Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Украина, шикасти Лаҳистон ва мусовии Ҳолланд бо Фаронса


Лаҳзае аз бозии дастаҳои Ҳолланд ва Фаронса
Лаҳзае аз бозии дастаҳои Ҳолланд ва Фаронса

Рӯзи 21-уми июн дар Олмон се бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар гурӯҳҳои D ва Е доир гардид.

Нахуст мунтахаби Украина ба тими Словакия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи Е дар варзишгоҳи “Меркур Шпил-Арена”-и шаҳри Дюсселдорфи Олмон гузашт. Дар ҳайати дастаи ғолиб голҳоро Николай Шапаренко (дақиқаи 54-ум) ва Роман Яремчук (80) ба самар расониданд. Голи дастаи Словакияро Иван Шранс (17) зад.

Мунтахаби Украина бо се имтиёз дар зинаи дувуми ҷадвали гурӯҳи Е қарор дорад. Мунтахаби Словакия (3 имтиёз) дар ҷойи севум аст. Рӯзи шанбеи 22-уми июн дастаи пешсафи гурӯҳ - Руминия (3 имтиёз) дар шаҳри Кёлн бо тими Белгия (0 имтиёз) рақобат мекунад.

Дар бозии дувуми рӯзи ҷумъа, 21-уми июн, дар шаҳри Берлин дастаҳои мунтахаби Австрия ва Лаҳистон (Полша), ки ба гурӯҳи D шомиланд, рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо пирӯзии австриягиҳо бо ҳисоби 3:1 анчом ёфт. Голҳои дастаи ғолибро Гернот Траунер (дақиқаи 9-ум), Кристоф Баумгартнер (66) ва Марко Арнаутович (78, аз пеналти) заданд. Голи ягонаи мунтахаби Полшаро Кшиштоф Пентек (30) ба ҳадаф расонд.

Бозии севум, ки рӯзи 21-уми июн миёни дастаҳои Ҳолланд ва Фаронса аз гурӯҳи D дар шаҳри Лейпсиг барпо гардид, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Пас аз ин бозӣ маълум шуд, ки тими миллии Лаҳистон (Полша) аввалин дастаест, ки шонси роҳ ёфтан ба плей-оффро аз даст дод. Лаҳистониҳо, ки дар ин мусобиқот аз тими миллии Ҳолланд (1:2) ва мунтахаби Австрия (1:3) шикаст хӯрданд, дар ҷадвали гурӯҳ бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд.

Фаронсаву Ҳолланд чаҳоримтиёзӣ, Австрия се имтиёз дорад. Ҳатто агар дар даври севум мунтахаби Полша Фаронсаро мағлуб кунад ҳам, аз ҷойи чорум боло шуда наметавонад.

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

То ҳоло ду дастаи мунтахаб - Олмон аз гурӯҳи А ва Испания аз гурӯҳи В - пешакӣ ба плей-офф баромадаанд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 14-уми июл дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

ҚАҲРАМОНИИ ФУТБОЛИ АВРУПО-2024

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Маҷористон (Венгрия), Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Лаҳистон (Полша), Ҳолланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

ДАВРИ АВВАЛ

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

Гурӯҳи D, Полша – Нидерланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

ДАВРИ ДУЮМ

Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2

Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0

Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1

Гурӯҳи C, Словения – Сербия – 1:1

Гурӯҳи C, Дания – Англия – 1:1

Гурӯҳи B, Испания – Италия – 1:0

Гурӯҳи E, Словакия – Украина – 1:2

Гурӯҳи D, Полша – Австрия – 1:3

Гурӯҳи D, Нидерланд - Фаронса – 0:0

22 июн, шанбе

Гурӯҳи F, 17:45, Гурҷистон - Чехия

Гурӯҳи F, 20:45, Туркия - Португалия

Гурӯҳи E, 23:45, Белгия - Руминия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

XS
SM
MD
LG