Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия ба ҳар иғвои Аврупо посухи сареъ хоҳад дод"


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар маҳфили таҳлилии "Валдай", 2 октябри 2025 дар Сочӣ.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар маҳфили таҳлилии "Валдай", 2 октябри 2025 дар Сочӣ.

Раисҷумҳури Русия мегӯяд, "дар сурат ҳар гуна иғво ё таҳрик аз сӯи Аврупо", бо суръат вокуниш нишон хоҳанд дод, аммо қасди ҳамла ба НАТО-ро надоранд.

Владимир Путин рӯзи 2 октябр дар бошгоҳи таҳлили "Валдай" дар Сочи бо ишора ба таърихи Русия гуфт, ин кишвар борҳо нишон додааст, ки дар сурати таҳрик кардан, ин кишвар вокуниши сареъ нишон додааст.

Ӯ афзуд, "мо аз наздик низомӣ шудани афзояндаи Аврупоро зери назар дорем ва иқдомҳои интиқомҷӯёнаи Русия зиёд тӯл нахоҳад кашид. Посух ба чунин таҳдидҳо бисёр муҳим хоҳад буд. Русия ҳаргиз заъф ё шакку тардид нишон нахоҳад дод".

Робитаҳо байни Русия ва Иттиҳоди Аврупо пас аз ҳамлаи густурдаи Маскав ба Украина ба сардӣ гароид ва ин иттиҳодия ба тақвияти тавоноиҳои дифоии худ пардохт.

Парвози паҳбодҳо дар фазои Дания, ва нақзи ҳарими ҳавоии Эстония ва Лаҳистон аз сӯи Русия, нигарониҳо дар бораи сирояти ҷанги Русия алайҳи Украина ба марзҳои Аврупоро афзоиш додааст.

Бо ин ҳол, раисҷумҳури Русия раҳбарони Аврупоро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ, бо "эҳсосоти низомӣ", вазъро печида кардаанд.

Путин ҳамчунин таъкид кард, ҳамлаи Русия ба НАТО "боварнокарданӣ аст" ва ба аврупоиҳо тавсия кард, ки оромиши худро ҳифз карда, ба ҳалли мушкилоти дохилиашон машғул шаванд.

Раисҷумҳури Русия дар бахши дигаре аз суханрониаш гуфт, ки ӯ император нест, балки як президенти мунтахаб аст.

Путин -- афсари собиқи КГБ, нахустин бор соли дар 1999 ба қудрат расид ва аз он замон, ба ҷуз як давра, ки нахуствазир шуд, то кунун президент аст

Ӯ иддаои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бораи инки, Русия "бабри коғазӣ" аст, рад кард ва иддао намуд, ки Русия нерӯмандтарин артиши ҷаҳонро дорад.

Путин гуфт, "агар Русия як бабри когазӣ аст, НАТО низ чунин аст" ва Ғарбро ба чолиш кашид, "то агар фикр мекунад бо бабри коғазӣ рӯбарӯст, бо он муқобила кунад".

Раҳбарони Аврупои ғарбӣ ва Украина ин ҷангро ҳамчун ишғоли сарзамин ба сабки императорӣ медонанд ва борҳо савганд ёд кардаанд, ки нерӯҳои Русияро шикаст медиҳанд.

Онҳо ба ин бовар ҳастанд, ки агар Русия шикаст нахӯрад, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Путин ба яке аз кишварҳои узви паймони НАТО ҳамла хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG