Дар Бишкек қаҳвахонае ҳаст, ки таомҳои миллии тоҷикиро ба муштариён пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо ҳамчунин маркази фарҳангии “Қудук” амал мекунад, ки намояндагони Осиёи Марказиро муттаҳид менамояд. Муассиси ин тарҳҳо рӯзноманигор ва эҷодкори тоҷикистонӣ Диана Раҳмонова мебошад. Ӯ аз соли 2010 дар Қирғизистон зиндагӣ ва ҳоло сокинони Бишкекро бо қурутобу фарҳанги тоҷикӣ ошно мекунад.
Хабарнигори ТВ “Настоящее время“ Камила Валиева, ки бо ин қаҳвахона ошно шуд, мегӯяд, Диана таҳияи ғизои миллии тоҷикиро як василаи муаррифии хӯрокҳои миллии тоҷикӣ барои мардуми Қирғизистон ва меҳмонони ин кишвар арзёбӣ мекунад.
Диана Раҳмонова, муассиси қаҳвахонаи «Дарӣ» дар шаҳри Бишкек мегӯяд, «Ман ҳамеша аз он нороҳат будам, ки дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикон маълумоти сатҳӣ дода мешавад. Онҳо намефаҳманд, ки ин мардум чӣ гунаанд, чӣ фарҳанг доранд. Дар асл, тоҷикон мардуми хеле босавод ва андешавар ҳастанд. Ва ман мехостам дар ин бора ба дигарон маълумот бидиҳам”.
Худи Диана бори аввал 15 сол пеш ба Қирғизистон рафтааст. Пас аз як сол вай тасмим гирифт, ки дар ин ҷо бимонад. Ӯ аввал ҳамчун рӯзноманигор кор карда, сипас ба пеш бурдани лоиҳаҳои фарҳангӣ шурӯъ намуд. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди тафовути аслу реша, қирғизҳо ва тоҷикон шабеҳи ҳам меҳмоннавоз ва хандонрӯй ҳастанд.
Айни замон, худи ӯ ҳам аз мардуми Қирғизистон барои худ чизҳои хубе омӯхтааст. ”Ман фикр мекунам, ки аз як ҷиҳат дар ман як навъ рӯҳияи озодипарастӣ ташаккул ёфтааст, - мегӯяд Диана. - Аз нигоҳи фарҳангӣ мо мардуми кучманчӣ нестем ва барои мо устуворӣ дар як ҷой бисёр муҳим мебошад. Дар Қирғизистон ман ҳамеша ҳис мекардам, ки боҷасорат мешавам. Яъне барои ман Қирғизистон бо ҷасорат, озодӣ ва як навъ ғурур тавъам мебошад”.
Диана фарҳанги тоҷикиро ба дигарон аз роҳи мусиқиву шеър, намоишгоҳу маҳфилҳо ошно мекунад. Дар ин ҷо ӯ осори занони ҳунармандро ҷамъоварӣ мекунад, ки одатан онҳоро бо қимати ночиз мефурӯшанд ё тамоман онро нодида мегиранд. Диана ба онҳо қадр кардани корашонро меомӯзонад.
Диана аз он хушҳол аст, ки Бишкек ва Душанбе баҳори имсол тавонистаанд ҳама баҳсҳои сарҳадии худро ҳал намоянд. Ӯ мегӯяд, дар сахттарин рӯзҳо ҳам муассисаи ӯ тавонист нақши пайвандгари фарҳангҳоро иҷро кунад.
“Мо ба наздикӣ як консерти боҳашамаи мусиқии рокро бо иштироки ду гурӯҳ аз Тоҷикистон баргузор кардем. Ва албатта, онҳо ҳама шоданд, ки ниҳоят шиддат паст шуд ва мо дубора бо ҳамдигар робитаро барқарор дорем. Ман фикр мекунам, ки ин хеле муҳим аст. ”
Худи Диана ҳам ҳамсари қирғизтабор дошта, ду фарзандашро дар ҳамин ҷо ба дунё овардааст. Бинобар ин Бишкекро хонаи дуюми худ медонад, вале хонаи якумаш - Тоҷикистонро ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Гуфтугӯ