Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: гурӯҳи «Давлати Исломӣ» ба Осиёи Марказӣ хоҳад омад


Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) масъалаи кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав ба 22 санади таҳкими фаъолияти ин ниҳод имзо гузоштанд. Дар изҳороти муштараки онҳо аз таҳдиди афзояндаи терроризм, густариши тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ бо назардошти омили Афғонистон изҳори нигаронӣ шуда, таъкид гаштааст, ки бояд дар Украина сулҳу субот барқарор ва низои Қарабоғи Кӯҳӣ бо роҳи осоишта ҳал гардад.

Дар оғози нишасти сарони кишварҳои узви СПАД раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳушдор дод, ки гурӯҳи «Давлати Исломӣ» мехоҳад, фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад. Биноан, гуфт ӯ, СПАД бояд ба чунин вазъият омода бошад ва аз чораҳои пешгирикунанда кор гирад, гуфт раисиҷумҳури Русия.

Путин гуфт, дар ин ҳолат таъмини амният дар минтақа ба талошҳои муштарак ва ҳамоҳанги ҳамаи кишварҳо дар мубориза бо терроризм, тиҷорати маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, пешгирӣ аз фалокатҳои табиӣ ва техникӣ ниёз дорад. Чунин имконият ва тавонмандиҳоро президенти Русия ба СПАД нисбат дод ва гуфт, ин эътилоф худро ҳамчун "як сохтори обрӯманд ва тавоно" нишон додааст.

Вай таъкид кард, ки дар чунин шароит бояд ба марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода шавад ва ба Тоҷикистон бо мақсади модернсозии нерӯҳои мусаллаҳаш ёрии молӣ ва модӣ расонда шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД изҳори умедворӣ кард, ки ин ниҳод қарори худро дар масъалаи кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба пуррагӣ иҷро хоҳад кард. Вай гуфт: «Тоҷикистон рӯйи ин ҳисоб мекунад, ки дар соли оянда қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бобати кӯмак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба таври комил ба иҷро хоҳад расид. Зарурати ҳаётии ин кор дар пасманзари вазъе, ки дар кишварҳои ҳамсоя ба вуҷуд омадааст, рӯшан аст.»

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав пас аз натиҷагирии кори солонаи ин созмон раёсати даврии он ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шуд.

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин (аз чап) ва ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони СПАД.
Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин (аз чап) ва ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони СПАД.

Дар чанд маҳфил вазирони умури хориҷӣ, вазирони дифоъ ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узв роҳҳои тақвияти СПАД, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ,таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва кӯмак ба марзбонони тоҷик, ҳамкориҳои дигари ҳарбию техникӣ дар миёни кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ карданд. Инчунин дар нишасти вазирон стратегияи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир барои солҳои 2015-2020 таҳия шуд.

Бадриддин Мирзоев, намояндаи Тоҷикистон дар СПАД дар шаҳри Маскав рӯзи 22 декабр дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, барномаи кори Тоҷикистон ҳамчун раҳбари СПАД аз 20 банд иборат аст. Нахуст, таҷлил аз 70-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизми Олмон, сипас ёрии СПАД ба Тоҷикистон дар масъалаи таҳкими марзи он бо Афғонистон, ҳамкории СПАД бо раҳбарияти нави Афғонистон дар муборизаи зидди таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир.

Бино бар низомномааш ҳар кишвари узв бо навбат як сол ба он раҳбарӣ мекунад. Пеш аз ин ҳам Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узв чанд дафъа ба СПАД сарварӣ кардааст. Бо вуҷуди раёсати давраи кишварҳои гуногун, гуфта мешавад, хатти маши ин созмонро тақрибан ҳамеша Маскав муайян мекунад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ – як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомил мебошанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 бо узвияти ҳамин ҷумҳуриҳо ва инчунин се ҷумҳурии дигар - -Узбакистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ташкил шудааст. Вале бо анҷоми мӯҳлати амали ин паймон ва таҳрири номи он ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Тошканду Бокуву Тифлис нахостанд ҳузури худро дар ҳайати ин созмон тамдид кунанд.

Узбакистон дар соли 1999-ум, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро тарк кард. Дар соли 2001-ум Тошканд ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Амрико дар Хонободи Қаршӣ ризоият дод, вале пас аз сардӣ дар равобиташ бо Вашингтон зимни саркӯби хунини тазоҳуркунандагони Андиҷон дар соли 2005-ум ин пойгоҳро баст ва дубора рӯ ба Маскав овард. Соли 2006-ум СПАД Узбакистонро аз нав ба узвият пазируфт, аммо ин кишвар дар соли 2012 дигарбора аз он хориҷ гашт.

Яъне муносибатҳои Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун будааст. Узбакистон ҳатто аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд. Узбакистон ба ҳайси кишвари узви СПАД қариб ҳамеша тамринҳои дастаҷамъии созмонро сарфи назар кардааст ва дар машқҳои моҳи равон дар канораҳои Хуҷанд, аз вуруди техникаи ҳарбии Қазоқистон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

СПАД, ки бо ташаббуси Русия ташкил шудааст, талош дорад ин созмони низомиро ба унвони як ташаккули рақиб бо НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ кунад. Соле чандин бор дар қаламрави кишварҳои узв тамринҳои низомӣ баргузор шуда, раҳбарони ин кишварҳо барои ҳамоҳанг кардани сиёсатҳои худ сарҷамъ мешаванд. Мақсади ин созмон, тавре дар оинномааш ҳам таъкид шудааст, ҳифзи манфиатҳои иқтисодиву ҳудудии кишварҳои узви минтақа бо ҷалби нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG