Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба ҷанги Фаластин поён дода шавад

Навори Ғазза, 21-уми сентябри 2024
Навори Ғазза, 21-уми сентябри 2024

Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Навори Ғазза, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилал хост, ки барои поён додан ба ин муноқиша чораҳои муассир биандешад.

Ӯ рӯзи 24-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт: "Дар робита ба масоили амниятӣ, мехоҳам таъкид намоям, ки буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи кишвари мо мебошад. Вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад."

"Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад. Умед дорем, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид," – афзуд ӯ.

Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябри имсол аз Қатъномае ҷонибдорӣ кард, ки берун рафтани нерӯҳои Исроилро аз Навори Ғазза талаб мекунад. Намояндаи Исроил, онро “нанговар” хонд. Амрико ва сездаҳ кишвари дигар ба монанди Аргентина, Чехия, Маҷористон (Венгрия) ва Парагвай ба зидди Қатънома раъй доданд.

Ҳоло ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва амалиёти нерӯҳои он дар Навори Ғазза идома дорад.

Ба иттилои Вазорати тандурустии “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, аз замони оғози ҷанг дар моҳи октябри соли гузашта то кунун бештар аз 50 ҳазор фаластинӣ ва аксаран занону кӯдакон дар Ғазза кушта шудаанд.

Ин ҷанг баъди он оғоз ёфт, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳамла карда, ҳудуди 1200 нафар, аксаран ғайринизомиёнро кушта ва беш аз 250 нафарро гаравгон гирифтанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Трамп бо Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 4 июн бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин сӯҳбат беш аз як соат давом кард, Радио Свобода навишт, ки дар борааш пешакӣ хабар надода буданд. Трамп дар шабакаи Truth Social баъдан навишт:

“Мо ҳамлаи Украина ба ҳавопаймоҳои мустақар дар пойгоҳҳои Русия ва дигар ҳамлаҳо аз ду тарафро баррасӣ кардем. Ин сӯҳбати хубе буд, вале оне набуд, ки ба сулҳи билофосила роҳ боз кунад. Президент Путин таъкид кард, ки бояд ба ин ҳамла посух диҳад”.

Трамп гуфт, ки бо Путин инчунин барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кардаанд ва Трамп гуфтааст, ки Эрон наметавонад соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Ӯ гуфт, ки Путин пешниҳод кардааст, ки метавонад дар музокира бо Эрон иштирок кунад. Трамп навишт, “шояд кӯмаки ӯ барои ҳалли зудтари масъала ёрӣ кунад”.

Сӯҳбати Трампу Путин баъди он барпо шуд, ки раҳбари Русия дар ҷаласаи ҳукумат дирӯз ишора кард, ки аз музокира бо президенти Украина Владимир Зеленский ва оташбас даст мекашад. Трамп ин гапҳои Путинро шарҳ надод.

Ёвари Путин Юрий Ушаков дар шарҳи сӯҳбатҳои Трампу президенти Русия гуфт, ки Украина хост ба музокира бо Маскав осеб расонад, вале Маскав «ба иғво дода нашуд».

Дар Вашингтон як ҳайате ба раҳбарии раиси дафтари президенти Украина Андрей Ермак қарор дорад ва дар талоши боло бурдани ҳаҷми ёриҳои ҳарбӣ ба Украина аз ҷониби ИМА ва сахттар кардани режими таҳримҳо бо Русия мебошад.

Дар Русия нисбати Таҳмина Самадова парвандаи нав боз карданд

Кумитаи тафтишотии Русия аз боз шудани парвандаи ҷиноятии нав нисбати Таҳмина Самадова хабар додааст.

Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон аст, ки чанд рӯз пеш ба додгоҳ барои гирифтани манзили туҳфашудааш, ки дертар аз дасташ гирифтанд, муроҷиат кард.

Дар хабарномаи Кумита гуфта шудааст, ки "тафтишот ин амали зан, яъне муроҷиат ба додгоҳро, як кӯшиши нав барои тасарруфи маблағҳои давлат бо роҳи қаллобӣ арзёбӣ мекунад".

Ба иттилои манбаъ, ҳоло нисбати ин зан барои "тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят" (қисми 3, моддаи 30 Кодекси ҷиноятии Русия), парванда боз кардааст.

Назари Таҳмина Самадова ба ин қазия маълум нест.

Мурофиаи аввали додгоҳии Таҳмина барои бозпас гирифтани манзили тӯҳфашуда охири моҳи май баргузор шуд ва ҷаласаи додгоҳии навбатӣ қарор аст моҳи июл баргузор шавад.

Дар Душанбе даҳ гӯштфурӯшро  ҷарима кардаанд

Мақомот мегӯянд, ки даҳ гӯштфурӯшро дар Душанбе барои "худсарона" боло бурдани нархи гӯшт дар остонаи Иди Қурбон, ҷарима бастанд.

Пулиси Душанбе гуфт, онҳо "аз ниёзмандии шаҳрвандон ва омадани Иди Қурбон сӯистифода карда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, худсарона нархи маҳсулоти гӯштро қимат кардаанд".

Назари худи фурӯшандаҳо маълум нест.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт, гурӯҳҳои корӣ рейду амалиёти санҷишӣ мегузаронанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо давоми як рӯз аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ 80-далели бе нархнома ва қимат фурухтани маҳсулоти гуногуни хурокворӣ муайян карда шуда, соҳибкорону фурӯшандагон барои ин корашон ҷарима шуданд.

Арманистон сохтмончиёни тоҷикро ба кор даъват мекунад  

Акс аз бойгонь.
Акс аз бойгонь.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи сохтмонро барои кор дар Еревани Арманистон даъват кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, сину соли коргар бояд аз 21 то 60 сол бошад. Корфармо коргарро бо ҷойи хобу асбобҳои корӣ таъмин мекунад ва музди меҳнат барои мутахассисони соҳаи сохтмон дар Ереван аз 1200 то 1800 доллари амрикоӣ дар як моҳ будааст.

Аммо либоси махсусу пойафзори корӣ ва хӯрок, ба ӯҳдаи худи коргар будааст. Ин талаботест, ки Хадамот маълумот додааст.

Дар гузашта кишварҳои корҷӯ аз коргарони тоҷик донистани забони русиву таҷрибаи корӣ, надоштани доғи судиву доштани диплом ё сертификат дар ин ё он соҳа ва баъзан ҳуҷҷати ронандагӣ талаб мекарданд.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони корӣ ба дигар кишварҳо боз шавад.

Даргузашти донишманди шинохтаи тоҷик Саидҷаъфар Қодирӣ

Донишманди шинохта ва физикдони маъруфи тоҷик Саидҷаъфар Қодирӣ рӯзи 4 июн дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздикони донишманд, маросими ҷанозаи ӯ, фардо, 5 июн баргузор мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сафҳаи "Фейсбук"-аш ба Ардашер Қодирӣ, Сафири Тоҷикистон дар Малайзия, даргузашти падараш Саидҷаъфар Қодириро тасаллият гуфт.

Саидҷаъфар Қодирӣ зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ (қаблан Москва) ва хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи ДДТ ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи куҳшиносии Маскав ба номи А.А. Скончинский буд.

Даҳҳо сол дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Саидҷаъфар Қодирӣ аз физикдонҳои шинохтаи кишвар буд, ки навишта ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифта буданд. Ӯ муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика буд, ки соли 1985 чоп шуда буд.

Аз Саидҷаъфар Қодири даҳҳо китобу рисола ва тарҷумаву мақолаҳо дар риштаи физика ва усули таълими он, ҳамчунин истилоҳшиносӣ, эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ, боқӣ мондааст.

Боздошти марди тоҷике дар ИМА бо гумони иртибот бо Ал-Қоида

Акси лаҳзаи боздошти марди тоҷикро Идораи муҳоҷирати Амрико дар сомонааш нашр кард
Акси лаҳзаи боздошти марди тоҷикро Идораи муҳоҷирати Амрико дар сомонааш нашр кард

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки як шаҳрванди Русия ва зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми иртибот бо Ал-Қоида дастгир кардаанд. Идораи муҳоҷирати Амрико рӯзи 3-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, марди 39-солаи тоҷикро дар ҳамкорӣ бо маъмурони амниятии FBI ва ё Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико субҳи 23-уми май дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилвания дастгир кардаанд.

Ному насаби мард нашр намешавад ва дар аксҳои лаҳзаи боздошт ҳам рӯи ӯро тира кардаанд, то шинохта нашавад. Дар баёния омадааст, ки ин фард дар хориҷ аз Амрико ва дар Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ будааст.

Брайан Макшейн, раиси дафтари Идораи муҳоҷирати Амрико дар Филаделфия гуфтааст: “Дар ҳамкории наздик бо шарикони мо дар Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико мо тадбирҳои муссир андешидем, то мардуми мо амнтар бошанд ва аз хатари эҳтимолӣ ба мардуми Амрико пешгирӣ шавад.”

Ҷавони боздоштшударо як дафъа моҳи марти соли 2023 ҳам барои надоштани раводиди муҳоҷират дастгир карда ва сипас бо шарти дигарбора ҳозир шудан ба додгоҳ ҷавоб додаанд. Дар баёния омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон ин фардро аввали ҳамин моҳ дар ҷустуҷӯ эълон карда гуфтанд, ки ӯ ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад.

Ӯ ҳамчунин ба узвият дар созмони Ал-Қоида гумонбар дониста шудааст. Айни замон ин зодаи Тоҷикистон дар боздошт будааст ва то замони ихроҷ дар аз Амрико онҷо мемонад.

Назари марди боздоштшуда ба иттиҳомҳои зидди ӯ маълум нест. Инчунин гуфта намешавад, ки дар сурати ихроҷ ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ё Русия.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун аз 10 то 16 ҳазор зодагони Тоҷикистон зиндагӣ ва асосан дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва хадамот фаъоланд. Дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия ҷамъияти тоҷикону тоҷикистониҳо бештар назар ба дигар минтақаҳои ИМА гуфта мешавад.

Июни соли 2024 хабари дастгир шудани ҳашт зодаи Тоҷикистон дар ИМА, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” гумонбар эълон шуданд, ба яке аз доғтарин хабарҳои расонаҳои Амрико дар мавзӯи хатари ҳамлаи террористӣ ва беназоратии сарҳади ИМА бо Мексика табдил шуд. Маълум нест гуноҳи онҳо то куҷо исботи худро пайдо кард ва сарнавишти баъдии онҳо чӣ шуд.

Баъди сари кор омадани президент Доналд Трамп, ки мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонуниро ба хотири пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар ИМА муҳим медонад, ҳодисаҳои ошкор ва аз хоки Амрико ихроҷ кардани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам нашр шуд. Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико моҳи феврал гуфт, номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.


Дар парлумони Тоҷикистон гуруҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис шуд

Рӯзи 4 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳо оид ба таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гуруҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Шуҳрат Ғанизода, Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар парлумони Тоҷикистон гуфт, ки «дар асоси моддаҳои 52 ва 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 105-119 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ, ҳуқуқ доранд дар фраксияву гуруҳҳо муттаҳид шаванд».

Дар хабар омадааст, амалӣ гардидани институти фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои вакилон «ба плюриализми сиёсӣ ва гуногунандешӣ шароит фароҳам оварда, нишонаи боэътимоди демократияи солим аст».

Ин бори аввал аст, ки дар парлумони Тоҷикистон як гуруҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис мешавад.

Парлумони Тоҷикистонро барои набуди гуногунандешии воқеӣ, ҳизбҳои оппозитсионӣ ва қабули қарору қонунҳо бидуни ба чолиш кашидани онҳо бо дастур аз боло интиқод мекунанд. Ҳеҷ як интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар солҳои охирро САҲА ва дигар нозирони байналмилалӣ мутобиқ бо меъёрҳои интихоботи озоду одилона арзёбӣ накардааст.

Мақоми чечен гуфт, Шепихин "рабуда не, боздошт шуд"

Истгоҳи роҳи оҳани Ярославский дар Маскав
Истгоҳи роҳи оҳани Ярославский дар Маскав

Як намояндаи мақомоти Чеченистон рӯзи 4 июн гуфт, ки Арег Шепихин, як блогере, ки дар бораи чеченҳову дини Ислом шарҳҳои тунде ба забон овардааст, “рабуда неву, боздошт шудааст”. Ҳодиса шоми сешанбе дар назди истгоҳи Роҳи оҳани Ярославский рух дод.

Чанд нафар Шепихинро дар миёни издиҳоми мардум боздошт намуда, дар пеши чашми муҳофизон зӯран ба бордони мошини сигналдоре андохта ба ҷои номаълум бурданд. Навори видеоии рабуда шудани ин мард дар чандин Телеграм-канал нашр шуд. Рӯзи 4 июн намояндагони мақомоти Чеченистон гуфтанд, ки блогер боздошт шуда буд.

Хабарнигорон менависанд, ки рақами мошин хоси кормандони сохторҳои ҳифзи қонун мебошад. Субҳи чоршанбе сомонаи Shot навишт, шаш нафаре, ки эҳтимолан дар рабоиши Шепихин иштирок карданд, озод шуданд.

Ин нафарон гӯё гуфтаанд, ки кормандони Росгвардия буда, як гумонбар дар содир кардани ҷиноятро боздошт карданд. Баъди сару садои зиёд дар шабакаҳо, вазири сиёсати миллии Чеченистон Аҳмад Дудаев дар Телеграм навишт, ки ВКД Чеченистон аз рӯи як қатор иттиҳомҳо Шепихинро бозпурсӣ мекунад.

Ӯ афзуд, Шепихин “рабуда неву бо дасти кормандони сохторҳои ҳифзи қонун, ки бо идораҳои дахлдори Маскав ҳамкорӣ мекунанд, боздошт шудааст”. Ӯ гуфт, Шепихинро бар асоси “муқаррароти тафтишотӣ” ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб хоҳанд кард. Дар куҷо будани Шепихин маълум нест, вале Baza бо такя ба маълумоти худ навишт, ки ӯро латукӯб ва маҷбур карданд, ки дар навори видеоӣ узрхоҳӣ кунад ва соатҳои 12 шаби 3 июн озод карданд.

Телеграм-канал ВЧК-ОГПУ гуфт, ки «блогер бо кӯмаки Кремл ва муовини аввали ФСБ Сергей Королев» озод карда шуд. Тасдиқи дурустии ин иттило дар даст нест. ВКД-и Русия ин хабарро шарҳ надодааст.

Дар гузашта сохторҳои ҳифзи қонуни Чеченистон чандин бор даст ба рабоиши онҳое задаанд, ки дар Чеченистон зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз ҷумла, бо чунин роҳ Седа Сулаймонова аз Петербург ва Зарема Мусоева аз Нижний Новгород рабуда шуда буданд.

Дар Тоҷикистон зардолу ночида мепусад - таҳқиқ

Дар Тоҷикистон бо сабаби камбуди нирӯи корӣ дар чидани ҳосили зардолу як мушкили ҷиддӣ эҷод шудааст. Сомонаи таҳқиқотии мавзӯъҳои кишоварзӣ east-fruit.com менависад, соли 2025 бисёр хоҷагиҳои мевапарвар дар ин кишвар бо камбуди нирӯи корӣ рӯбарӯ шудаанд, ва дар натиҷа, меваи дарахтон ночида мепусад.

“Талаби пардохти баландтар барои кор, тақвияти қурби сомонӣ ва афзоиши нархи барқ содироти меваву сабзавотро аз Тоҷикистон ва ҳам истеҳсоли меваи хушкро дар ин кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст”, омадааст дар ин таҳқиқот.

“Имсол баъзе анвои меваву сабзавотро аслан ҷамъоварӣ карда наметавонанд ва ин мушкили хеле ҷиддӣ барои кишвари кишоварзии Тоҷикистон аст”, мегӯяд мақолаи ин сомона. Аз ҷумла, ба ин мушкил кишоварзони вилояти Суғд таъкид кардаанд.

“Барои чидани ҳосили олболу, зардолуи тезпаз ва пиёз имсол бо камбуди шадиди нирӯи корӣ рӯбарӯ шудем”, гуфтааст як кишоварз. Дигаре гуфтааст. “бисёр сокинони маҳаллӣ аз даромад дар Тоҷикистон розӣ нестанд ва муҳоҷирати корӣ дар Русияро авлотар медонанд”.

Аз беш аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу дар вилояти Суғд ба ҳисоби миёна соле 100 ҳазор тонна ҳосил ба даст меояд.

Иттиҳоми панҷ нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистон дар фош кардани сирри давлатӣ дар Фаронса

Гумонбари зодаи Тоҷикистон дар гузашта дар қасри Елисейи президенти Фаронса ҳам кор кардааст
Гумонбари зодаи Тоҷикистон дар гузашта дар қасри Елисейи президенти Фаронса ҳам кор кардааст

Додгоҳе дар Фаронса панҷ нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро дар фош кардани сирри давлатӣ гумонбар эълон кардааст. Дар миёни гумонбарон як нафарашон собиқ ёвари президенти Фаронса Эммануэл Макрон мебошад.

Расонаҳои фаронсавӣ рӯзи 3 июн хабар доданд, ки дар як додгоҳи Париж рӯзи 24 май панҷ гумонбар дар фош кардани асрори давлатӣ ҳозир шуданд, як нафари онҳо зан мебошад. Се гумонбар собиқ низомиён буда, як нафарашон дар қасри Елисей кор кардааст.

Нашрияи фаронсавии La Depeche менависад, ки чор мард ва як зан дар дуздӣ, азонихудкунии ғайриқонунӣ, нашр ва фош кардани сирри давлатӣ дар соҳаи мудофеа, инчунин фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳӣ дар заминаи истеҳсоли маводи ҳарбӣ, силоҳ ва муҳимоти низомӣ гумонбар дониста мешаванд. Матбуоти фаронсавӣ мегӯяд, ки дар ин бора рӯзи сешанбе додситонии Париж хабар додааст.

Дар маркази парванда ширкате бо номи Archange Solutions Osint қарор дорад, ки онро як зодаи Тоҷикистон таъсис додааст. Додситонии Париж гуфтааст, ки ин панҷ нафар “дар ширкате кору фаъолият мекарданд, ки мегуфт, бо ҷосусии тиҷоратӣ ё иқтисодӣ машғул аст ва барои ин кораш аз иттилои махфие истифода кардааст, ки тавассути кормандони пешин ва амалкунандаи артиш ба даст меовард”.

Айни замон, айбдоркунандаҳо гуфтаанд, ки нигароние дар заминаи ин ки ширкат тавонистааст ба “кадом амалиёти ҳарбӣ ё саломатии инсонҳо осебе расонад”, вуҷуд надорад. Гумон меравад, ки фаъолияти ғайриқонунии ин ширкат бо Русия рабт доштааст, вале дар ин замина феълан иттилои бештаре дар дасти тафтишот нест, навиштааст нашрия.

Зодаи Тоҷикистон кист?

Бино ба маълумоте, ки додситонии Париж дар ихтиёри расонаҳо гузоштааст, муассис ва раҳбари ширкати Archange Solutions Osint марди зодаи Тоҷикистон бо номи Девид Б. мебошад. Ӯ соли 1991 ба дунё омада ҳоло шаҳрванди Фаронса мебошад. Дар саҳифаи Linkedin исми раиси ин ширкат Девид Ботсоев навишта шудааст.

Ширкати худро ӯ сентябри соли 2024 таъсис дода, гумонбари калидӣ дар ин гурӯҳ ба шумор меравад. Intelligence Online навиштааст, ки замоне Дэвид Б. дар қасри Елисей ҳам кор кардааст ва инро ду манбаи ошно бо парванда ҳам тасдиқ кардаанд.

Иттилои аз ин беш дар даст нест ва маълум нест, ки назари ӯ ба ин парванда чӣ мебошад.

Вакили дифоъ Антонин Гравелин-Родригес аз шарҳи қазия худдорӣ карда танҳо гуфтааст, ки «ин қазия воҳимабарангез менамояд… ва мо бегуноҳии гумонбаронро исбот мекунем».

Ба маълумоти расонаҳо, ҳеҷ як гумонбар ба ҳабс гирифта нашудааст ва феълан таҳти назорати додгоҳӣ қарор дорад.

Шаҳрдории Душанбе танҳо ба чор ширкати таксӣ иҷозаи кор дод

Ҳукумати Душанбе ба чор ширкати мусофиркашонӣ квота ё иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дода, шумораи таксиҳоро аз чор ҳазор ба 12 ҳазор боло бурдааст.

Дар санаде, ки рӯзи 2-юми июн аз ҷониби Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе имзо шудааст, ба ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дода шудааст, ки ҳар кадоме 3000 мошинро барои мусофиркашонӣ истифода кунанд.

Дар ин санад номе аз 9 ширкати дигари таксиронӣ, мисли “Рахш-таксӣ” ва “Талко-Персия” зикр нашудааст. Дар гузашта ронандагони ин ширкатҳо шикоят карда буданд, ки нозирони роҳ дигар ба онҳо иҷозаи кор намедиҳанд ва барояшон мегӯянд, бо ширкати “Эко-Таксӣ” шартномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба чор ширкати таксиронӣ, ки иҷозаи кор дар пойтахтро дарёфт кардаанд, дастур додааст, ки дар дохили мошинҳошон бо ҳадафи “таъмини бехатарии мусофирон” дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

Соҳибони чор ширкате, ки иҷозаи кор дарёфт кардаанд, маълум нестанд, вале баъзе манбаъҳо, аз ҷумла мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, мегӯянд, ҳамаи онҳо ба наздикони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ширкатҳои бозмонда аз муҷтамаи машҳури "Фароз" тааллуқ доранд.

Сарнавишти ширкатҳои дигаре, ки ҳаққи кор дар пойтахтро надоранд, маълум нест, ки чӣ мешавад.

Исроил ба Сурия ҳамла кард

Сурия пас аз ҳамлаи Исроил. Акс аз бойгонӣ.
Сурия пас аз ҳамлаи Исроил. Акс аз бойгонӣ.

Артиши Исроил мегӯяд, дар вокуниш ба партоби мушак аз Сурия ба хоки ин кишвар, ҳамлаҳоеро алайҳи ин кишвар анҷом додааст. Димишқ ин иддаои Телавивро рад кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", пас аз партоби мушакҳо аз Сурия ба тарафи Исроил, вазири дифои Исроил президенти муваққати Сурия Аҳмад Шаръро масъул донист.

Сурия мегӯяд, ки гузоришҳо дар мавриди ин ҳамла ҳанӯз тасдиқ нашудааст. То кунун маълум нест, ки чӣ кас ва ё чӣ гурӯҳе масъули партоби мушакҳо ба хоки Исроил будааст.

Вазорати корҳои хориҷии Сурия қаблан дар баёнияе эълон карда буд, ки гузоришҳо дар бораи партоби мушак ба тарафи Исроил ҳанӯз таъйид нашудааст ва Сурия ҳеч таҳдиде барои ҳеч тарафе дар минтақа эҷод накарда ва нахоҳад кард.

Ҳукумати муваққати Сурия ҳамчунон гуфтааст, ки ҳамлаи Исроил ба Даръо боиси хисороти ҷонӣ ва моддӣ шудааст.

Тарафҳо дар ҳоле ба якдигар ҳамла карданд, ки ахиран талошҳое барои коҳиши таниш байни Сурия ва Исроил сурат гирифтааст.

Русия дар 5 моҳ 26 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кардааст

Аз аввали моҳи январ то охири моҳи майи соли равон Русия наздики 26 ҳазор патент ё иҷозатномаи меҳнатии муҳоҷиронро бекор кардааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 се маротиба зиёд будааст. Миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо теъдоди онҳо гуфта нашудааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, "сабаби бекор шудани ин теъдод иҷозатнома, пешниҳод накардани маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ" мебошад.

Намояндагии вазорат дар Русия дар Телеграм-канали худ намунаи пешниҳод кардани маълумотнома дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо замима карда, роҳҳои пешниҳоди маълумот ба мақомоти марбутаро ишора кардааст.

Дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳармоҳаи он пардохт карда шавад, вагарна, шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳад.

Аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва садҳо муҳоҷирро бо ҳамин далел ихроҷ кардаанд.

Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷаи ин кишвар зиёда аз 123 миллирд рубл ворид кардаанд.

Хадамоти амнияти Украина гуфт, пояи шоҳсутуни кӯпруки Қримро тарконидаанд

Пули Қрим
Пули Қрим

Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки қисмати зериобии пояҳои шоҳсутуни пули Қримро мунфаҷир кардааст. Дар изҳороти ин хадамот рӯзи 3 июн инчунин навори видеоии таркиш нашр ва таъкид шудааст, ки ҳодиса субҳи сешанбе рух дод. Дар изҳорот омадааст, ки пояҳои зериобӣ дар бистари баҳр бо 1100 кг маводи тарканда осеб дода шуд. “Кӯпрук амалан дар ҳолати садамавӣ қарор дорад”, гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар соате, ки хабари Хадамоти амнияти Украина нашр шуд, ҳаракати нақлиёт аз болои кӯпрук ҳамоно идома дошт. Ин пулро Русия “Кӯпруки Керч” номида, он вилояти Краснодарро бо нимҷазираи ишғолшуади Қрим мепайвандад. Субҳ ҳаракат аз рӯи ин пул давоми се соат боздошта шуда, вале сабабаш номаълум буд. Одатан дар сурати хатари ҳамлаи паҳпод ваё мушакҳо ҳаракат аз рӯи ин пул манъ мешавад.

Ҷониби Украина гуфт, ки омодагӣ барои ин ҳамла давоми чандин моҳ ҷараён дошт.

Мақомот дар Русия ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки ин амалиёти сеюми бомуваффақият дар пули Қрим мебошад. Як ҳамлаи 8 октябри соли 2022, ки дар натиҷааш ду қисмати муҳими пул шикаста буд, сангинтарини онҳо дониста мешавад. Баъди он чанд моҳ лозим шуд, ки ин пул дубора барқарор шавад.

Пули Қримро баъди ишғоли он аз ҷониби Русия сохтанд. Мақомот дар Украина борҳо гуфтанд, ки ин сохтмон ғайриқонунӣ аст ва баъди ҳуҷуми Русия ба хоки ин кишвар дар соли 2022 гуфтанд, ин кӯпрук ҳадафи қонунии низомӣ дониста мешавад.

Раиси дастгоҳи президенти Украина ба Вашингтон рафт

Андрей Ермак. Акс соли 2024 дар Вашингтон гирифта шудааст
Андрей Ермак. Акс соли 2024 дар Вашингтон гирифта шудааст

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина субҳи 3 июн дар садри ҳайате вориди шаҳри Вашингтон шуд. Дар миёни мақомдорон вазири иқтисод Юлия Свириденко ва намояндагони вазорати дифоъ ва дафтари президент ҳастанд.

Худи Ермак дар Телеграм-каналаш навишт, ки музокираҳо бо мақомоти амрикоӣ доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла, тақвияти ёриҳои дифоии Украина, вазъи имрӯза дар ҷабҳа ва ҳам идомаи фишори таҳримҳо ба Русияро фаро мегиранд.

Ҷониби Украина мехоҳад ба баррасии тарҳи сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шавад, чун ӯ тарафдори ҷорӣ кардани таҳримҳои сангин ва то 500 дарсад зиёд кардани таъруфаҳо ба кишварҳое мебошад, ки алорағми таҳримҳои байналмилалии Русия, бо воридоти маҳсулоти нафтии ин кишвар машғул мебошанд.

Украина умедвор аст, ки ин санад дар сурати қабул шуданаш дар Конгресс ба ҳайси василаи сангини фишори иқтисодӣ болои Маскав хидмат хоҳад кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG