Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: пули ҷашни Истиқлолро ба мардум диҳем


Президент Володимир Зеленский пешниҳод кард, ки дар ҷашни Истиқлолияти Украина паради ҳарбӣ баргузор нашавад ва ба ҷойи ин 300 миллион ҳривна (12 миллион доллар) харҷи онро ба маоши ҳарбиён илова намояд.

Президенти Украина гуфт, кишвараш ҳамчунон Рӯзи Истиқлолиятро ҷашн хоҳад гирифт, “вале ба шакли нав”. Вай гуфт, одатан рӯзи 24-уми август Украина пули зиёде харҷ карда, намоиши ҳарбии пурдағдаға баргузор мекунад. “Ба фикри ман, беҳтар аст, мо ин маблағро ба қаҳрамонони мо, ба ҳарбиёнамон диҳем. Мо бояд ҳамаи ҳамин 300 миллион ҳривнаро ба сарбозони қаторӣ, курсантҳо, сержантҳо, афсаронамон диҳем,” – гуфт Зеленский.

Ин пешниҳоди ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозӣ ва пуштибонии зиёд ба миён овард. Дар ҳоле ки аксарият аз он ҳимоят карданд, бархе аз шаҳрвандони Украина гуфтанд, ризо нестанд, аз ин сармоя чизе ба генералҳо дода шавад, чун ба гуфтаи ин шореҳон, “онҳо натавонистаанд, вазифаҳои худро дифоъ аз Украина ба ҷой оранд”.

Президент Володимир Зеленский гуфт, ин амалро ба анъанаи ҳарсола табдил додан мехоҳад.

Дар солҳои охир ба муносибати иди истиқлол дар маркази Киев гузари ботантанаи ҳарбиён баргузор мешавад ва ин намоиш мавриди танқиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Онҳо менависанд, гоҳе ки кишвар дар ҳоли ҷанг аст, сарбозон ва техникаи ҳарбӣ дар манотиқи ҷанг дар шарқи Украина заруртаранд, то дар маркази Киев.

Соли гузашта дар робита ба пурсишҳои он ки то чӣ андоза баргузории паради ҳарбӣ мувофиқи мақсад аст, вазири дифои Украина Степан Полторак гуфт, ин кор ҳам ба манфиати ҳарбиён ва ҳам ба хотири ҷомеа сурат мегирад.

“Вазъу ҳоли ҳарбиёни моро дар ҷабҳаи ҷанг на ҳамаи шаҳрвандон дида метавонанд. Мо фақат инро медонем, ки ҳарбиёнамон аз кишвар ҳимоят мекунанд. Аммо онҳо чӣ ҳолу ҳаво доранд, мардуми Украина дар ҳамин парадҳои ҳарбӣ дида метавонад. Ин барои ҳар шахси низомӣ муҳим аст, зеро монанди гузориш додан ба ҷомеа ва давлат аст дар бораи вазъу ҳоли худ,” – гуфт вазир.

Полторак яке аз вазири Украина мебошад, ки Зеленский ҳанӯз ҳангоми савгандёдкуниаш истеъфои онҳоро талаб карда буд. Аммо порлумони Украина истеъфои Полторак ва ҳамчунин вазири умури хориҷӣ Павел Климкин ва раиси Хадамоти амнияти миллии он кишвар Василий Гритсакро рад кард. Лоиҳаи қонуни пешниҳодии президент Владимир Зеленский дар ин бора раъйи заруриро дар порлумон ба даст наовард.

Пештар вакилони порлумони Украина истеъфои сарвазири ин кишвар Владимир Гройсманро низ ҷонибдорӣ накарданд. Ҳамчунин лоиҳаи қонуни дигари пешниҳодии Зеленский, ки барои дороии ғайриқонунии мансабдорон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекард, баррасӣ нашуд.

Президенти нави Украина пас аз адои савганд порлумонро пароканда эълон кард. Вале ҳайати кунунии он то интихоботи пеш аз муҳлат амал хоҳад кард. Интихоботи нави порлумонии Украина 21 июл баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG