барқе, ки ин марказ тавлид мекунад, метавонад эҳтиёҷи Душанберо бароварда кунад ва дар он сурат, барқе ки ҳоло пойтахт аз шабакаҳои умумӣ мегирад, барои таъмин кардани аҳолии манотиқи кишвар равона гардад. Вале ин танҳо имкон медиҳад, лимити барқ камтар шавад, на лағв.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 дар расми оғози тармими ин марказ гуфта буд, он баъди ду соли дигар дар арафаи 20-умин солгарди истиқлоли кишвар ба истифода дода хоҳад шуд. Ин марказро ширкати «ТВЕА»-и Чин дар асоси созишномааш бо вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо усули «сармоягузорӣ ба ивази захираҳои табиӣ» тармим мекард. Вале сохтмони ин марказ тӯл кашид ва ҳатто вакилони парлумон вазири вақти энерегетика Гул Шералиро барои таъхир дар сохтмони ин марказ танқид карда буданд. Гул Шералӣ он замон гуфта буд, вазораташ имкони бо манзили зист таъмин кардани коргарони чиноиро наёфтааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, фаъолияти ин марказ, ки бо ангишт кор мекунад, ба вазъи муҳити зист дар Душанбе беасар нахоҳад монд.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси арсаи энергетика дар ин маврид мегӯяд: «Ин марказ ҳаворо зиёд ифлос мекунад. Дар маҳаллаи Калинин ва атрофии он дуди он зиёд мешинад. Вақте корхонаи сементи Душанбе пурра кор мекард, маҳҳалаҳои наздашро пури чанг мекард. Ин ТЭС акнун ба сементзавод изофа шуд.»

Гуфта мешавад, иқтидори лоиҳавии Маркази барқу гармидиҳии нави Душанбе 270 мегаватт буда, имкон дорад, манзилҳои истиқоматии зиёда аз 250 ҳазор нафар сокинони пойтахтро бо оби гарм ва гармӣ таъмин кунад. Дар сурати пурра ба кор оғоз кардани ин марказ барои 250-300 нафар ҷои нави корӣ низ муҳайё хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG