Ба гуфтаи хабарнигори бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки дар саҳна ҳозир буд, тирандозӣ нимарӯзи шанбе дар наздикии маҳали истиқомати Андрей Парубия рух дод.
Мақомоти интизомӣ эълон карданд, ки раиси пешини порлумон ҳамон лаҳза бар асари ҷароҳатҳо ҷон бохт ва ҳамлагар фирор кард.
Дафтари Додситони кулли Украина эълон кард, ки таҳқиқот дар бораи ин куштор оғоз шудааст ва ҳамлавар ба иттиҳоми "қатли барқасдона"-и ин сиёсатмадори шинохташудаи 54-сола, таҳти пайгард қарор дорад.
Манбаъҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки шахси ҳамлавар бо дучархаи барқӣ аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.
Владимир Зеленский,раисҷумҳури Украина бо ибрози тасаллият ба хонаводаи Парубия, ваъда додааст, ки аз ҳама имкониятҳо барои ошкор кардани ҳақиқат, истифода мекунад.
Ӯ дар паёми видеоӣ дар "Телеграм" гуфт, ки ин ҷиноят "бо диққат тарҳрезӣ шуда буд" ва таъкид кард, ки "ҳама талошҳо барои ёфтани омилони он анҷом мешавад".
Раисҷумҳури Украина афзуд, ки Хадамоти амнияти Украина дар ҳоли таҳқиқ аст ва вазифадор карда шудааст, то "маълумоти дақиқ ва тасдиқшударо ҳар чӣ зудтар дар ихтиёри умум қарор диҳад".
Парубия чеҳраи шинохташуда дар сиёсати Украина ва аз фаъолони аслии инқилоби солҳои 2013-2014 буд. Ӯ аз соли 2016 то 2019 раёсати порлумони Украинаро ба ӯҳда дошт.
Ӯ ҳамчунин аз моҳи феврали соли 2014 ба унвони дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина фаъолият мекард. Ин давра бо оғози даргириҳо дар шарқи Украина ва пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия, рост меояд.
Хабаргузории Бӣ-Бӣ-Сӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дод, ки либоси ронандаи дучарха, либоси ширкати интиқолдиҳандаи Glovo будааст.
Ин хабаргузории бритониёӣ ба нақл аз сухангӯи ширкати Glovo эълон кард, ки ин ширкат "аз ҷинояти ваҳшиёна сахт дар ҳайрат аст" ва бо муфаттишон комилан ҳамкорӣ хоҳад кард.
Давлатмардон ва раҳбарони сиёсии Украина аз Андрей Парубия ситоиш карданд.
Андрей Сибига, вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Парубияро ватандӯст ва сиёсамадоре хонд, ки дар дифоъ аз озодӣ, истиқлол ва ҳокимияти Украина саҳми калон дошт.
Бӣ-Бӣ-Сӣ гузориш дод, ки Петро Порошенко, раисҷумҳури пешини ин кишвар гуфт, ки қатли Парубия "тире ба қалби Украина" буд.
Ӯ дар "Телеграм" бо ишора ба талошҳои Парубия барои тақвияти артиши Украина гуфт, "Андрей марди бузург ва дӯсти воқеӣ буд. Ба ҳамин далел аст, ки онҳо ин интиқомро мегиранд, ба ҳамин далел аст, ки аз он метарсанд".
Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ончӣ метавон бо боварӣ гуфт, ин аст, ки ин девсифатон метарсанд ва ба ҳамин сабаб аст, ки ватандӯстони ҳақиқӣ ва афроди қавиро мекушанд".
Роберта Метсола, раиси Порлумони Аврупо дар сафҳаи Х навишт, "аз ин куштори даҳшатовар сахт ҳайратзада шудааст".
Сафири пешини Амрико дар Украина Ҷеффри Пятт, гуфт, Парубия "чеҳраи воқеан таърихӣ буд, ки дар бунёди Украинаи демократӣ ва аврупоӣ нақши ҳалкунанда бозид."
Гуфтугӯ