Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бар асоси натиҷаи қуръакашии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки 21-уми май дар шаҳри Сюрихи Швейтсария доир шуд, шомили гурӯҳи "F" гардида, муқобили тимҳои Сенегал, Хорватия ва Куба бозӣ мекунад.
Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни наврасони то 17-сола аз 19-уми ноябр то 13-уми декабр дар Қатар баргузор мешавад. Дар қаҳрамонии ҷаҳон 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст:
Гурӯҳи “А” – Қатар, Панама, Миср, Юнон;
Гурӯҳи “В” – Кореяи Ҷанубӣ, CAF 1, Каледонияи Нав, Эквадор;
Гурӯҳи “С” – Аргентина, Австралия, CAF 2, Дания;
Гурӯҳи “D” – Фаронса, Арабистони Саудӣ, Гаити, Уругвай;
Гурӯҳи “Е” – Италия, Ямайка, Кот-д'Ивуар, Узбекистон;
Гурӯҳи “F” – Сенегал, Хорватия, Куба, Тоҷикистон;
Гурӯҳи “G” – Мали, Зеландияи Нав, Белгия, Ветнам;
Гурӯҳи “Н” – Испания, Чин, Фиҷи, Марокаш;
Гурӯҳи “I” – Бразилия, Ирландия, Танзания, Коста-Рика;
Гурӯҳи “J” – ИМА, Черногория, Чили, Алҷазоир;
Гурӯҳи “К” – Мексика, Руминия, Камерун, Венесуэла;
Гурӯҳи “L” – Ҷопон, Колумбия, Сербистон, Гондурас.
Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Далер Каёсов моҳи майи имсол дар Арабистони Саудӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 бар дастаҳои Тайланд (2:0) ва Мянмар (1:0) пирӯз шуда, бозиро бо тими Саудӣ мусовӣ (5:5) кард.
Дар даври чорякниҳоӣ бошад, наврасони тоҷик аз мунтахаби Ҷопон (0:5) шикаст хӯрданд. Аммо ба бохт дар плей-офф нигоҳ накарда, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар Қатар гардид.