Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо вуҷуди ихтилофҳо, Трампу Путин барои беҳбуди равобит омодагӣ нишон доданд. ВИДЕО


Дар шаҳри Осакаи Ҷопон мулоқоти президентони ИМА ва Русия баргузор шуд, ки нахустин бор баъди нашри таҳқиқот оид ба мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА баргузор шуд.

Президенти ИМА Доналд Трамп аз робитаҳои ба гуфтааш “хеле ва хеле хуб” бо президенти Русия Владимир Путин ситоиш кард ва айни замон ӯро “аз мудохила” ба интихоботи ояндаи ИМА ҳушдор дод. Субҳи 28 июн дар ҳошияи ҳамоиши Гурӯҳи кишварҳои бистгона ё G20 дар Ҷопон ду раҳбар бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Бо вуҷуди масоили зиёди мавриди ихтилоф дар равобити дуҷонибаву байналмилалии кишварҳо, Трамп дар нахустин мулоқоти имсолааш бо Путин бо лаҳни хушбинона сӯҳбат мекард. Лаҳзаҳое, ки дар шаҳри Осака Путину Трамп барои шурӯи гуфтугӯ дар канори ҳам менишастанд, Трамп ба журналистон гуфт, “мо робитаҳои хеле ва хеле хуб дорем”.

Дар оғози нишаст борони саволҳои журналистон ба ду раҳбар рехт ва дар посух ба як савол, ки “оё Трамп бо Путин мавзӯи мудохила ба интихоботро баррасӣ мекунад?”, бидуни ин ки ба чашми Путин нигоҳ кунад, истеҳзоомез бо ишораи ангушт кӯтоҳ гуфт, “ба интихобот мудохила накунед”. Путин дар посух табассум кард.

Трампу Путин дар Ҷопон гуфтугӯ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Мулоқоти ду раҳбар дар шароите мегузарад, ки бо вуҷуди намоиши муносибатҳои хуби ду раҳбат, равобити ду кишвар аз замони Ҷанги Сард дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Ғасби нимҷазираи Қрими Украина ва пуштибонии Кремл аз президенти Сурия Башор Асад робитаҳои Вашингтон ва Маскавро пуртаниш кард.

Роберт Мюллер, раиси шӯрои вижаи тафтишоти федеролии Амрико, ки гузориши худро моҳи март муаррифӣ кард, шаҳодати фаровони мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-ро ба намоиш гузошт. Путин ин иттиҳомотро рад мекунад.

Вале дар пасманзари масоили муҳими марбут ба равобити дуҷониба ва байналмилалӣ, хабарҳо дар бораи кадом тасмимҳои муҳим аз ин нишаст нашр нашуд. Дар як изҳороти хаттии Кохи Сафед дар хулосаи нишасти 80-дақиқаинаи ду раҳбар дида шуд, ки чандон натиҷаҳои ҷиддӣ ба даст наомадааст. “Ду раҳбар ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои миёни ИМА ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар кишвар ва ҷаҳон мебошад”.

Дар матни изҳороти матбуотӣ инчунин гуфта шудааст, ки ду раҳбар вазъ дар Эрон, Сурия, Венесуэла ва Украинаро баррасӣ карданд.

Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи президентон баъди нишасти Ҳелсинкӣ аст, ки соли гузашта баргузор шуд. Он замон Трамп нагузошт, ки мушовиронаш ӯро дар ин нишаст ҳамроҳӣ кунанд ва баъдан ҳам аз шарҳи ҷузъиёти ин музокирот дар Конгресс худдорӣ кард.

Моҳи ноябри порсол Трамп барномаи мулоқот бо Путинро дар Аргентина лағв карда буд. Ин замоне буд, ки Русия ду киштии украиниро дар баҳри Азов ҳабс кард. Ду раҳбар қарор буд дар ҳошияи G-20 гуфтугӯ мекарданд.

Яке аз масоили куллӣ дар робитаҳои Вашингтон ва Маскав ин назорат аз силоҳ аст. Моҳи августи имсол мӯҳлати иҷрои созиши марбут ба назорат аз силоҳҳои миёнапарвоз ҳастаӣ ба поён мерасад. ИМА Русияро дар иҷро накардани шартҳои ин санад муттаҳам карда аз ин созиш берун шуд ва Маскав ҳам баъди ин аз Вашингтон пайгирӣ кард. Мӯҳлати созиши наве бо номи START соли 2021 ба анҷом мерасад, дар сурате, ки ду кишвар барои тамдиди он изҳори омодагӣ нишон надиҳанд. Маъмурияти Трамп дар фикри таҳияи созиши нав аст, ки Чин ҳам як бахши он мебошад. Путин дар мусоҳибаи рӯзи 27 июнаш бо нашрияи бритониёии Financial Times гуфт, ки ИМА ҳеҷ рағбате барои тамдиди мӯҳлати ин созишнома надорад. Путин гуфт, “агар мо музокиротро ҳамин ҳоло шурӯъ накунем, вақт аз даст меравад ва ҳатто барои гузаштан аз муқаррароти расмӣ ҳам дигар фурсат намемонад”.

Бар асоси гузориши Кохи Сафед аз рӯзи 28 июн, “президентони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки баррасии модели назорат аз силоҳҳо дар қарни 21-ро идома медиҳанд ва президент Трамп гуфт, ки ба ин санад бояд Чин ҳамроҳ карда шавад”.

Равобити ИМА ва Русия инчунин сари масоили Эрон ва Венесуэла ҳам дучори ихтилоф аст. Вазъ дар моҳҳои охир дар Венесуэла бад шудааст. Ҳам Теҳрон ва ҳам Каракас муттафиқони Кремлин ҳастанд ва ин ду кишвар харидори аслии силоҳҳои Русия мебошанд.

Трамп дар фикри барканор кардани президент Николас Мадуро аст ва аз Русия хост, ки мутахссисони умури аслиҳаи худро аз Венесуэла берун кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG