Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия.ВИДЕО


Владимир Путин барои шаш соли дигар дар курсии раиси ҷумҳури Русия боқӣ мемонад. Ба иттилои Комиссия марказии интихоботи Русия, Владимир Путин дар интихоботи рӯзи якшанбеи 18-уми март 76,6 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Гузоришҳои мухталифе аз нақзи қонуни интихобот ва фишор ба раъйдиҳандагон, мунташир шудааст.

Маъракаи бе "сюрприз" – Пешсафии Путин дар интихобот

Бар пояи натиҷаҳои интихобот, ки Комиссияи марказии интихоботи Русия эълон намуд ва хабаргузориҳои Интерфакс ва ТАСС онро нашр карданд, 95 дарсади варақаҳои интихоботӣ шуморида шудааст ва бар асоси он, Владимир Путин 76,6 дарсади раъйи мардумро аз худ кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш интихоби дубораи Владимир Путинро "нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Русия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати" ӯ хондааст.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Русия, номзади Ҳизби коммунист Павел Грудинин бо 11,9 дарсад дар мақоми дувум, раҳбари ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский бо 5,8 дарсад дар ҷои савум ва номзади "Ташаббуси шаҳрвандӣ" Ксения Собчак бо 1,6 дарсад дар мақоми чаҳорум истодаанд. Чаҳор номзади дигар -- Григорий Явлинский, Сергей Бабурин, Максим Суракин ва Борис Титов ҳамагӣ якдарсадӣ ва ё камтар раъй ба даст оварданд.

Владимир Путин нимашаби душанбе барои чанд лаҳза дар миёни тарафдоронаш дар берун аз Кохи Кремл зоҳир шуд ва аз онҳо ташаккур кард. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, пирӯзии дигарбораи ӯ, нишондиҳандаи "умед ва эътимоди ба нафс"-и мардуми Русия аст. Ӯ чанд лаҳза баъд дар миёни хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир тасмим надорад Қонун асосии Русияро дигар кунад ва низ ишора кард, ки қасди номзадӣ дар интихоботи соли 2030-ро надорад.

Путин бо тарафдоронаш пирӯзиро ҷашн гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00

​Владимир Путин соли 1999 ҷилави қудратро дар Русия ба даст гирифт. Вай ҳоло 65 сол дорад ва 17 соли онро дар курсии раёсати ҷумҳурӣ ва нахуствазири Русия сипарӣ кардааст. Бар асоси Қонуни асосии Русия, Путин дар интихоботи президентии оянда ҳаққи иштирок надорад, аммо метавонад аз тактикаи соли 2008 истифода кунад. Дар он сол Путин иҷоза дода буд, ки Дмитрий Медведев барои як давра раиси ҷумҳур шавад ва худаш ба унвони нахуствазир қудратро ҳифз кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқияи табрикотӣ, Владимир Путинро барои ғалабааш дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия табрик гуфтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, барқияи Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 19-уми март унвонии Владимир Путин ирсол шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубаш интихоби дубораи Владимир Путинро "нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати” ӯ хондааст. Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Путин гуфтааст, "дар Тоҷикистон Шуморо ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд."

"Ҷониби Тоҷикистон қотеона омода аст, ки ҳамаи имкониятҳои дар ин ҷода мавҷударо ба роҳ андозад",-таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия овоз дод.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

XS
SM
MD
LG