Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо. Путин ҳамлаҳоро ба Сурия “таҷовуз” номид


Владимир Путин
Владимир Путин

Ҳамлаи Амрико ва Бритониёву Фаронса ба корхонаҳои тавлиди силоҳи кимиёвӣ дар Сурия бо вокунишҳои мухталиф дар ҷаҳон рӯбарӯ шуд ва тарафдорону мухолифони ин иқдоми низомиро дар ду сангар қарор дод. Ин ҳамла бомдоди 14-уми апрел ва пас аз як дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, сурат гирифт.

Мухолифон:

Владимир Путин, президенти Русия, иқдоми низомии Амрико ва муттаҳидонашро дар Сурия маҳкум кард. Ӯ рӯзи 14-уми апрел ҳамлаҳои муштараки Амрикову Бритониё ва Фаронсаро "таҷовуз ба як давлати мустақил" номид ва гуфт, дар робита ба ин мавзуъ ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти Созмони Милалро даъват хоҳанд кард.

Вазорати дифои Русия гуфт, ки беш аз 100 мушак ба сӯи Сурия партоб шуда, теъдоди зиёди он раҳгирӣ ва нобуд карда шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Сурия низ дар баёняие ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии Амрикову Бритониё ва Фаронсаро маҳкум кардааст. Телевизиони Сурия дар барномаҳои худ таъкид кард, ки “авзоъ дар Димишқ оддӣ аст”. Гузоришҳои видеоии ин телевизион мардумро дар кӯчаву хиёбон ва бозор дар ҳоли кор ва зиндагии маъмулӣ нишон дод.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, рӯзи шанбе ин иқдомро “ҷиноят” хонд. Дар вебсайти расмии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ гуфта шудааст, ки “ҳамлаи саҳари шанбе ба Сурия як ҷиноят аст. Банда сареҳан эълон мекунам, ки раиси ҷумҳури Амрико, раиси ҷумҳури Фаронса ва нахуствазири Бритониё ҷиноят карданд. Суде ҳам нахоҳанд бурд.”

Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаҳои мушакии Амрикову Бритониё ва Фаронса ба таъсисоти ҳукумати Сурияро ба шиддат маҳкум кард ва нисбат ба осору паёмадҳои минтақаӣ ва фароминтақаии он ҳушдор дод.

Тарафдорон:

Артиши Исроил дар баёнияе гуфт, ки Амрико пеш аз оғози ҳамлаҳо ба Сурия Телавивро дар ҷараён гузоштааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар рӯзҳои гузашта гуфта буд, ки кишвараш дар ҳамлаҳои Ғарб ба Сурия дахолат надорад ва Исроил танҳо аҳдофи мушаххаси худро дар Сурия пайгирӣ мекунад.

Туркия субҳи шанбе аз ҳамлаҳои Амрико ва Бритониёву Фаронса пуштибонӣ кард. Вазорати умури хориҷии Туркия дар баёнияи худ ин ҳамлаҳоро “иқдоме шоиста” дар баробари ҳукумати Башор Асад номид. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Туркия дар дидори ҳафтаи гузаштаи худ бо ҳамтоёни рус ва эрониаш дар канори онҳо таъкид кард, ки “ҷанги Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад”.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада рӯзи шанбе дар баёнияе расман аз ҳамлаи мушакии Амрико ва Бритониёву Фаронса дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвии рӯзи 7-уми апрел дар шаҳраки Думои Сурия ҳимоят кард.

Дабири кулли НАТО низ аз ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ ба таъсисоти кимиёвии ҳукумати Сурия пуштибонӣ намудааст.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи шанбе дар Берлин аз ҳамлаи ҳампаймононаш ба ҳадафҳои вобаста ба ҳукумати Сурия ҳимоят кард ва онро “вокуниши муносиб” ба ҳамлаҳои кимиёвии режими Асад ба ғайринизомиҳо номид.

Қатар, ки дар ҳошияи Халиҷи Форс як пойгоҳи бузурги низомии Амрикоро ҷой додааст, аз тасмими Доналд Трамп, Тереза Мей ва Эммануэл Макрон пуштиибонӣ кард.

  • Тафсилоти ҳамлҳоро дар инҷо бихонед:

Трамп дастури “ҳамлаҳои дақиқ” ба Сурияро содир кард.​

XS
SM
MD
LG