Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро дар Қирғизистон аз нигоҳи коршиносони тоҷик. ВИДЕО


Манзили Отамбоев пас аз боздошти ӯ дар рӯзи 9 августи соли 2019

Таҳаввулоти ахири Қирғизистон, ки дар пайи он, Алмосбек Отамбоев, собиқ раиси ҷумҳури ин кишвар боздошту ба маҳкама кашида шуд, дар Тоҷикистон миёни коршиносону таҳлилгарон вокунишҳои гуногунеро ба миён гузошт.

Зӯргӯиҳои лафзӣ байни ду президенти Қирғизистон, яке феълӣ ва дигаре собиқ ба амалиёти мусаллаҳона ва боздошти дувумӣ кашонид. Кишвар ба вартаи хатар наздик омад ва бозистод. Яке пирӯз гашт ва дувумӣ маҳбусе бо ояндаи норӯшан. Чаро чунин шуд ва пайомаду сабақҳои воқеа чӣ гуна хоҳанд буд?

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов, ҳаводиси ахирро натиҷаи амали худи Отамбоев медонад. Оқои Муллоҷонов рӯзи 9 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иштибоҳи Алмосбек Отамбоев ин буд, ки вориси худ -- Сооронбой Ҷеенбековро ба президентӣ расонд ва гумон дошт, ӯро истифода мекунад: “Отамбоев фикр мекард Ҷеенбеков нуфузи зиёд надорад ва зери таъсираш мемонад, аммо ин хел нашуд”.

Ба қавли ин сиёсатшиноси тоҷик, иштибоҳи дигари Отамбоев, ин буд, ки пойгоҳи иҷтимоии худро дуруст арзёбӣ накард ва гумон дошт, қисми зиёди аҳолӣ аз ӯ ҷонибдорӣ мекунад.

Парвиз Муллоҷонов таъкид намуд, рақобат миёни ду минтақаи Қирғизистон ба ҷараёни ҳодисаҳои ахири ин кишвар то андозае таъсиргузор аст: “Яъне Отамбоев аз шимол аст ва Ҷеебеков аз ҷануб, ин ҷо рақобати ду минтақа низ дар миён аст. Норозигие ҳам вуҷуд дорад, ки баъзе намояндагони шимол дар ин гумон ҳастанд, ки онҳоро оҳиста-оҳиста аз қудрат меронанд”.

Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки таҳаввулоти ахир дар Қирғизистон бозгӯкунандаи рушди сиёсии ҷомеа ва ҳам пешрафти қонунсолории он аст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, озодиҳои сиёсӣ буд, ки мардум талош кард, ба ҷонибдорӣ аз Отамбоев бархезад ва ӯро ба дасти мақомот надиҳад. Қодиров гуфт, далели дигари рушд ин аст, ки ҳукумат новобаста ба он ки ҷинояткор кист, кӯшиш кард, ӯро дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад: “Ин ҳама нишонаҳои пешравӣ, озодиҳои сиёсӣ аст, чунин ҳодиса дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ эҳтимоли рух доданашон қариб, ки нест. Ин як ишора аст ба дигар роҳбарони Осиёи Марказӣ аст, ки ҳар чӣ қадаре, ки диктатура зиёд набоша,д як рӯз не як рӯз он анҷом меёбад, агар имрӯз муносибат нисбати мардум сахт буд, пас фардо ҷавоб низ ҳамин гуна сахт мешавад. Ин бояд як дарси ибрат бошад барои онҳое, ки имрӯз дар кишварҳои пасошӯравӣ сари қудрат ҳастанд”.

Рашид Ғанӣ дар бораи боздошти раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Ба қавли Қодиров, Отамбоев қабл аз анҷоми мӯҳалти президентиаш хост, салоҳиятҳои зиёдеро ба сарвазир диҳад ва ният дошт бо сари қудрат овардани ҷойгузини худ дар оянда аз паси парда фаъолияти ӯро идора мекунаду бо ҳамин роҳ сари қудрат боқӣ мемонад, амммо ин талош "сари ӯро хӯрд".

Ин таҳлилгари тоҷик афзуд, рӯйдодҳои ахири Қирғизистон барои Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонад. Ӯ шарҳ дод, ки “ин метавонад як ишорае бошад, ки аз ҳамон хатти қирмизе, ки Шумо кашидаед, убур накунед, чун метавонад оқибати бад дошта бошад. Ин як ишора аст ва таъсираш ба ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳамин аст, ки Шумо ҳам қадаматонро дониста монед, Шумо ҳам рафторатонро идора карда тавонед”.

Қодиров меафзояд, Ҷеенбеков баъди ба курсии раисиҷумҳур нишастан, ба ҳарфи ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯш дода, сиёсати мустақилонаро пеш гирифт ва ҳоло дар муқоиса ба замони раҳбарии Отамбоев озодии сухан, вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст: “Ончӣ ки ҳоло дар Қирғизистон рух медиҳад, қадамҳои аввал барои сохтани як ҷомеаи озоду демократист”.

Аммо ба назари журналист, Сайёфи Мизроб, бархӯрд бо Отамбоев ноодилона сурат гирифт. Ӯ гуфт, Сооронбой Ҷеенбеков бо иқдомҳояш дар нисбати Отамбоев иштибоҳҳои зиёде кард, ки пайомадҳои нохуберо хоҳанд дошт: “Қабл аз он ки ба Отамбоев пурсиш сурат гирад, иммунитети ӯро бардоштанд ва ба ӯ паём фиристоданд, ки “мо туро ҳабс мекунем”.

Сайёфи Мизроб иброз дошт, ки Отамбоев дар тамоми Осиёи Марказӣ ягона раисиҷумҳуре буд, ки метавонист бар асоси сарқонуни кишвараш дар интихоботи дуюми президентӣ ҳам ширкат намуда, пирӯз шавад, лекин хост биравад ва исбот кунад, ки Қирғизистон ҷомеаи демократист: “Агар ӯ худкома ё коррупсионер мебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ ин корро намекард”.

Рӯбучини хонаи Отамбоев пас аз даргириҳои хунин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Дар Қирғизистон қаблан ҳам моҷарову инқилобҳое сар задааст, ки ба барканории президенту хунрезиҳо печида буд, аммо Сайёфи Мизроб мегӯяд, ҳодисаҳои ахир дар ин кишвар аз моҷароҳои пеш фарқ дорад ва эҳтимоли тӯлонӣ идома ёфтанаш ҳам аст: “Зеро дар ҳодисаҳои пеш мардум зидди президент мешӯрид ва ҳоло ду президент байни ҳам моҷаро доранд. Ин бархӯрд, фикр мекунам, тӯлонитар ва хунбортар мегардад, Худо кунад, ки фикри ман хато барояд”.

Ба назари Сайёфи Мирзоб, Отамбоев ҳанӯз ҳам дар Қирғизистон ҷонибдорони зиёде дорад, ки метавонанд аз ӯ ҳимоя кунанд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин аст, ки муборизаи шахсиятҳо танҳо зоҳири масъалаи Қирғизистон аст ва дар асл Сооронбой Ҷеенбеков мехоҳад, пояи давлатдориро дар ин кишвар устувор намояд ва қарорҳои Бишкеки расмӣ, ки на ҳамеша амалӣ мешаванд, дар тамоми қаламрави кишвар амалӣ гарданд: “Агар амиқтар назар кунем гомҳои президенти феълӣ барои устувории давлатдории Қирғизистонанд. Ӯ мехоҳад, мақомоти раёсати ҷумҳур қавӣ бошад ва ҳар гапе, ки мегӯяд, гапаш гузарад”.

Сайёфи Мизроб дар бораи таҳаввулоти Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр дахлнопазирӣ ва имтиёзҳо маҳрум кард. Отамбоев талош намуд, мушкилро бо кашидани пойи Владимир Путин, президенти Русия ба моҷаро ҳал кунад. Вале, зоҳиран Кремл бетарафиро интихоб намуд.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол - аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекард.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG