Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари сухангӯи Путин дар Порлумони Аврупо кор мекунад


Елизавета Пескова

Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) мегӯянд, ки духтари сухангӯи президенти Русия Владимир Путин ба ҳайси таҷрибаомӯз ба порлумони Аврупо дар Брюссел ба кор қабул шуда, ҳамакнун ба санадҳои мухталифи Иттиҳодияи Аврупо дастрасӣ пайдо кардааст.

Елизавета Пескова, духтари 21-солаи Дмитрий Песков, ба ҳайси коромӯз дар дафтари Эмерик Шопрад, узви фаронсавии порлумони Аврупо ба кор пардохтааст.

Ман тасаввур намекунам, ки Кремлин дастонашро дар кисаву дили сохторҳои Иттиҳодияи Аврупо андохта бошад

"Аз таҷрибаомӯзони дигар ҳаққи бештар надорад"

Шопрад ҳамчун ҷонибдори ошкори ғасби нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия дар соли 2014 маъруф аст. Исми Елизавета Пескова дар саҳифаи расмии кории Шопрад нашр шуд. Худи Шопрад низ ба Радиои Озодӣ хабари ба ҳайси коромӯз ба тими ӯ пазируфта шудани Песковаро тасдиқ кард

Ӯ дар як посухи катбӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт:​ "Бешубҳа, бону Пескова духтари як шахсияти муҳим дар Федератсияи Русия аст, вале ба ҳайси донишҷӯ аз таҷрибаомӯзони дигар, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд, ҳаққи бештар надорад."

Эмирик Шопрад
Эмирик Шопрад

Эмерик Шопрад афзуд, Пескова феълан дар Русия - на барои ҳукумат ва на барои ширкати хусусӣ - кор намекунад. "Ва аз ин хотир, - менависад Шопрад, - дар иҷрои салоҳиятҳои ман ба ҳайси як узви порлумон ин ҳолати бархӯрди манфиатҳоро эҷод карда наметавонад".

Шопрад узви ҳам Кумитаи умури байналмилалӣ ва ҳам зеркумитаи амният ва дифоъ аст ва ҳамчунин ба ҳайати Кумитаи порлумонии Иттиҳодияи Аврупо ва Русия шомил мебошад.

Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Шопрад - мавқеи хилофи Иттиҳодияи Аврупо

Ӯ дар референдуми Қрим, ки дар пайи ғасби мусаллаҳонаи нимҷазира аз ҷониби Русия дар моҳи марти соли 2014 баргузор шуд, ба ҳайси як нозири байналмилалӣ иштирок кард. Он замон Эмерик Шопрад раъйпурсиро “қонунӣ” номид, дар ҳоле ки мавқеи Иттиҳодияи Аврупо комилан хилофи ин буд.

Қатъномаи маҷмаи кулли Созмони Милал ҳам, ки аз ҷониби 100 кишвар пуштибонӣ шуд, натиҷаҳои раъйпурсиро ғайриқонунӣ эътироф кард.

Чандин узви порлумон, ки хабарнигорони РАО/РО бо онҳо дар тамос шуданд, гуфтанд, ки дар бораи ба кор қабул шудани хеши як мақоми баландпояи Русия дар порлумони Аврупо хабар надоштанд.

"Хунукназарӣ" ва "шармандагӣ"

Сандра Калниете аз як гурӯҳи калони порлумонии марказу ростгарои Ҳизби мардумии Аврупо ба кор пазируфта шудани Елизавета Песковаро натиҷаи "хунукназарӣ" унвон кард. Ӯ гуфт, "ин ҳолат хилофи қонунҳои умумии амниятӣ дар порлумони Аврупо аст".

Пятрас Ауштрявичюс аз гурӯҳи либералии Порлумони Аврупо мақоми Песковаро "як шармандагии калони Порлумони Аврупо" номид. "Ман тасаввур намекунам, ки Кремлин дастонашро дар кисаву дили сохторҳои Иттиҳодияи Аврупо андохта бошад”, -гуфт Ауштрявичюс ба РАО/РО.

Вале намояндаи Пескова ин хабарро рад кард. Сухангӯи ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ба кор дар Порлумони Аврупо пазируфта шудани Песковаро тасдиқ намекунад.

Пескова ба чӣ ҳақ дорад, ба чӣ не?

Ба ҳайси як коромӯз Пескова ба сохторҳои Порлумони Аврупо дар Брюссел ва Страсбург дастрасии бемаҳдудият пайдо карда, метавонад дар ҳама ҷаласаҳои кумитаҳои порлумонӣ иштирок кунад. Азбаски назорати амниятӣ ҳам дар ин сохтор чандон сахт нест, ӯ метавонад ба ҷаласаҳои баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ҳам роҳ ёбад. Ӯ, инчунин, ба пойгоҳҳои иттилоотии дохилипорлумонии интернетӣ ҳам дастрасӣ дошта метавонад.

Маблағи коромӯзони Порлумони Аврупо аз будҷа таъмин мешавад, ки онро андозсупорандагони аврупоӣ пардохт мекунанд. Маълум нест, ки агар Пескова маошхӯри Порлумони Аврупо бошад, чӣ маблағе ба даст меорад.

Бар асоси муқаррарот, ҳаҷми ҳадди аксари маблағе, ки як коромӯз дар Порлумони Аврупо дастрас мекунад, 1600 евроро ташкил мекунад, дар баъзе ҳолатҳо коромӯзон бепул истихдом мешаванд. Таъйини маоши коромӯз ба кордиҳанда – узви порлумон бастагӣ дорад.

Зиндагии боҳашамат дар гӯшаҳои гуногуни дунё

Пескова яке аз фарзандони элитаи сиёсии Русия аст, ки ба Аврупои ғарбӣ роҳ ёфтааст. Падари ӯ, ки давоми ду даҳсола ба ҳайси сухангӯи Путин кор мекунад, ба хотири дороиҳои берун аз даромади расмиаш мавриди таваҷҷӯҳи сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний шуда буд.

Елизавета Пескова
Елизавета Пескова

Елизавета Пескова як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буда, дар Instagram 80 ҳазор тарафдор дорад. Дар ин саҳифаҳо ӯ зиндагии бошаҳоматашро дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла, ба навиштааш дар Маскаву Парижу Брюссел намоиш медиҳад.

Дар ҳоле ки аксҳои ӯ ҳеч нишонае аз кор дар Порлумони Аврупоро надорад, чанд аксаш дар маконҳои маъруфи Брюссел бардошта шудааст.

Rikard Jozwiak, Gjeraqina Tuhina, Gregory Zhygalov

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG